Дар ҷаҳони муосир технология босуръат рушд мекунад. Яке аз дастовардҳои муҳимтарин дар ин самт зеҳни сунъӣ мебошад. Имрӯз зеҳни сунъӣ дигар танҳо мафҳуми илмӣ нест, балки ба қисми ҷудонопазири зиндагии ҳамарӯзаи мо табдил ёфтааст, ки гоҳо худи мо инро дарк намекунем.
Дар ҳамин маврид савол ба миён меояд, ки ҳоло зеҳни сунъӣ то чӣ андоза метавонад ба пешрафти кишвари мо саҳмгузор бошад? Дар такмили ин соҳа ба кадом ҷиҳатҳо бояд бештар таваҷҷуҳ кард? Мо дар доираи ҳамин гуна саволҳо бо муовини директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Азиз НУРИДИНОВ суҳбат кардем.
– Зеҳни сунъӣ қобилияти компутерҳо мебошад, ки мисли инсон фикр мекунад, корҳоро анҷом медиҳад, тасвирҳоро мешиносад, сухан гуфта метавонад, масъалаҳои мураккабро ҳал менамояд, – гуфт Азиз Нуриддинов. – Зеҳни сунъӣ низомест, ки метавонад маълумотро омӯзад, таҳлил кунад ва дар асоси он қарор қабул намояд.
Дар нимаи асри гузашта олимон ба масъалаи «Компутер ҳам мисли инсон андешида метавонад» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Олими маъруф Алан Тюринг барои дарёфти посух ба саволи «Компутер кай метавонад соҳибақл шавад?» озмоишеро бо номи «Санҷиши Тюринг» анҷом дод. Соли 1956 гурӯҳе аз олимон ҷамъ омада, ин самти нави илмиро «зеҳни сунъӣ» номиданд.
Аз солҳои 1960 дар ин бахш пешрафтҳои назаррас мушоҳида шуданд: компутерҳо шоҳмотбозиро омӯхта, аллакай ба саволҳои одӣ ҷавоб дода метавонистанд. Лекин солҳои 1970-1980 дар такомули зеҳни сунъӣ мушкилиҳо ба чашм расиданд, ки онҳо бо вазъи техникии компутерҳо вобаста буданд. Танҳо пас аз солҳои 1990-ум, яъне баробари ривоҷ ёфтани техника ва пайдоиши интернет, дар соҳаи зеҳни сунъӣ марҳилаи нави рушд оғоз ёфт.
– Имрӯзҳо аксар мардум аз иловаҳои гуногуни зеҳни сунъӣ истифода мебаранд. Ҳоло дар мамлакати мо дар кадом соҳаҳо аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ бештар истифода менамоянд?
– Яке аз соҳаҳое, ки зеҳни сунъӣ бештар мавриди истифода қарор мегирад, соҳаи нақлиёт аст. Масалан, ҳоло аксари ронандагон барои муайян кардани роҳҳои кӯтоҳ, камодаму бехатар ва ҳатто мардум барои мушаххас намудани манзил, аз замимаҳои роҳнамо (локатсия) истифода мебаранд. Чунин замимаҳо ба инсон кумак мекунанд, то зуд ва осон ба манзил расад. Ҳоло дар баъзе кишварҳо идораи мусофиркашонҳои бесамт аз ҷониби робот роҳандозӣ шудааст, ки ин низ дар асоси зеҳни сунъӣ сурат мегирад.
Дар соҳаи тиб низ зеҳни сунъӣ нақши муҳим дорад. Имрӯз табибон бо ёрии барномаҳои махсус натиҷаҳои ташхисро таҳлил мекунанд. Масалан, чунин барномаҳо метавонанд аломатҳои бемориро муайян кунанд ва ба табиб маслиҳатҳо диҳанд. Ин ба табобати саривақтӣ мусоидат мекунад, кори шифокоронро осон ва дақиқтар менамояд.
Дар соҳаи таълим ҳам истифодаи зеҳни сунъӣ хеле вусъат ёфтааст. Имрӯз хонандагон метавонанд дар хона нишаста дарс омӯзанд, агар мавзӯъеро нафаҳманд, онро аз шабакаҳо пайдо намуда, тамошо кунанд. Бо вуҷуди ин ҳама, нақши асосиро омӯзгор мебозад. Зеро назорати раванди таълим, тарбия ва роҳнамоӣ танҳо бо технология имконпазир нахоҳад буд.
– Зеҳни сунъӣ дар радифи афзалият чӣ гуна паёмадҳои нохуш дорад?
– Воқеан, зеҳни сунъӣ дар баробари паҳлӯҳои мусбӣ, ҷанбаҳои манфӣ низ дорад. Масалан, вобастагии зиёд аз технология метавонад ба тафаккури инсон зарар расонад. Баъзе ҷавонон вақти зиёдашонро бо телефон ва интернет мегузаронанд. Дар натиҷа, кам китоб мутолиа менамоянд ва бо одамон муошират намекунанд. Ин ҳолат метавонад ба рушди фикрронӣ ва муносибатҳои байни одамон зарар расонад.
Дар ин маврид, масъалаи асосӣ на дар худи зеҳни сунъӣ, балки дар чӣ гуна истифода бурдани он аст. Зеҳни сунъӣ бояд ба инсон хидмат кунад, на инсон ба он. Агар мо онро дуруст ва бамаврид, бо дарки эҳсоси масъулият истифода намоем, он метавонад зиндагиро беҳтар, омӯзишро осон намояд.
– Аксар бар он назаранд, ки мавҷудияти зеҳни сунъӣ қисман боиси кам гардидани ниёзи корхонаҳо ба кормандон мешавад. Яъне зеҳни сунъӣ ҷойи кори одамонро ишғол мекунад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
– Андешаи «зеҳни сунъӣ кори моро аз дастамон мегирад», начандон дуруст аст. Инро метавонем бо чанд мисоли ҳаётӣ эзоҳ диҳем. Масалан, қаблан ҳисобдорон ҳисобу китобро бо ёрии калкулятор анҷом медоданд, имрӯз бошанд, бо истифода аз барномаҳои муосир фаъолият мекунанд. Ё кормандони бонк: онҳо пештар гузоришҳоро дар коғаз менавиштанд ва ҳоло метавонанд тавассути барномаҳои компутерӣ корро зуд ва дақиқ иҷро намоянд. Дар ин замина, касбҳои нав низ пайдо мешаванд. Имрӯз талабот ба мутахассисони коркарди низомҳои зеҳни сунъӣ, таҳлилгарони маълумот, коршиносони маркетинги рақамӣ ва шахсоне, ки ба масъалаҳои ахлоқи зеҳни сунъӣ машғуланд, афзудааст.
Фарз кардем, дар шуъбаи кредити бонк 10 нафар мутахассис кор мекунанд. Пас аз ҷорӣ шудани зеҳни сунъӣ равандҳои кредитдиҳӣ автоматӣ мешавад. Аммо ин маъноеро надорад, ки он кормандон бекор монданд. Панҷ нафар аз онҳо кор бо зеҳни сунъиро меомӯзанд ва фаъолияти худро боз ҳам самараноктар идома медиҳанд. Се нафар ба кор бо муштариён сафарбар мегарданд ва ду нафари дигар фаъолияти дурусти низоми зеҳни сунъиро назорат ва таъмин хоҳанд кард. Яъне ҷойҳои корӣ аз байн намераванд, балки усули кор тағйир меёбад, аз кормандон малакаҳои нав талаб мешавад ва дар охир самаранокии меҳнат меафзояд.
Хулоса, зеҳни сунъӣ ба шумораи кормандон таъсир намерасонад, балки тарзи корро тағйир медиҳад, имкониятҳои нав фароҳам меорад ва инсонро ба рушд ҳидоят мекунад. Дар ин раванд муҳимтарин омил – омӯзиши пайваста, зуд аз худ кардани технологияи нав ва мутобиқ шудан ба тағйирот мебошад. Ба ин тартиб, зеҳни сунъӣ ба мо на рақиб, балки ёвар аст. Касе, ки онро дуруст истифода мебарад, имкони бештари муваффақ шуданро соҳиб хоҳад шуд.
Сӯҳбаторо Шоҳсанам ЙӮЛДОШЕВА, мухбири «Овози тоҷик».