2-3 даҳсола пеш аз ин боришот аз миёнаҳои фасли тирамоҳ оғоз меёфт. Ҳоло зимистон дарро накӯфта, алавдони сандалиро бо лой азнав таъмир карда, барои рӯзҳои сарди он омодагӣ медиданд.
Замистони даврони бачагии мо бо сандалӣ мегузашт. Ҳар погоҳӣ ва бегоҳии рӯз чӯғи шохи дарахти тут ё саксавул ба оташдони он андохта ва бо хокистар рӯпӯш карда мешуд. Ба болои кӯрпаи серпахтаи мураббаъи сандалӣ лаълии мисини кандакориро мегузоштанд, ки ҳам як намуди ороиш буду ҳам сатҳи кӯрпаро дар як меъёр нигаҳ медошт.
Мо бародару додарон дар атрофи он қатор шуда мехобидем. Ҳавои хона сард бошад ҳам, дар зери кӯрпа, аз таъсири чӯғи алав тамоми бадани кас гарм мешуд. Аҷоибтаринаш он буд, ки аз холигии тахтаҳои дари даромадгоҳ, ки ба рӯи ҳавлӣ кушода мешуд, барфрезаҳо ба хона медаромаданд ва ҳатто об нашуда, то пагоҳии рӯзи дигар меистоданд ва модарам онро ба рӯи хокандоз рӯфта, бароварда мепартофтанд. Бобои раҳматиям «гармогарм ба сармо баромадан касалиро даъват кардан аст» мегуфтанд ва маҷбур ҷомаву пойафзоли гармро пӯшонда, баъд барои ба кӯча баромадани мо рухсат медоданд...
Устои миришкор сандалиро аз чӯби дарахти тут ё ки зардолу месохт, ки меҳнату машаққати зиёд талаб мекунад. Дарозӣ ва паҳнои сандалӣ якметрӣ, ё ки як метру 20 сантиметрӣ буда, қисми боми аз тахтаҳои суфта таркибёфтаи онро чор сутуни мустаҳкам дошта меистод. Дар самтҳои пешгоҳ ва пойгаки сандалӣ ду чӯби параллел, дар ду паҳлуи он бошад, чор чӯби параллели масофаи байнашон 20х30х20 сантиметрӣ бо ҳамдигар насб мешуданд. Чӯбҳои параллели мобайнӣ вазифаи пойнигаҳдориро иҷро мекард. Баъзе устоён 20 сантиметр пасттар аз боми сандалӣ, аз чор сутуни он чор чӯбро ба шакли перпендикуляр бо ҳам пайваст мекарданд, ки зарферо барои гарм нигаҳ доштани хӯроки он гузоштан мумкин буд. Ин чӯбҳо мустаҳкамии сандалиро қувват низ мебахшад.
Сандалӣ барои барҳам додани касалиҳои ревматизм, артрит, рагкашии пой, шамолхурӣ ва ғайра фоида дорад. Азбаски пой гарм ва аз ҳавои сарду тоза нафас мекашед, дар обутоб ёфтани шуш низ аҳамиятнок аст. Ман инро аз гуфтаҳои амакзодаам Усмон Султонов, ки аз соли 1939 то соли 1947 дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок кардааст, мушоҳида намудам. Аз рӯи нақли ӯ, ҷанговароне, ки зимистони даври бачагиву ҷавониашон дар сандалӣ гузаштааст, дар қаҳратуни сарди солҳои ҷанг, нисбат ба аскарони дигар минтақаҳои иттифоқ ба касалии роҳи нафас камтар дучор мешуданд.
Имрӯзҳо азбаски ҳезум, дарахти тут ва саксавул кам мондааст, дар сандалӣ ба ҷойи алав плитаи барқиро мегузоранд, ки ин нисбати оташ камташвиштар аст. Албатта шифобахшии он авлотар ба чашм мерасад, аммо дар чунин ҳолат риоя намудан ба қоидаҳои бехатарӣ вазифаи аввалиндараҷаи волидон мебошад.
Алимурод Темиров, ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.