Дар Сурхон аз даврони куҳан ҷойҳои муқаддас зиёданд. Дар ноҳияҳои Тирмиз, Узун, Бойсун ва Сариосиёи воҳа бо ин ном зиёратгоҳҳо ба чашм мерасанд.
Яке аз онҳо, ки имрӯз низ бо номи «Чилдухтарон» шинохта мешавад, дар маҳаллаи Хондизаи деҳаи Хоҷаасмини ноҳияи Сариосиё воқест ва ҳамчун хокҷойи муқаддас зиёратгоҳи мардум гардидааст. Он дар баландие, ки Кӯҳи Сафед номида мешавад, ҷойгир аст. Назар ба ақидаи сокинон, сабаби Кӯҳи Сафед ном гирифтани ин макон он будааст, ки бо барфи пӯшида ва як манзараи хеле зебост. Дар пушти кӯҳ чил дарахти арча ҳаст, ки низ ҳусни зиёратгоҳи «Чилдухтарон» мебошад.
Бино ба ривояте маликае бо чил канизаки худ сайр доштааст. Ногаҳон чандин марди савори асп ҷониби онҳо ҳаракат мекунанд. Дар болои кӯҳ чил духтар куҷо гурехтани худро надониста, аз Худованд илтиҷо менамоянд, ки онҳоро аз мардҳо амон диҳад. Илтиҷои онҳо иҷобат гардида, чил духтар ба чил дарахти арча табдил меёбанд.
Айни замон дар ин мавзеи хушбоду ҳаво чил арчаи сарсабз мавҷуд ва касе ба буридани онҳо майл намекунад, аҳолии гирду атроф арчаҳоро муқаддас мепиндоранд. Барилова, дар паҳлуи зиёратгоҳ қабре бо номи «Хоҷааспон», санги ғайритабиии доирашакл, ки «Санги паҳлавон» ҳам меноманд, ҳамчунин чашмаи «Шакарсеб» низ ҳастанд.
Ногуфта намонад, ки зиёратгоҳҳо бо номи «Чилдухтарон» дар дигар минтақаҳои кишвари азизамон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Сӯх, Бешариқ, Марғелон ва Олтиариқи вилояти Фарғона низ мавҷуд буда, мардуми маҳаллӣ онҳоро чун ҷойи муқаддас пос медоранд. Дар баъзе ривоятҳои оид ба «Чилдухтарон» чил духтар гӯё ба чиҳил санг мубаддал гаштаанд. Онҳо дар намуди харсангҳои азимҷусса намудор мегарданд.
Ҳоло дар кишвари мо, хушбахтона, ба зиёратгоҳҳое, ки дар оғӯши табиат ҷойгиранд, эътибори бештар дода мешавад.
Хулоса, ҷойҳои муқаддас, аз ҷумла зиёратгоҳҳое, ки бо номи «Чилдухтарон» маълуманд, туҳфаи табиати дилфиреби диёрамон мебошанд.
Фикр мекунем, обод кардани онҳо аз ҷумлаи корҳои хайру пурсавоб хоҳад буд, зеро ба наслҳои оянда мерос гузоштани зиёратгоҳҳои ободу зебо низ амали шоиста аст.
Солеҳ МУҲАММАДҶОН. Вилояти Сурхондарё.