Ба Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон менеҷери барномавии сохтори «СММ-бонувон» дар Ӯзбекистон Зелиха Уналдӣ ташриф овард.
Дар мулоқот бо Раиси Сенат Танзила Норбоева вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ӯзбекистон бо сохтори «СММ-бонувон», инчунин чорабиниҳои минбаъда оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон дар мамлакат муҳокима шуданд.
Таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон ба масъалаҳои таҳкими ниҳоди оила, ҳифзи ҳуқуқии зану духтарон ва таъмини баробарии гендерӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар ин замина, ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва Стратегияи миллии расидан ба баробарии гендерӣ, ки то соли 2030 пешбинӣ шудааст, такмили пойгоҳи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, густариши имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии занон ва пешгирии ҳама гуна табъиз таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар мулоқот инчунин дурнамои рушди муколамаи бонувони пешсафи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки соли 2026 раёсати онро Ӯзбекистон ба уҳда дорад, низ баррасӣ шуд.
Оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои минбаъда дар асоси пешниҳод ва ташаббусҳо, ки аз ҷамъбасти маъракаи «16 рӯзи ҳаракати фаъол бар зидди зӯроварии гендерӣ» ба даст омадаанд, низ табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, дастгирии зану духтарон ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди баробарии гендерӣ изҳор намуданд.
Норгул Абдураимова, мухбири ӮзА