«Шаҳри ҳунармандон» бунёд мешавад

Дар ноҳияи Чуст бо муносибати бунёди «Шаҳри ҳунармандон» санги асоси сохтмон гузошта шуд.

Ба роҳбари вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов дар бораи лоиҳа, инфрасохтор, устохонаҳои истеҳсолӣ, майдончаҳои савдо, павилонҳои намоишӣ ва иншооти хидматрасонӣ, ки барои ҳунармандон таъсис дода мешаванд, маълумот дода шуд.

Қайд кардан лозим, ки «Шаҳри ҳунармандон» дар рушди ҳунарҳои маҳаллӣ, ба ҷавонон омӯхтани касбу ҳунар, ба роҳ мондани тиҷорати маҳсулоти тайёр ва афзоиши салоҳияти сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.

Барои дастгирӣ кардани фаъолияти ҳунармандон ҳамаи шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда, зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис карда мешавад.

Таъкид гардид, ки инфрасохтори маскан бояд ба ҳама қулай бошаду ба руҳияти анъанаҳои миллӣ мувофиқ.

Барои сари вақт ба истифода додани лоиҳа вазифаҳо муқаррар карда шуданд.

Шоҳида ДАМИНОВА, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: