Саҳми насли наврас дар рушди Ӯзбекистони Нав

Ҷавонон ояндаи ҳар як кишвар, асоси тараққиёт ва рамзи умед ба фардои равшан мебошанд. Дар Ӯзбекистони Нав, ки роҳи инкишофи босуръат ва ислоҳоти амиқро пеш гирифтааст, нақши насли ҷавон муҳим аст. Имрӯз беш аз 60 фоизи аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин барои рушди босуръати Ватан имкониятҳои беохир фароҳам меоварад.

Асоси ҳар гуна тараққиёт таҳсил ва дониши баланд мебошад. Насли наврас имрӯз дар Ӯзбекистон имкониятҳои васеъ барои омӯзиш дорад: мактабҳои замонавӣ, коллеҷ, литсей, донишгоҳҳои мил-лӣ ва хориҷӣ. Ҳукумат лоиҳаҳои зиёдеро барои беҳгардонии низоми таълим амалӣ мекунад, грантҳо дар донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон пешниҳод мешаванд. Ҷавони имрӯза бояд аҳамияти таҳсилро дарк кунад. Илм ва дониш на танҳо калиди муваффақияти шахсӣ, балки восита барои хидмат ба Ватан мебошад. Ҳар як наврасе, ки илм меомӯзад ва дониши худро васеъ мекунад, дар ҳақиқат ба тараққиёти кишвар саҳм мегузорад.

Муҳим аст, ки ҷавонон на танҳо донишҳои назарӣ, балки малакаҳои амалӣ низ пайдо кунанд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, коркарди технологияҳои рақамӣ, ҷустуҷӯи доимии донишҳои нав ва омода будан ба дигаргуниҳои заминаи иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ – ин ҳама талаботи замони муосир маҳсуб мешаванд.

Солҳои охир дар Ӯзбекистон зиёда аз 70 муассисаи таълими олӣ фаъолияти худро оғоз намуданд, ки донишҷӯёни зиёде дар онҳо таҳсил мегиранд ва ҳазорҳо толибилмони дигар таҳсилгирандаи донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ҳастанд ва бо донишҳои омӯхтаи худ мехоҳанд, ки ба Ватан баргарданд ва онро обод кунанд. Ин нишонаи умед ба ояндаи дурахшон мебошад.

Соҳибкорони ҷавон – таконбахшандаи асосии иқтисодиёти муосир мебошанд. Солҳои охир дар Ӯзбекистон барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам гардид: раванди сабти номи  тиҷорат осон шуд, имтиёзҳои андоз пешниҳод мегарданд, соҳибкорони ҷавон дастгирӣ карда мешаванд.

Ташаббускорӣ ва эҷодкорӣ – сифатҳое ҳастанд, ки барои ҷавонони имрӯза хеле муҳиманд. Бисёр ҷавонон корхонаҳои хурд месозанд, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, савдо, хидматрасонӣ, саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳоти ҷамъият машғул мешаванд. Онҳо на танҳо барои худ ҷойҳои корӣ эҷод мекунанд, балки барои дигарон низ имкониятҳои нав фароҳам меоваранд. Стартапҳои ҷавонон – дар соҳаҳои гуногун, аз IT то кишоварзии органикӣ, аз бизнеси экологӣ то хидматрасонии рақамӣ – далели он ҳастанд, ки насли наврас омодаанд то масъулияти инкишофи иқтисодии кишварро ба дӯш гиранд. Бисёр аз ин лоиҳаҳо на танҳо дар даруни кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ шинохта шудаанд.

Дар асри технологияҳои рақамӣ ҷавонони пешсаф технологияҳои муосиру барномасозиро зуд меомӯзанд, платформаҳои рақамӣ эҷод мекунанд ва ба рақамикунонии иқтисодиёти Ӯзбекистон мусоидат менамоянд.

