Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои асосӣ ҷиҳати коҳиши камбизоатӣ ва таъмин намудани шуғли аҳолӣ, ки дар соли 2026 татбиқ хоҳанд шуд, ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Сарвари давлат дар оғози ҷамъомад ба натиҷаҳои соли 2025 мухтасар таваққуф кард.
Таъкид гардид, ки соли гузашта иқтисодиёт нисбат ба пешгӯиҳои ибтидоӣ бо суръати назаррас ба 7,7 фоиз афзуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 147 миллиард доллар гузашт. Дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт суръати рушд нисбат ба соли 2024 баландтар буд. Ҳаҷми ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба 43 миллиард доллар ва содирот ба 33,8 миллиард доллар расид.
Новобаста аз фаъолшавии иқтисодӣ ва афзоиши талаботи истеъмолӣ, сатҳи таваррум аз 9,8 фоиз дар соли 2024 то 7,3 фоиз поин рафт.
– Рушди иқтисодӣ ҳар қадар устувортар бошад, барои беҳтар кардани инфрасохтор имкони бештар равона намудани маблағ фароҳам меояд. Ин раванд дар ниҳоят, ба таъмини шуғл, афзоиши даромадҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ хидмат мекунад, – гуфт Президент.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки соли гузашта 366 ҳазор оила аз нодорӣ раҳоӣ ёфтанд, дар натиҷаи чораҳое, ки ҷиҳати таъминот бо шуғл ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ андешида шуданд, сатҳи камбизоатӣ аз 8,9 то 5,8 фоиз ва сатҳи бекорӣ аз 5,5 то 4,8 фоиз коҳиш ёфт.
– Ин ҳама натиҷаи ислоҳоти мост ва аз таҳкими пайвастаи эътимоди байни давлат ва мардум гувоҳӣ медиҳад. Аммо ҳанӯз дар пеш корҳои зиёд дорем, ки бояд анҷом диҳем, – гуфт Президент.
Зикр шуд, ки маҳалла маҳаки асосиест, ки ба саволҳо ҷиҳати дар куҷо фаъол будан ва дар куҷо бозистодани ислоҳот ҷавоби мушаххас дода метавонад. Агар дар маҳалла ҳанӯз нафаре бекор ё оилае нодор бошад, пас ислоҳот ҳанӯз ба он ҷо нарасидааст. Агар низоми «ҳафтгона» мушкилоти аҳолиро ҳал карда натавонад, пас сохтор кор намекунад.
– Имконият ҳаст, маблағ ҳаст, қарор ва барномаҳо ҳастанд. Чизе, ки намерасад ин масъулият ва ҷавобгарии шахсист, – гуфт роҳбари давлат.
Президент норасоии дониши методӣ ва таҷрибаи амалии ҳокимон ва «ҳафтгонаи маҳалла»-ро бобати истифодаи имкониятҳои мавҷуда, инчунин, дар сатҳи зарурӣ ба онҳо кӯмак нарасонидани вазорату идораҳои масъулро танқид кард.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар муддати як моҳ имкониятҳои маҳаллаҳои дорои сатҳи баланди бекорӣ ва камбизоатиро омӯхта, дар асоси таҷрибаҳои беҳтарин дастури методӣ таҳия намоянд. Ҳокимон бошанд, дар ҷойҳо татбиқсозии онро таъмин намуда, барои бо кор таъмин кардан, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушаххаси мушкилоте, ки онҳоро нигарон кардааст, шахсан масъул хоҳанд буд.
Дар ҷамъомад вазифаҳои асосӣ барои соли ҷорӣ, чун бо кори доимӣ таъмин намудани 1 миллион нафар аҳолӣ, аз камбизоатӣ раҳо кардани 181 ҳазор оила, 2,5 баробар зиёд кардани шумораи маҳаллаҳои бидуни оилаҳои камбизоат ва ба ин васила то ба 3,5 ҳазор расонидани теъдоди онҳо, то 4,5 фоиз коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ муайян гардиданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои таъминот бо шуғл ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ дар ноҳия ва маҳаллаҳои дорои шароити «вазнин» муфассал баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама, бо нерӯи барқи устувор таъмин намудани чунин минтақаҳо зарур аст.
Бо ин мақсад, дар ҳар кадом 903 маҳалла нерӯгоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 300 киловатт сохта шуда, ба маҳаллаҳо ҳамчун активи бебозгашт» дода мешавад. Аз ҳисоби ин нерӯгоҳҳо дар ҳар як маҳалла «активи иқтисодӣ» ташаккул меёбад, ки соле 400–500 миллион сӯм даромади иловагӣ меорад.
