Дар доираи маросими имзои Оинномаи Шӯрои сулҳ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Венгрия Виктор Орбан баргузор гардид.
Роҳбарон дар фазои дӯстона масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Ба дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ, диққати махсус дода шуд.