Тӯй – сур, ҷашну хурсандист. Онро ҳама меписандад. Тӯй додан орзуву нияти ҳар як падару модар, бобову момоҳост. Вале тавре ки мегӯянд, ҳамааш бояд мувофиқи ойинҳо ва дар ҳадду меъёр бошад, то ки ба маъракаи худнамоиву сарфу хароҷоти беҳуда табдил наёбад.
Шоире фармудааст:
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст.
Ҳам лоиқи душман аст, ҳам лоиқи дӯст.
Яъне агар онро бо меъёр, камсарф ва бидуни исроф гузаронӣ, ту обрӯмандӣ, соҳибэҳтиромӣ, агар не сабаби таъна.
Дар боби ин масъалаҳо магистранти Донишгоҳи омӯзгории Ҷиззах Муаттар Абдуева дар навиштааш «Тӯйи якрӯза ғавғои садрӯза нашавад» («Овози тоҷик», №89, 05.11.2025) ва ба он акси садои омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш Собир Эргашев «Аз андоза бартар манеҳ пойи хеш» («Овози тоҷик», №94, 22.11, с.2025) ном мақолааш афкори ҷолибу хонданӣ пешниҳод кардаанд.
– Дар маҳаллаи мо, – мегӯяд раиси маҳаллаи Болои ноҳияи Чуст Файёзҷон Ҷӯраев, – умуман, дар деҳаи Варзик тӯю сур назар ба солҳои пеш хеле каммасраф мегузаранд, ки хуб аст. Қудоён бо сардорони кӯчаҳо ва мо маслиҳат карда, маърака медиҳанд, тӯйҳо то як рӯз маҳдуд шуданд.
Раиси бунёди «Нуронӣ»-и маҳаллаи мазкур Ҳайдарҷон Каримов ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд:
– Вале ҳанӯз дар баъзе тӯйҳо исрофкорӣ бисёранд. Чунончӣ, ба мардум камарбанд додан манъ шуда буд, ҳоло боз авҷ гирифтааст. Ин маросимҳои зиёдатиро нест кардан лозим.
Ба наздикӣ дар кохи фарҳанги деҳаи Варзик ҷамъомад ба ин масъалаҳо бахшида шуд. Дар он раисони маҳаллаҳои Боло, Янгичак, Пилол ва Майдон, роҳбарони бунёди «Нуронӣ», раисони кумитаҳои занону духтарон, сардорони кӯчаҳо, фаъолон, аз ҷумла вакилони ҳокимияти ноҳияи Чуст ҳузур доштанд.
Дар тадбир мутахассиси масъалаҳои дини ҳокимияти ноҳия Илёсхон Нуриддинов зикр кард, ки шумораи сафариёни ҳаҷу умра меафзояд. Шукри Худо, онҳоро баъди бозгашташон табрику зиёраткунандагон ҳам кам нестанд, ки ба зиёратҳои пурдабдаба мубаддал мегарданд. Чунин зиёфатдиҳиҳоро низ ба тартиб андохтан, маҳдуд кардан лозим. Роҳбари шуъбаи ноҳиявии Маркази маънавиёт ва маданияти ҷумҳурӣ Саидахон Насимхонова низ андешаи ӯро дастгирӣ намуд.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Майдон Мирзоҳид Калонов, собиқадори таълим Назирҷон Эргашев ва шифокори нафақахӯр Орзугул Салоева низ баромад карда, вобаста ба гуфтаҳои нотиқон мулоҳизаҳои худро изҳор намуданд.
Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти Намангон.