Даромадҳои «сабз»-е, ки ба даст меоянд, барои татбиқ намудани чорабиниҳои «сабз», бахусус, таъмири сарфакоронаи барқи хонаводаҳои ниёзманд, кам кардани хароҷоти барқ ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ равона карда мешаванд. Барои истифода ва нигоҳдории нерӯгоҳҳои офтобӣ аъзои оилаҳои камбизоати ҳамин маҳаллаҳо ба кор ҷалб мегарданд.
Чунин корҳо дар ҳазор маҳаллаи дорои сатҳи баланди ихтисос низ татбиқ карда мешаванд. Нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ ба маҳаллаҳо дар ҳоли омода ба муҳлати 7 сол дар асоси лизинги бефоиз дода мешаванд.
Президент таъкид кард, ки беш аз пеш амиқтар намудани ихтисосёбии маҳаллаҳо дар коҳиши бекорӣ ва нодорӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Ҳоло дар 903 маҳаллаи дорои шароити «вазнин» 100 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ва иҷора мавҷуд аст. Зикр гардид, ки агар ҳокимон якҷо бо «ҳафтгонаи маҳалла» таъминоти обро беҳтар намуда, онҳоро бо тухмӣ ва ниҳол таъмин карда, ихтисосёбиро дуруст роҳандозӣ намоянд, дар даромад ва шароити зиндагии аҳолӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд.
Бо мақсади ҳавасмандсозии ихтисосёбӣ дар маҳаллаҳо механизмҳои иловагии молиявӣ ҷорӣ мешаванд. Бахусус, барои соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 50 фоизи хароҷоти харид кардани ниҳолҳои сертификатдор аз ҳисоби буҷет ҷуброн мегардад. Вобаста ба навъи мева, барои «шпалер» аз 20 то 70 ҳазор сӯм субсидия ҷудо карда мешавад. Барои онҳое, ки дар замини наздиҳавлигии худ обёрии қатрагиро ба роҳ мемонанд, барои ҳар як сотих 160 ҳазор сӯм ҷубронпулӣ пардохта мешавад.
Агар кишоварзони ботаҷриба дар ҳар 10 хонадони маҳалла парвариши маҳсулоти содиротиро ба роҳ монанд, 2 миллион сӯм ва агар ин корро дар дастикам 30 фоизи хонадонҳои дорои замини наздиҳавлигии маҳалла амалӣ намоянд, ба таври иловагӣ 75 миллион сӯм мукофот хоҳанд гирифт.
Соли ҷорӣ инчунин 2 ҳазор гектар замини ҷангал ба 4 ҳазор оилаи камбизоат барои бунёди тутзор дар 50 хол замин ба муҳлати 10 сол ройгон ҷудо карда мешавад. Барои ташкили кооператсияи пиллапарварӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд 4 миллион сӯм субсидия ва ба онҳое, ки мехоҳанд дар хона пилла парвариш кунанд, барои таҷҳизонидани манзил ва хариди таҷҳизот то 20 миллион сӯм ссудаи бефоиз дода мешавад.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки соли ҷорӣ барои рушди тиҷорати хурду миёна 140 триллион сӯм кредит ҷудо карда хоҳад шуд.
– Бояд ошкоро гуфт, ҳоло бонкҳо барои ҳама ноҳия ва шаҳрҳо бо шарти якхела кредит пешниҳод мекунанд. Аммо имконияту шароити Олмазор ва Бӯзатов яксон нест. Аз ин рӯ, дар 37 ноҳияи дорои шароити «вазнин» дар доираи барномаи «соҳибкории оилавӣ» кредит бо 12 фоиз дода мешаванд, – гуфт Президент.
Дар ҳамаи ноҳияҳо ҳадди ниҳоии кредити имтиёзноки «соҳибкории оилавӣ» 1,5 баробар зиёд карда шуда, то ба 50 миллион сӯм расонида мешавад. Барои чорвои зотии воридотӣ ва сертификатдор то 100 миллион сӯм, барои меҳмонхонаи оилавӣ, яхдонҳои хурд, технологияҳои хурди нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот бошад, то 150 миллион сӯм кредитҳои бидуни гарав ҷудо мегарданд.
Миқдори кредити лоиҳаҳои соҳибкорӣ барои 563 маҳаллае, ки дар минтақаҳои марзӣ ва анклав ҷойгиранд, то 1 миллиард сӯм зиёд карда мешавад. Бо ин мақсад, ба 3,6 триллион сӯме, ки барои барномаҳои «соҳибкории оилавӣ» пешбинӣ шудааст, барилова боз 2 триллион сӯм захира ҷудо карда мешавад.
Соли ҷорӣ барои амиқ намудани ихтисосёбии маҳаллаҳо аз ҷониби бонкҳо дар маҷмӯъ 17 триллион сӯм кредит ҷудо мегардад. Дар ин раванд 4 фоизи кредит, ки ба истеҳсоли маҳсулот гирифта шудаанд ва 6 фоизи кредитҳои марбут ба лоиҳаҳои коркарди он ҳамчун ҷуброн пардохта мешаванд.
Зарурати дар асоси «равиши лоиҳавӣ» ташкил намудани фаъолияти ёварони ҳокимҳо таъкид гардид.
Бастаи лоиҳаҳое, ки дар миқёси ҳар як ноҳия дар асоси «равиши лоиҳавӣ» татбиқ мегарданд, ташаккул дода мешавад. Нархи ибтидоии қитъаҳои холии замин ва иншооти давлатиро, ки дар маҳаллаҳои дорои шароити «вазнин» воқеанд, 2-3 баробар кам карда, амалиёти ба фурӯш баровардани онҳо ҷорӣ мегардад.
Ба 100 маҳаллаи «вазнин», ки дар эҷоди ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ натиҷаҳои беҳтарин нишон медиҳанд, 1 миллиард сӯмӣ маблағи иловагӣ пешниҳод мешавад. Ёварони ҳокимоне, ки дар ин маҳаллаҳо фаъолият доранд, ба кишварҳои хориҷӣ, чун Чин, Туркия, Корея ва Малайзия барои такмили ихтисос ба курсҳои якмоҳа фиристода мешаванд.
Лоиҳае, ки дар канори канали Кайковуси ноҳияи Олмазор татбиқ карда мешавад, ба тариқи мисол қайд гардид. Ду километри ин канал аз ҳудуди 8 маҳаллаи «Шаҳри кӯҳна» мегузарад. Акнун ёварони ҳокими ин маҳаллаҳо дар атрофи як «гурӯҳи лоиҳавӣ» муттаҳид шуда, бар асоси консепсияи умумӣ дар соҳили канал рушди инфрасохтори савдо, хидматрасонӣ ва истироҳатро таъмин мекунанд.
Ба ин тартиб, дар самтҳои сайёҳӣ, таълим, хидматрасониҳои тиббӣ, навсозӣ, соҳили кӯлҳо ва кӯчаҳои серодам низ “гурӯҳҳои лоиҳавӣ”-и махсус, иборат аз ёварони ҳокимҳо ташкил карда мешаванд.
Таҷрибае, ки ҷиҳати баланд бардоштани самарадории фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» дар пойтахт роҳандозӣ шуд, дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо низ ҷорӣ мегардад. Минбаъд ёвари ҳоким, фаъоли зан-духтарон ва сардори ҷавонон дар асоси тақдимномаи раиси маҳалла аз ҷониби ҳокими ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Роҳбари давлат боз ба як масъалаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Таъкид гардид, ки дар мамлакат бобати барӯйхатгирии аҳолӣ ва соҳаи кишоварзӣ чорабинии густурда оғоз ёфтааст.
То ҳол аз 7 миллиону 613 ҳазор хонадон 4 миллиону 776 ҳазори онҳо аз рӯйхат гузаштанд. Баробари ин ҷараёни сусти ин раванд дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Фарғона, Сурхондарё, Бухоро ва Тошканд таъкид шуд.
– Чунин чорабинии муҳим дар мамлакати мо дар 37 соли охир бори аввал гузаронида мешавад. Барӯйхатгирӣ барои муайян кардани вазъи воқеии ҳар як маҳалла ва ҳар як хонавода, дар ин асос муқаррар намудани нақшаҳои оянда ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷорӣ кардани механизмҳои самарабахш, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, хидмат мекунад, – гуфт Президент ва аз ҳамаи шаҳрвандон даъват кард, ки дар чорабинии барӯйхатгирӣ фаъолона иштирок намоянд.
Дар ҷамъомад ҳисобот ва пешниҳодҳои ҳокимони ноҳияҳо, раисони маҳаллаҳо ва ёварони ҳокимҳо низ шунида шуданд.