Шод кардани як дил беҳтар аст аз обод кардани сад масҷид

Зодаи деҳаи Сӯфиёни ҷамоати шаҳрвандони «Боғиафзал»-и ноҳияи Шофиркон Саъдулло Раҳимовро хуб мешиносам. Ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 16 ба номи Ойбек, соли 1980 ба хидмати ҳарбӣ рафт. Баъд солҳои тӯлонӣ дар соҳаи сохтмон кор карда, ба нафақа баромад. Ҳамроҳи ҳамсараш Ҷамила Ӯринова панҷ духтару як писарро ба воя расонда хононд, онҳоро соҳиби оила, дару хона намуд. Ҳоло соҳиби 4 набера буда, баҳри тарбияи муносиб гирифтани эшон саҳм мегузоранд.

Некию накукорӣ, хидмати софдилона баҳри ободии ёру диёр, хоксорию қаноатпешагӣ барои аҳли хонадон мафҳумҳои одӣ нестанд. Эҳсоси некбинию шукронагӣ ба эшон аз бобою бибиҳояшон мерос мондааст. Саъдулло ва ҳамсараш ният доштанд, ки чун баъзе ҳамдиёрон ба зиёрати Каъба раванд. Аз ин рӯ, ду сол боз барои сафари умра омодагӣ медиданд. Азбаски ҳавлии онҳо дар канори канали бетонфарш воқеъ буду пули он роҳҳои мумфарши ду тарафи рӯдро бо ҳам мепайваст, чанд муддат аст, ки ҳолати хароб дошт ва боиси ташвиши роҳгузарони савораву пиёда гардида буд. Ҳар боре, ки Саъдулло ин вазъиятро медид, дилаш таҳ кашида, ба дарёи андеша фурӯ мерафт. Рӯзе вай ҳангоми якҷоя будани аҳли хонадон дар атрофи дасторхон аз хусуси аҳамияти амалҳои нек, фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ сухан кушод, арзиши баланд доштани саховат,  эҳсон, ҳимматбаландиро бо мисолҳои раднопазири ҳаётӣ ва таърихӣ таъкид кард. Онҳоеро, ки барои манфиати дигарон ранҷу заҳмат кашида, мушкилкушо шудаанд, мардум ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Дуои мардум аз ҳар гуна мукофот, ному мартаба болотар аст. Инсон фақат бо амалҳои нек, корҳои савоб метавонад ба ин сазовор шавад, гуфт вай ва лаҳзае таваққуф намуд. Ҳозирон пайхас карда буданд, ки сарвари хонадон муддаое дорад, аз ин рӯ онҳо давоми суханро интизор шуданд. Ниҳоят ба мақсад гузашт:

– Кӯмак ба ҳалли мушкилоти аҳли деҳа – саҳмгузорӣ ба таъмири пули деҳа барои мо аз савоби  умра афзалтар ва муҳимтар аст...

Ҳама хомӯшона бо ишораи сар ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд. 

Ҳамин тариқ, Саъдулло Раҳимов қариб 70 миллион сӯм маблағи ба нияти зиёрат ҷамъовардаи худ ва ҳамсарашро ба таъмири пули маҳаллаашон бахшид. Дар натиҷа на фақат пули деҳаи Сӯфиён, балки пули роҳи калони автомобилгарди маҳаллаашон Боғиафзал низ бо ивазкунии плитаҳои бетонӣ фарохтар ва зеботар гардида, гирду атрофи онҳо асфалтпӯш карда шуданд.

Бояд гуфт, ки ин кӯпрукҳо барои маҳаллаҳои Боғиафзал, Пашмон, Ҷилвон, Қӯрғони Вардонзе ва Шароф Рашидов баробар хидмат карда, онҳоро бо маркази ноҳия ва ҳудуди дигар мепайванданд.

Шайх Саъдӣ мефармояд:

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ,

Сад банда ба зар харида озод кунӣ.

Сад сол ба рӯза бошию шаб ба намоз,

З-он беҳ набувад, ки як диле шод кунӣ.

Амрулло Авезов, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: