Тибқи қарори Президенти кишвар дар вилояти Сурхондарё се маркази бузурги сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Яке аз ин лоиҳаҳо маркази сайёҳии «Сангардaк» мебошад, ки масоҳаташ 615 гектарро ташкил медиҳад.
Айни замон ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои маҷмааи сайёҳии «Сангардaк», аз ҷумла, корҳои сохтмонии роҳи ресмонӣ, меҳмонхона ва иншооти савдову хидматрасонӣ, корҳои ободонӣ, нигоҳубини минтақаҳои сабз ва тозаву озода нигоҳ доштани қитъаҳои муайяншуда идома дорад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ин маҷмааи сайёҳӣ дар оянда ба рушди иқтисодиёти минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва табдил ёфтани Сангардaк ба яке аз самтҳои бузурги сайёҳии кишвар хидмат хоҳад кард.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.