Саҳми насли наврас ба рушди Ӯзбекистони Нав танҳо бо таълим ва иқтисодиёт маҳдуд намешавад. Комёбиҳои ҷавонон дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва варзиш низ зиёданд. Адибон ва шоирони ҷавон, мусиқидонон, рассомон, санъаткорони театр ва кино бо осори худ фарҳанги миллиро ғанӣ мегардонанд ва онро дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруф месозанд. Варзишгарони ҷавони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, Бозиҳои Осиё ва олимпӣ Ӯзбекистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Ҳар як медал, ки ба даст меоянд, на танҳо муваффақияти шахсӣ, балки ифтихори миллӣ, нишонаи қодир будани ҷавонони мо ба дастовардҳои бузурганд.

Ҷавонони эҷодкор дар рушди саноати ҷаҳонгардӣ, таблиғи диёр дар ҷаҳон, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва расонидани он ба насли оянда саҳми бузург мегузоранд. Онҳо бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, торнома, каналҳои иҷтимоӣ анъанаҳои мил-лӣ ва фарҳанги ғании Ӯзбекистони Навро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Яке аз нишонаҳои баланди маданияти ҷамъиятӣ – фаъолияти ихтиёрӣ ва хидмат ба одамон мебошад. Ҷавонони Ӯзбекистон бештар ба ташкилотҳои волонтёрӣ ҳамроҳ мешаванд, дар лоиҳаҳои хайрия иштирок мекунанд, ба одамони ниёзманд ёрӣ мерасонанд. Хидмати ихтиёрӣ дар соҳаҳои гуногун – кӯмак ба калонсолон, нигоҳубини муҳити зист, ёрӣ ба атфол, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, таълими забон ё компутер ба онҳое, ки ниёз доранд – ҳамаи ин намудҳои фаъолияти ҷавонон барои манфиати ҷамъият мебошанд. Ҷавононе, ки дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, малакаҳои роҳбарӣ, кор дар гурӯҳ пайдо мекунанд. Онҳо ҷамъиятро беҳтар мефаҳманд, масъалаҳои онро медонанд ва мехоҳанд, ки дар ҳалли онҳо саҳм гузоранд. Ин фаъолият на танҳо ба ҷамъият, балки ба худи ҷавонон низ фоида меоварад.

Ҷавонони имрӯза волидони фардо ҳастанд. Онҳо фарзандони худро тарбия мекунанд, ба онҳо чӣ хел арзишҳоро меомӯзанд – ин ояндаи Ӯзбекистонро муайян мекунад. Ҷавоне, ки худаш хуб омӯхта меҳнаткаш, ватандӯст ва дорои фазилатҳои ахлоқӣ аст, фарзандони худро ҳам дар ҳамин рӯҳ парвариш медиҳад.

Баъзе ҷавонон ба масъалаҳои бекорӣ рӯ ба рӯ мешаванд, баъзеҳо на ҳамеша метавонанд таҳсилоти босифат гиранд, баъзеҳо барои оғози кор ё бизнес таҷрибаи кофӣ надоранд. Муҳим аст, ки ҷамъият ва давлат ҷавононро дастгирӣ кунад: барномаҳои омӯзишӣ ва маҳоратафзоӣ ташкил намояд, кредитҳои хурд барои тиҷорат пешниҳод намояд. Ҷавонон аз одатҳои зараровар чун бозиҳои компутерӣ, сарфи бефоидаи вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд дурӣ ҷӯянд. Ҳаёти солим, машғулиятҳои варзишӣ, хондани китоб, фаъолияти эҷодӣ – инҳо роҳи ҳақиқии инкишофи шахсӣ ва саҳмгузорӣ ба пешрафти ҷамъият мебошанд.

Бо як сухан, ҳар як ҷавоне, ки аз таҳти дил дарс мехонад, ҳар соҳибкоре, ки корхонаи нав месозад, ҳар барномасозе, ки барномаи инноватсионӣ эҷод мекунад, ҳар варзишгаре, ки медал мегирад ва ҳар волонтёре, ки ба одамон ёрӣ мерасонад, дар сохтани Ӯзбекистони Нав саҳм доранд.
Фарида ШОЙМАРДОНОВА, омӯзгори тоифаи олии мактаби ҳамагонии рақами 53-юми ноҳияи Олтинсойи. вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: