Барномаи пешрафт ва бунёдкорӣ

  • Барномаи пешрафт ва бунёдкорӣ
  • Барномаи пешрафт ва бунёдкорӣ

Барои халқ баъди нон аз ҳама муҳимаш мактаб аст. Ҷорҷ Дантон

Оре, бе маърифату бе саводу дониши кофӣ ягон давлату мамлакат рушду нумӯъ нахоҳад кард. Таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими насли наврас меҳвари фаъолияти ҳукумати Ӯзбекистони Нав, таваҷҷуҳи пайвастаи сарвари давлатамон қарор дошт ва хоҳад монд.

Сӯҳбати мо бо сардори Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд Музаффар ҲАМДАМОВ роҷеъ ба таълим ва вазифаҳои асосии маорифчиён ба вуқӯъ пайваст.

– Дар Паёми пурмазмун ва пурмӯҳтавои сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон дар баробари дигар масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ сари масъалаҳои такмилу баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқи ҷомеа ба таври махсус таъкид ёфт, – иброз дошт Музаффар Яздонқулович, – инчунин дар Стратегияи «Ӯзбекистони Нав – 2030» низ рушди маорифи кишвар дар асоси таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ба назар гирифта шудааст.

 – Ба фикри шумо, дар ин ҷода кадом амалҳоро метавон сараввал ба анҷом расонд?

– Тақвияти нерӯи фикрии омӯзгорони ҳамаи зинаи таҳсилот ба таври доимӣ тавассути такмили ихтисос, иштирок дар озмунҳои «Омӯзгори беҳтарини сол», олимпиадаҳои фаннӣ, коркарди барномаҳои мақсадноки омӯзишӣ вобаста ба таҳсилот,таъминот бо асбобҳои айёнӣ, сомонаҳои интерактив, ҷалби мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ, кам намудани коғазбозӣ, таъмини мустақилияти роҳбарони мактабҳо ва ғайра мебошанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳоло дар вилояти Самарқанд як ҳазору 275 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 55 ғайридавлатӣ арзи вуҷуд дошта, дар онҳо қариб 780 ҳазор нафар толибилмон таҳсил мегиранд, ба онҳо беш аз 61 ҳазору 800 нафар омӯзгорон аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд. Ин рақам дар муқоиса нисбат ба соли 2024-ум 3,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта аз 50 ҳазору 284 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ 13 ҳазору 499 нафар (27 фоиз) ба донишгоҳҳои давлатӣ қабул шуданд.

– Сабаб, яъне калиди пешравӣ дар чист?

– Афзоиши фарогирии ҳудудии сифати таҳсилот ба мақсади кам кардани нобоварӣ ва нобаробарӣ, зиёд кардани самаранокӣ ва шавқмандии омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таҳсилотӣ, дар чорчӯбаи қонун корбарӣ намудан, ҳамкорӣ бо волидону маҳалла, макони зисти толибилмон ва ғайра мебошанд. Боз як навиди ҷолиби диққат он аст, ки танҳо соли гузашта бо дастгирии бевоситаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар 135 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят 135 синфхонаи васеъ, хушҳаво ва замонавии компютерӣ ташкил ёфта, бо тахтаҳои электронӣ таъмин гардиданд.

 Роҳбарони мактабҳо дар курсҳои менеҷмент таҳсил ва сертификат гирифтаанд.

– Ба фикри шахсии ман, ки бо тақозои касби журналистӣ дар бисёр мактабҳо рафтуо дорам, дидаам, мушоҳида кардаам, онҳое, ки ба насли наврас таълиму тарбия медиҳанд, ҳамаашон ҳам ба номи мӯътабари муаллим муносиб нестанд. Шоири мо Носири Хусрав байте дорад:

Ҳар он касро, ки бошад роҳбар бум,

Набинад ҷуз ки вайронӣ бари бум!

Агар далели раднопазир лозим бошад...

– Не-не! Он чӣ аён аст, чӣ ҳоҷати баён аст, мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Ба маълумоти шумо расонам, ки устухони ман бо нони ҳалолу покизаи муаллимӣ сахт шудааст. Раҳматӣ падари бузургворам Яздонқул Ҳамдамов фаъолияти меҳнатро аз омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз намуда, то дараҷаи мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Тайлоқ расида буданд. Қиблагоҳам ҳамеша мегуфтанд, ки дар масъалаи таълиму тарбия, аз ҳама муҳим – муаллим, тафаккуру ҷаҳонбинии ӯ, дараҷаи илму дониш ва албатта, муносибаташ ба шогирдон мебошад. Охир тарбиядиҳанда худ ботарбия бошад, тарбиягиранда ҳам дорои  тарбияву ахлоқу одоб мешавад-дия! Деҳқон гандум кишт намуда, ҷав намегирад. Боз шумо медонед, ки биринҷ бе курмак намешавад. Бо тадриҷ, дар асоси талаботи замон мактабҳо ва кӯдакистон, яъне муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос таъмин хоҳанд шуд.

– Тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ ва маълумоти оморӣ хабардор ҳастем, ки дар масъалаи таълими томактабӣ  дар садорати шумо низ комёбиҳо назаррасанд...

 – Аз ҳаракат – баракат. Ҳоло дар вилояти Самарқанд 780 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ ва чаҳор ҳазору 158 муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ, яъне хусусӣ мавҷуд буда, қариб 300 ҳазор нафар кӯдаконро фаро гирифтааст. Дар кӯдакистон барои ба замона хос таълиму тарбия додан шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Насли наврас аз айёми бачагӣ забонҳои хориҷӣ меомӯзанд, бо олами мусиқӣ шинос мешаванд, расм мекашанд ва бо варзиш машғул мешаванд. Чанде пеш дар шаҳри Самарқанд мусобиқаи шатранҷбозон баргузор гардид ва аз муассисаҳои томактабӣ низ писаракону духтаракон болои тахтаи шоҳмот мӯҳра ронда, мухлисонро дар ҳайрат гузоштаанд.

 Ба маълумоти шумо расонам, ки дар асоси қарори Президенти мамлакат дар кӯдакистон низ маҳфили шоҳмот амал мекунад.

Камина ҳамчун ноиб-раиси федератсияи шоҳмоти вилоят ба ин намуди варзиши шавқангез диққату эътибори махсус медиҳам.

– Агар фурсату имкониятҳои истироҳату фароғат фаро расад, бо чӣ корҳо машғул мешавед?

– «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гӯён адабиёти бадеиро варақ мезанам, дар замини назди ҳавлӣ мисли раҳматӣ падарам бо деҳқонӣ ва боғбонӣ машғул мешавам. Охир, самараи меҳнати ҷисмониро дидан лаззатбахш аст. Воқеан, ҳар гоҳ дар мактабҳои соҳиби минтақаи замини корам ва боғу токзор дошта равам,, албатта бо комёбиҳои деҳқону боғбони ҷавон шинос мешавам, аз рӯи имконият ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ рағбатнок месозам.

Инчунин ба китобхонаҳои таълимгоҳ сар халонда,ҷевони китобҳоро аз назар мегузаронам, барои ғанӣ шудани онҳо ба масъулон супориш медиҳам.

– Хеле олӣ, вале дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии онҳо ба забони тоҷикӣ асарҳо ба забони модарии толибилмон хеле кам аст...

– Ин муаммо ҳаллу фасл ёфта истодаанд. Бо Вазорати таълими халқи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ баста, дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз аз нашриётҳои Душанбешаҳр асарҳои гуногуни бадеӣ ба забони тоҷикӣ ирсол хоҳад ёфт. Умедворӣ дорем, ки дар тадбирҳои тақсимкунӣ шумо низ иштирок карда, барои  «Овози тоҷик» хабар менависед.

– Дар мусоҳибаи  имрӯзаи мо боз чӣ илова доред?

– Аз фурсат истифода бурда, ба мардуми Ӯзбекистони Нав осмони мусаффо, рӯзгори пурбаракат, осоиштагӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам!

Мусоҳиб Зоҳир Ҳасанзода, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: