Маркази «Инсон» – манзили боварибахши ҳифзи иҷтимоӣ

Имрӯз дастгирии аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, ҳалли саривақтӣ ва самараноки мушкилоти онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардидааст. Бо ин мақсад марказҳои хидматрасонии иҷтимоии «Инсон», ки дар саросари кишварамон таъсис дода шудаанд, ҳамчун пули муҳим байни аҳолӣ ва давлат хидмат мекунанд.

«Инсон» зиёда аз 100 намуди хидматрасонӣ, аз ҷумла кумаки иҷтимоӣ ва молиявӣ, хидматрасониҳои иҷтимоии хонагӣ, хидматрасонии барқарорсозӣ ва нигоҳубин, машварати равонӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба шуғли шахсони маъюб, системаи таъмини воситаҳои техникии барқарорсозӣ ва маҳсулоти протези ортопедиро пешниҳод мекунад. Муҳимтар аз ҳама, вазъи ҳар як шаҳрванд, ки муроҷиат мекунад, омӯхта мешавад ва роҳи ҳалли он дар асоси равиши инфиродӣ пайдо мешавад.

Чуноне ки Сарвари давлат оиди зарурати ислоҳоти куллии ин низом ва таъмини мақсаднок ва самараноки кумаки иҷтимоӣ таъкид кардааст: «Дар ин самт ягон равиши умумӣ вуҷуд надорад. Сарнавишти ҳар як оила ва шахс ба равиши инфиродӣ ва касбӣ ниёз дорад. Агар хидматрасонии иҷтимоӣ дуруст ба роҳ монда шавад, шаҳрвандони ниёзманд ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо мекунанд. Агар мо хоҳем, ки дар ҷомеаи худ адолати иҷтимоӣ ва шаъну шарафи инсонро таъмин намоем, бояд аз ин низоми нав самаранок истифода барем ва ба одамони ниёзманд ҳисси дастгирӣ ва умед бахшем».

Ин низом аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки барои баланд бардоштани қадри инсон ва некӯаҳволии аҳолӣ хидмат мекунад.

– Дар кишвари мо принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоӣ афзалият доранд. Бар асоси ин арзишҳо, марказҳои «Инсон» дар ҳар минтақа кушода мешаванд ва хидматрасонии иҷтимоиро ба аҳолӣ наздиктар мекунанд, – мегӯяд сармутахассиси Маркази хидматрасонии «Инсон»-и ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон Ҷавлонбек Абдуллоев. – «Инсон»-и ноҳия ба аҳолӣ дар асоси тамоюли «як равзана» хидмат мерасонад ва барои ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар маҳал мусоидат мекунад. Дар марказ 23 мутахассис ва 56 нафар корманди иҷтимоӣ бо тоифаҳои гуногуни аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ кори мақсаднокро ба роҳ мондааст. Агар ба баъзе рақамҳо назар андозем, дар тӯли солҳои 2024-2025 87,4 ҳазор нафар бо хидматрасонии иҷтимоӣ ва кумак фаро гирифта шудаанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими марказ – равона будани фаъолияташ ба ҳалли мушкилот на танҳо дар сатҳи индивидуалӣ, балки дар сатҳи ҷомеа мебошад. Баргузории вохӯрӣ, семинар ва барномаҳои омӯзишӣ сатҳи огоҳии шаҳрвандонро баланд бардошта, онҳоро ба ҳаёти фаъол ва мустақилона ҳидоят мекунад.

Мутахассисони марказ – равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва кормандони иҷтимоӣ бо таҷриба ва масъулияти баланд фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз чунин муносибати касбӣ боис мегардад, ки марказ эътимоди ҷомеаро ба худ ҷалб намояд. Фаъолияти он намунаи равшани ғамхорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти иҷтимоӣ буда, барои рушди ҷомеаи солим ва устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Барои таъмини иҷрои Қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба боз ҳам беҳтар кардани низоми хидматрасонии иҷтимоӣ ва кумак ба кӯдакони маъюб» дар ҳудуди маҳаллаҳои «Гулбоғ» ва «Ҷар»-и ноҳия Маркази нигоҳубинии рӯзонаи «Чашмаи меҳр» ва «Меҳрубон» ташкил ёфта, 30 нафар кӯдакони маъюби синнашон аз 3 то 18-сола қабул карда шудаанд. Шуғли волидони дар хидмат иштирокдошта таъмин гардид.

Имрӯз хидматрасонии иҷтимоӣ на танҳо вазифа, балки масъулияти муштараки мост барои ҷомеа, ки ҳеч касро танҳо намегузорад. Дар кишвари мо ба дастгирии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла шахсони маъюб, барои ҳифзи ҳуқуқ ва боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии онҳо аз ҷониби давлат аз ҳар ҷиҳат диққати махсус дода мешавад.

Дар солҳои 2024-2025 барои ҷалби кӯдакони дорои маълӯлият ба таҳсил як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, айни замон дар 30 мактаби ноҳияи Косонсой 53 синфи инклюзив фаъолият мекунад. Дар синфҳои инклюзиви муташаккил 84 кӯдаки ногиро таҳсил мекунанд. Ба ин кӯдакон 52 омӯзгори махсус дар шароити инклюзив таълим медиҳад.

Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби рушди соҳа – ҳамаи равандҳо рақамӣ шуда, табибони оилавӣ ҳуҷҷатҳои тиббии шаҳрвандонро барои баррасӣ ба комиссияи ташхиси тиббӣ ва иҷтимоӣ ба таври электронӣ пешниҳод мекунанд.

Сабти онлайн барои гирифтани кумак, пойгоҳҳои ягонаи маълумот ва машваратҳои фосилавӣ вақти шаҳрвандонро сарфа намуда, шаффофиятро афзоиш медиҳанд. Ин навоварӣ, махсусан барои сокинони деҳот ва шахсони дорои маҳдудияти ҳаракат, дари имкониятҳои навро мекушояд.

– Барои таъмини иҷрои Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили низоми таъмини шуғли шахсони маъюб» корҳои назаррас амалӣ шуда, 1055 нафар шахсони маълӯл ба кор ҷалб карда шуданд, – афзуд Ҷ. Абдуллоев. – Аз ҷумла, ҶММ «Terry Jar», ки дар ноҳия фаъолият мекунад, аз имтиёзҳои пешниҳодшуда барои таъмини шуғли шаҳрвандони  маъюб васеъ истифода мебарад. Корхона 33 нафар маъюбонро бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин кард ва барои мутобиқ кардани маълӯлон аз хидматҳои равоншинос ва сурдолог истифода мебарад.

Дар ноҳия, дар доираи барномаи «Қадам ба зиндагии фаъол», 45 нафар шахсони худкор ва 2 субъекти соҳибкорӣ ташкил ёфта, аз ин шумор 290 нафар ба хидматрасонии иҷтимоӣ ва маишӣ дар хона, 45 нафар ба хидматрасонии нигоҳубини хонагӣ, 39 нафар ба хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ, 8 нафар ба хидматрасонии рӯзона ба пиронсолон ва маъюбони ниёзманд ҷалб карда шудаанд.

Солҳои охир равиши хидматрасонии иҷтимоӣ тағйир ёфтааст. Агар пештар диққат бештар ба кумаки якдафъаина равона шуда бошад, имрӯз мафҳуми «тавоно сохтани инсон» дар марказ қарор дорад. Барномаҳои омӯзишӣ, машваратҳои равонӣ, дастгирии ҳуқуқӣ ва рушди малакаҳои касбӣ ба шаҳрвандон кумак мекунанд, ки то мустақилона зиндагии худро беҳтар созанд.

Марказҳои иҷтимоӣ инчунин ба занони бекор омӯзишҳои касбӣ – дӯзандагӣ, қаннодӣ ё хидматрасонии рақамӣ пешниҳод мекунанд. Натиҷа на танҳо даромад, балки эҳсоси эътимод ба худ ва фаъол шудани иштирок дар ҳаёти ҷомеа аст.

Рақамҳои овардашуда танҳо баъзе аз самтҳои ҳифзи иҷтимоии аҳли ноҳия мебошанд. Бешубҳа, фаъолияти ин марказ омили муҳим дар таъмини адолати иҷтимоӣ, беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти эътимоди шаҳрвандон ба оянда мебошад.

Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: