Муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030”

Ин чорабинии муҳим бо ибтикори Маркази стратегияи рушд ва дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ дар Ӯзбекистон роҳандозӣ гардид. Дар он беш аз 150 коршинос, аз ҷумла аъзои Сенат ва вакилони Палатаи қонунгузорӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии ин чорабинии байналмилалӣ муҳокимаи ошкорои лоиҳаи стратегияи такмилёбандаи «Ӯзбекистон – 2030» бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва арзёбии он аз нигоҳи тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ мебошад.

– Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, рақобати иқтисодии ҷаҳонӣ, рақамикунонӣ, гузариш ба «иқтисодиёти сабз», тағйирёбии иқлим ва равандҳои демографӣ аз ҳар як кишвар тақозо мекунанд, ки стратегияҳои рушди худро мунтазам навсозӣ кунад. Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» маҳз барои ҳамин чун як ҳуҷҷати мутобиқшаванда ва ҳаётан муҳим тарҳрезӣ шудааст. Аз ин рӯ, муболиға нест, ки беҳтар кардани он як раванди табиӣ ва зарурӣ касб намудааст, – изҳор намуд директори иҷроияи Маркази стратегияи рушд  Элдор Туляков. 

Гуфта шуд, ки моҳияти ин чорабинӣ муколамаи ошкоро ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва Ӯзбекистон андеша, тавсия ва пешниҳодҳои амалии коршиносони байналмилалиро муҳим мешуморад. Зеро маҳз ҳамин мулоҳизаҳо барои боз ҳам беҳтар кардани стратегия ва тақвияти механизмҳои амалии он хизмат хоҳанд кард.

– Дар айни замон, ин муколама бори дигар садоқати Ӯзбекистонро ба ошкороӣ, шаффофият ва ҳамкории байналмилалӣ нишон медиҳад. Дар натиҷа, стратегияи навшудаи «Ӯзбекистон – 2030» ҳамчун як барномаи стратегии рақобатпазир, амалӣ ва ба мардум нигаронидашуда ташаккул меёбад, ки рушди кишварро дар даҳсолаи оянда муайян хоҳад кард, – таъкид намуд Э.Туляков.

– Муколамаи имрӯза дар марҳилаи муҳим баргузор мешавад. Дар моҳи октябри соли 2025 Ҳукумати Ӯзбекистон ва Созмони Милали Муттаҳид «Чаҳорчӯбаи ҳамкории рушди устувори СММ»-ро барои солҳои 2026–2030 имзо карданд. Ин барномаи ҳамкорӣ дурнамои умумии моро барои пешбурди рушди устувор дар кишвар тӯли панҷ соли оянда инъикос мекунад. СММ аз таваҷҷуҳи махсус ба рушди инсон, таъминсозии пешрафти  иқтисодӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар кардани маориф ва тандурустӣ ва рушди устувор дар лоиҳаи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» истиқбол мекунад. Ин самтҳои афзалиятнок бо самтҳои Шарикии рушди устувори СММ ва самти ислоҳоти ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон пурра мувофиқат мекунанд, – гуфт намояндаи доимии СММ дар Ӯзбекистон Сабина Маҳл.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: