Самараи ислоҳот: Самарқанд – макони пурҷозиба

  • Самараи ислоҳот: Самарқанд – макони пурҷозиба
  • Самараи ислоҳот: Самарқанд – макони пурҷозиба
  • Самараи ислоҳот: Самарқанд – макони пурҷозиба

Як гурӯҳ вакилони тадбиркорону сармоядорони Ироқро, ки дар мамлакати мо ташриф доранд, дар Самарқанд низ буданд. Дар байни меҳмонони хориҷӣ намояндагони Шӯрои Палатаи савдо, иқтисодиёт ва Кумитаи миллии инвеститсия ҳузур доштанд.

Меҳмонону мизбонон масъалаҳои ҳамкориҳо оид ба саноат, озуқаворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муҳокима намуданд. Диққату эътибори махсус ба масъалаи истеҳсоли маводи гуногуни ниёзи тарафайн ва содироту воридот нигаронида шуд.

Дар чорчӯбаи чорабинӣ вакилони Ироқ ба минтақаи озоди иқтисодии Ургут азми сафар карда, бо фаъолияти якчанд заводу фабрика шинос гардида, ба маҳсулоти хушсифати бозоргир баҳои баланд доданд.

Дар Маркази сайёҳии байналхалқии “Silk Road Samarkand” бо иштироки 150 нафар соҳибкорон аз вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд, Қашқадарё, Сурхондарё ва ғайра анҷумани бошукӯҳи байналхалқӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, раиси Шӯрои Палатаи иқтисодиёти Ироқ Иброҳим Мадлул Увайд Масъуд, раиси садорати Шӯрои иқтисодиёти миллии Ироқ Амир Халаф Алавӣ, ҷонишини раиси Кумитаи миллии инноватсионии Ироқ Салар Муҳаммад Амин ва дигарон доир ба аҳамияти риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳарф заданд.

– Солҳои таҳсил дар мактаб, – барафзуд Иброҳим Мадлул, – мо доир ба таърихи Самарқанд мароқ пайдо карда, орзу мекардем, ки онро бубинем. Ниҳоят бо амри тақдир хушбахтона имрӯзҳо бо чашм дидани ин шаҳри тамаддуни кӯҳнабунёди бостонӣ насиб гашт.

Иштирокчиёни анҷуман бо ёдгориҳои таърихии Самарқанд низ шинос шуданд.

Нахустин бизнес-форуми Ӯзбекистон – Ироқ моҳи декабри соли 2025 дар шаҳри Бағдод баргузор гардида буд.

Зоҳир Ҳасанзода,  мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: