Пас аз он, ки Самарқанд ба маркази саёҳии Осиёи Марказӣ табдил ёфт, ташрифи меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ хеле афзуд.
Танҳо соли гузашта барои зиёрати шаҳри бостонӣ беш аз 3 миллион сайёҳони хориҷӣ ва қариб 5 миллион дохилӣ омадаанд.
Садорати сайёҳии вилоят барои боз ҳам рушд додани соҳаи мазкур бо ҷамъияти саҳҳомии ма-съулияташ маҳдуди «Uz-bekistan Helicopters» шартномаи ҳамкорӣ бастанд, ки минбаъд сайру саёҳати Самарқанд тавассути чархбол амалӣ мегардад.
Қарор карда шуд, ки барои таҷриба парвозҳо тавассути чархбол дар осмони ноҳияҳои Ургут, Ҷомбой, Нуробод, Пайариқ хатсайри сайёҳӣ ба роҳ монда шавад, ки ин хатсайрҳои нав ба сайёҳон имкон медиҳанд, ки манзараҳои беназир ва ҷойҳои машҳури минтақаро аз боло бубинанд.
Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.