Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти маркази тиббии бисёрсоҳаи «Sinomed» дар ноҳияи Олмазор шинос гардид.
Дар вохӯрӣ бо ходимони тиббӣ ва дорусозӣ 10 ноябри соли гузашта роҳбари давлат таъкид карда буд, ки 30 фоизи хидмати тиббӣ аз ҷониби сектори хусусӣ анҷом дода мешавад ва дастгирии сектори хусусии соҳаи тиббӣ ва фароҳам овардани шароити иловагӣ идома хоҳад ёфт.
Бинобар ин мақсадҳо имконоти васеъ барои фаъолияти марказҳои тиббии бисёрсоҳа фароҳам оварда мешавад.
Маркази тиббии бисёрсоҳаи «Sinomed», ки дар ноҳияи Олмазор ҷойгир шудааст, ҳоло аз рӯи тамоми самтҳои муҳим, мисли таваллуд, педиатрия, ҷарроҳӣ, травмотология, ортопедия, эндокринология ва ғайра хидмат мерасонад.
Марказ аз ҳисоби 30 миллион доллар бунёд гардида, таҷҳизоти замонавии тиббӣ аз Британияи Кабир, Италия, Ҷопон ва Олмон оварда шудааст.
Дар клиника шуъбаҳои ташхис ва ҳам статсионарӣ фаъолият доранд. Марказ соле метавонад то 4500 беморро қабул намояд. Дар ин ҷо беш аз 300 ҷойи кор ба вуҷуд оварда шуда, беш аз 80 нафар духтур фаъолият доранд. Беш аз 60 мутахассис дар хориҷ аз кишвар, аз он ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Ҷопон ва ИМА малакаи худро такмил додаанд. Ғайр аз ин дар клиника мутахассисони хориҷӣ кор мекунанд.
Дар сохтори марказ нахустин маҷмӯи таваллудгоҳи хусусӣ дар шаҳри Тошканд кушода шуда, он дар як вақт ба 30 нафар занон хидмат мерасонад. Дар оянда вусъат додани миқдори катҳо ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар клиника ваксинатсия ва муоинаи профилактикии бачагон анҷом дода мешавад.
Дар клиника колл-марказҳо ва бригадаҳои патронажи махсус вуҷуд дорад. Инчунин имконоте мавҷуд аст, ки беморонро дар маҳалли зисташон муоина кардан мумкин аст.
Ғайр аз ин дар ин ҷо дар ҷумҳурӣ бузургтарин маркази хусусии ваксинатсия ташкил гардида, инчунин ягона маркази стерилизатсия дар сектори хусусӣ таъсис гаштааст.
Роҳбари давлат бо хидматҳои бисёрсоҳаи тиббии марказ ва ҳамчунин бо шароите, ки ба беморон фароҳам оварда шудааст ва ҳам ӯтоқҳои амбулаторӣ шинос гардид.
Ғайр аз ин дар соҳаи модар ва кӯдак роҳбари давлат бо тартиботи низомнок шинос гардид, ки барои занон аз замони ҳомила то таваллуд ва давраи пас аз таваллуд омода карда шудааст.
– Хидмати доягӣ, муоинаи то таваллуд яке аз масъалаҳои муҳим аст. Таваллуд, хусусан таваллуди фарзанди аввал, набояд барои модар ҳолати стресс ба вуҷуд оварад. Агар модари оянда мунтазам зери муоинаи тиббӣ қарор гирифта, сари вақт муолиҷа намояд, дар вай мафҳуми ғамхории худ, модар ва кӯдаки солим ташаккул меёбад, – таъкид кард Президент.
Роҳбари давлат бо кӯдаконе, ки дар майдони бачагонаи маркази гуногунсоҳа ташкилгардида бозӣ мекарданд, суҳбат намуд.
– Дастоварди асосии мо, ин духтурони мисли шумо мебошад, ки дониши андӯхтаашонро дар мамлакатамон ба амал татбиқ мекунанд. Шоистаи зикр аст, ки зимни татбиқи тиббиёти хусусӣ дар бораи рақобат бояд ёд кард. Одамон вақте интихоби зиёдро молик мегарданд, ки агар рақобат вуҷуд дошта бошад. Агар миқдори марказҳои хусусии тиббӣ зиёд гардад, аҳолӣ метавонад хидмати босифатро бинобар маблағе, ки барои муолиҷа харҷ менамояд, бигирад, – таъкид кард роҳбари давлат дар суҳбат бо ҷамоаи клиника.