Мақсади асосӣ – хидмати беминнат ба мардум

Ҳар субҳ вай пеш аз ношто сару бари маҳалларо як давр зада мебарояд. Имрӯз низ ҳамон одаташро такрор кард. Аммо ба кӯчаи роҳаш ду рӯз пеш мумфаршшуда даромаду ҳуш аз сараш парид.

 Ба чашмонаш бовар намекард: назди дарвозаи яке аз ҳавлиҳои ин кӯча як мошин шағал рехтаанд. Рафту дарвозаро таққос зад. Аввал аз паси дарвоза овози сурфа ба гӯшаш расид. Баъд дарвоза ғиҷирросзанон кушода шуду ҷавонмарди ҷомапӯше аз ҳавлӣ берун шуд.

– Ин чӣ корат? Охир, ба ҳама эълон карда будам, ки то дуруст шах шудани ин роҳ касе бо мошини бораш вазнин ба ин кӯча надарояд! Ё ин гапҳо ба ту дахл надошт, ки як мошин шағалу сангрезаро болои роҳи нав мумфаршшуда оварда холӣ кардаӣ!? Маълум, ки ақлу фаросатат дар ҷояш нест, – даст афшонда ба ин ҷавонмард хитоб кард ӯ.

– Раисҷон, худам ҳам бехабар мондаам. Чанд рӯз пеш ба ронандаи маҳаллаи ҳамсоя як мошин шағал фармоиш дода будам, ки пеши суфраро бетон резам. Дирӯз аз кор биёям, ронанда ин шағалро оварда холӣ кардааст. Хайрият, ба ягон ҷои роҳ зарар нарасидааст, – пушти сар хор-хорон намедонист худро чӣ хел сафед кунад.

– Бо сад машаққат ба мумфарш кардани ин кӯчае, ки ту зиндагӣ мекунӣ, муваффақ шудем. Як соли дароз ҳаракат кардем, медонӣ? Худоро шукр, ки ҳаракатҳоямон зоеъ нарафт.Худи ҳамин рӯз бародаронатро хабар куну шағалро зуд аз кӯча ба ҳавлиат кашон, дар акси ҳол аз худат гила кун, – гуфт вай бо ҳамон лаҳни пештара.

Боз чанд кӯчаи дигарро низ ба ҳамин минвол чарх зада баромаду аз озодагии он ва нашъунамои дарахтони арчаҳои сари роҳ табъаш хуш шуд. Рафта-равон бо ину он сокини маҳалла, ки дар ин субҳгоҳон рӯ ба рӯ меомаданд, кӯтоҳ аҳволпурсӣ карда ба хона баргашт. Ҳамсараш то омадани ӯ бо шири нав дӯшидааш як ширбиринҷ пухта буд, ки вай онро бо иштиҳо нӯши ҷон кард. Сонӣ ба соати телефон разм андохт.

– Касе ба суроғам-ку наомад? – пурсид аз ҳамсараш, ки либосҳои ӯро омода мекард.

– Не, дадаш. Аммо занги телефонатон як бор баланд шуд, вале надонистам вай кӣ буд, – гуфт ҳамсараш телефони ҳамроҳии ӯро ба дасташ дода.

– Хайр, дар ин рӯзҳо чанд корафтода ба ман занг мезананд, – гуфту либосҳои омодакардаи ҳамсарашро пӯшида, азми кор намуд.

Дар назди дафтари корӣ аллакай чанд нафар вайро мунтазир буданд. Кадоме дар бораи тӯйи арӯсии писараш бо вай машварат карданӣ, кадоме барои гирифтани субсидия маълумотнома мехост, кадоме аз келини қаҳркардааш шикоят дошт...

***

Юнусҷон Аминҷонов дар ноҳия аз зумраи он раисоне мебошад, ки дар байни мардум обрӯву эътибор пайдо кардаанд. Ӯро ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев ва раиси Иттиҳодияи маҳаллаҳои ноҳия Қосимҷон Ҳайдаров низ доим дар ҷамъомадҳо таърифу тавсиф мекунанд ва аз дигарон даъват менамоянд, ки нисбати мардуми худ ҷонсӯз ва мисли вай дар кору вазифа масъулиятшинос бошанд.

Албатта, чунин муваффақиятҳо ҳаргиз барояш ба осонӣ даст надодааст. Худи вай ҷавони фурӯтану дидадарост. Бо мардум ба забони нарму меҳрубонӣ суҳбат мекунад, аз шодияшон шоду мамнун мегардад ва дар мусибаташон шарику ҳамдарди онҳост.

Дарвоқеъ, боре иттифоқ афтод, ки дар маросими кушодашавии варзишгоҳи наву замонавӣ иштирок кунам, ки дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақир ба вуқӯъ пайваст. Ин варзишгоҳ дар доираи барномаи «Рушди инфрасохтори деҳот»–и Бонки ҷаҳонӣ сохтаву мавриди истифода қарор мегирад. Арзиши лоиҳа 710 миллион сӯмро ташкил мекард.

Баъди анҷоми маросим бо Аминҷонов аз ҳар боб суҳбат кардем. Вай дар оғози суҳбатамон аз он ёдовар шуд, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақир моҳи январи соли 1997 таъсис гардида, масоҳати умумии он 47,6 гектар мебошад. Дар қаламрави он 2700 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва онҳо дар 750 оила муттаҳид шудаанд. Аз ҷамъи аҳолӣ дастикам 700 нафарро ҷавонони синни 14-30-сола, 316 нафарро нафақахӯрон ташкил мекунанд.

Ба гуфтаи раис аҳолӣ асосан ба боғпарварӣ, чорводорӣ ва кишту парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғуланд ва аз ҳамин ҳисоб зиндагии худро таъмин мекунанд. 37 нафар аз теъдоди қобили меҳнат дар Русия ва мамолики дигари дуру наздик ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Аз ин шумор 29 нафарро ҷавонон ва 8 нафарро занону духтарон ташкил мекунад.

– 7 оилаи бесаробон, 1 нафар шахси яккаву танҳо, 82 нафар маълули гурӯҳҳои 1,2,3-юм ҳамеша мавриди назорати кормандонамон ва вакилони ташкилотҳои марбута қарор доранд. Ба «Дафтари занҳо» 75 нафар ва ба «Дафтари ҷавонон» 8 нафар шомиланд, ки бо сайъ ва эҳтимоми ҳафтгонаи маҳаллаамон сол аз сол теъдодашон аз 1,5 то 2 фоиз коҳиш меёбад. Шумори оилаҳое, ки ба «Реестри ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ» дароварда шудаанд, 118-то ва оилаҳои шомили «Реестри оилаҳои камбизоат» 122-торо ташкил медиҳанд, – гуфт Юнусҷон.

***

Аз фориғуттаҳсилони се мактаби ҷамоат дар ҳамин ҳол 31 нафар дар факултаҳои гуногуни макотиби олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 16 нафарашон имсол соҳиби дипломи бакалаврӣ хоҳанд шуд. Инчунин 11 субъекти соҳибкорӣ фаъолият мекунанд, ки аз дӯконҳои савдо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дорухона, сартарошхона ва ҳаммом иборатанд.

– Дар ҷамоати мо ҳамзамон 1 хоҷагии фермерӣ ва 11 хоҷагии деҳқонӣ машғули фаъолият мебошанд, ки дар худ ҳудуди 45 нафар коргарони доимиву мавсимиро бо шуғл таъмин кардаанд. Гузашта аз ин, дар идораву ташкилотҳои гуногуни ноҳия аз сокинони маҳаллаи мо дар мақомҳои гуногун ифои вазифа менамоянд, ки ифтихори мо ҳастанд, – мегӯяд раис.

Пурсидам, ки корҳои ободу зебо гардонидани маҳалларо чӣ тавр арзёбӣ мекунад.

– Аз 20 километр роҳҳои дохилии маҳаллаамон 18,4 километрро мумфарш кардем. 1,6 километри боқимондааш бетонрезӣ шуд. Як километр роҳрави саломатӣ сохтем, ки одамон барои пиёдарав аз он истифода мебаранд. Ҳар як кӯча намои зеборо касб намудааст ва ин аз шарофати сиёсати хирадмандонаи Президент Шавкат Мирзиёев мебошад. Кӣ гумон мекард, ки ҳатто кӯчаву паскӯчаҳои чунин деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ имрӯз чӣ намои тоза гирифтаасту ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст, – иброз дошт раиси ҷамоат.

Вай афзуд, ки ҳамаи панҷ трансформатор ба наваш иваз карда шуд. Тақрибан 440 симчӯби пештараро бо пояҳои симинтӣ табдил доданд. Аммо ҳоло боз 95 симчӯб бояд бо симинтии он иваз карда шавад.

– Таъмин бо оби ошомиданӣ дар ҳама рустҳо масъалаи асосӣ ба шумор меравад. Дар шумо-чӣ?

– Рости гап, дар ин масъала баъзе камбудиҳо ҷой доранд, аммо ман фикр мекунам, ки дар давоми соли равон мо ба лӯлаҳои барои 490 хонавода муқарраршуда, ки дар маҳалла кашида шудааст, об сар медиҳем. Ҳоло танҳо 70 хонаводаи маҳаллаи Қақир аз оби водопровод истифода мебарад. Ба ҳамин далел дар ҳар як ҳавлии сокинони маҳалла ҳавзи оби ошомиданӣ кофта шудааст ва он аз оби канал, ки тавассути насос аз дарё кашида мешавад, пур карда мешавад, – изҳор намуд раиси ҷамоати шаҳрвандон.

Вай дар идомаи суҳбат бо афсӯс ёдовар шуд, оби чашмае, ки ҳазорҳо сол аз болои деҳ ҷорӣ мешуд, соли 2013, бар асари як низоъ аз тарафи ҳамсояҳои қирғиз масдуд гардид ва мардуми се ҷамоати шаҳрвандон – Ҳушёр, Себзор ва Қақир, инчунин деҳаи Қизилқиёқ аз ҳамон сол аз оби нӯшокии табиӣ маҳрум карда шуданд. Давлат дар ивази 4 миллиарду 200 миллион сӯм тавассути лӯлаҳои бузург як қисми оби каналро ба болои деҳа партофт ва мардум аз оби он ҳам барои обёрии киштазорҳову боғҳо ва истеъмол истифода мебаранд. Дар масъалаи таъмин бо гази табиӣ маълум шуд, ки ҳанӯз ин кор амалӣ нашудааст ва барои ҳамин 560 хонаводаи маҳалла дар ҳар 35 рӯз бо балонҳои гази моеъшуда тамин карда мешаванд. Ба таври илова метавон зикр намуд, ки обравҳои ду самти роҳи калоне, ки аз байни маҳалла убур менамояд, бо маблағи «Опен-буҷа» куллан аз нав сохта шудааст.

***
– Тарзи корбарии шурои маҳалла ва комиссияҳои доимиро чӣ гуна тавзеҳ додан мумкин аст?

– Аъзои шӯрои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаамон аз 17 нафар иборат аст. Ҳар як узви  ин шуро аз рӯи нақшаи умумӣ кори худро пеш мебарад. Гузашта аз ин, дар ҷамоати мо комиссияҳои доимии мустаҳкам намудани қадриятҳои оилавӣ, кор бо занону духтарон, назорати пуштибонӣ аз ҳимояи иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва ободу сабзгардонӣ фаъолият мекунанд, – посух медиҳад раис Юнусҷон. Ӯ таъкид варзид, ки кор бо оилаҳои ҷавон, оилаҳое, ки вазъияташон ногувор мебошад ва дар вартаи парокандагӣ қарор доранд, самараҳои неки худро ба бор меоварад. Дар ин замина метавон гуфт, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақир дар байни ҷамоатҳои шаҳрвандони ноҳияи Сӯх яке аз ҷойҳои намунавиро ишғол мекунад.

Ногуфта намонад, ки Аминҷонов яке аз ҷавонтарин раисони маҳаллаҳои ноҳия аст. Вай мегӯяд, ҳарчанд соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошад ва дар арафаи хатми донишгоҳ қарор дорад, аммо тӯли даҳ соли охир ба сифати раиси маҳалла таҷрибаи кофӣ ҳосил намудааст ва инро бошандагони маҳалла низ бо камоли майл эътироф менамоянд. Гуфта мешавад, ҳатто дар интихоботи ахир ҳама дастаҷамъона танҳо аз номзадии ӯ ҷонибдорӣ карданд ва ӯро раиси худ пазируфтаанд.

Ҳоло ҳафтгонаи маҳалла – ёвари ҳокими ноҳия Беҳруз Обидҷонов, фаъоли занону духтарон Саодат Умарова, пешвои ҷавонон Абдурашид Фаёзиддинов, инспектори профилактикӣ Додоэрка Эркаев, ходими ҳифзи иҷтимоӣ Фурқатҷон Мирзоаминов ва инспектори андоз Абдусамат Абдусаматов таҳти раёсати раиси маҳалла Юнусҷон Аминҷонов вазифаи бар дӯш доштаашонро бо садоқати том анҷом дода, сазовори эҳтироми мардум гаштаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: