Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хонтепаи ноҳияи Сергелии пойтахт муассисаи нави таълими томактабии давлатӣ ба истифода супурда шуд.
Дар маросими тантанавӣ ҳокими ноҳия Даврон Исматов ҳозиронро ба ин муносибат муборакбод намуд.
Ин бинои сеошёнаи замонавӣ бо воситаҳои таълиму тарбияи талаби имрӯза муҷаҳҳаз аст. Муассиса зиёда аз 270 нафар наврасро дар бар гирифта метавонад. Он аз ҷониби бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қурулиш инвест» бунёд гардид. Барои сохтмони бино 7 миллиарду 500 миллион сӯм маблағ харҷ шуд.
Дар ин маскани тарбия шабакаи санитарию гигиенӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаҳо мувофиқи синну сол, толори мусиқӣ, шоҳмот, шашка, хонаҳои забонҳои хориҷӣ, ошхона, айвончаи тобистона, майдончаи бозӣ барин қулаиҳо бобати истироҳат ва илмомӯзӣ дар хидмати наврасон аст. Мураббиҳои бомалака аз усулҳои интерфаъол истифода намуда, машғулотро барои гурӯҳҳои хурдсол дар доираи Барномаи давлатии таълимии «Қадами аввал», ки ташаккул додани ҳаёти солими тарбиягирандагон, боло бардоштани салоҳияти ба зеҳни кӯдакон нигаронида шудааст, мегузаронанд. Мувофиқи он кӯдакон бо кӯмаки мураббиён расм кашидан, ҳар гуна нақш офариданро меомӯзанд ва дар бораи хосиятҳои фоидабахши меваву сабзавот маълумот мегиранд. Ҳамчунин нутқ ва саводи кӯдакон, донишҳои ибтидоии математикӣ, қобилияти эҷодии онҳо аз санҷиш гузаронида мешаванд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».