Маҷмааи чорводории ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «KAUSAR TEGIRMON»-и ноҳияи Тахтакӯпири Ҷумҳурии Қароқалпоқистон соли 2024 таъсис ёфтааст.
Хоҷагӣ бо истифода аз қарзи имтиёзноки 32 миллиард сӯмии «Агробонк» аз кишварҳои Олмон, Дания ва Украина 120 сар чорвои зоти «Симентал» ворид намудааст.
Айни замон шумораи умумии чорвои хоҷагӣ ба 170 сар расидааст. Аз чорвои зотӣ дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 400 литр шир гирифта шуда, он дар сехи назди хоҷагӣ коркард мегардад. Маҳсулоти ширӣ тибқи шартнома ба муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия расонда мешаванд.
Суратгир: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).