Баррасии моҳияти дастуруламали муҳими сиёсӣ

  • Баррасии моҳияти дастуруламали муҳими сиёсӣ
  • Баррасии моҳияти дастуруламали муҳими сиёсӣ
  • Баррасии моҳияти дастуруламали муҳими сиёсӣ

Имрӯз дар саросари мамлакат Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад.

Дар доираи ҳамин ташаббус, чанде пеш дар мактаби таълими умумии рақами 55-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд мулоқоти кушод баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки аъзои гурӯҳи кории Маъмурияти Президент А. Азизов ва Н. Қаюмов, ҳокими ноҳияи Бӯка С. Исоқулов, муовинони ҳоким, намояндагони «Корвони маънавият», нурониён, фаъолони маҳалла ва ҷавонон иштирок карданд, сухан дар бораи мазмуну моҳияти Муроҷиатнома, инчунин самтҳои асосии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» рафт.
С.Исоқулов дар бораи вазифаҳои афзалиятноке, ки дар Муроҷиатнома ба миён гузошта шудаанд, аз ҷумла, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими ислоҳот дар самти баланд бардоштани қадру манзалати инсон, беҳбуди низоми таълим, рушди фарҳанг ва ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсати ҷавонон ҳарф зад. 
Ҳамзамон, иштирокдорон оид ба мақсадҳое, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» муайян гардидаанд, натиҷаҳои амалии ислоҳот дар маҳалҳо ва роҳҳои таъмини иҷрои босамари онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Н. Қаюмов гуфт, ки Муроҷиатномаи Сарвари давлат барои ҳар як маҳалла, аз ҷумла ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навобод» ҳамчун дастури амалӣ хидмат хоҳад кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳоло дар маҳаллаи «Навобод» дар доираи тамоюли «Маҳаллаи обод – кӯчаи обод – хонадони обод» корҳои ободонию бунёдкорӣ бо иштироки фаъолонаи аҳолӣ ва дастгирии мақомоти масъул бомаром идома доранд.
Зикр гардид, ки Муроҷиатномаи Президент на танҳо барои соли 2026, балки барои солҳои минбаъда низ роҳнамо ва дастуруламали муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Дар роҳи татбиқи ислоҳоти навин, таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аҳамияти хос дорад.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ барои густариши фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими эҳсоси масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии шаҳрвандон мусоидат менамояд. 
Дар чорабинӣ роҳбарон ва масъулон ба саволу пешниҳодҳои сокинони маҳалла ҷавобҳои мушаххас доданд.

М. МИРМАҲМАДОВ, вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: