Фолномаи Ҳофиз

Эй Ҳофизи Шерозӣ, Ту кошифи ҳар розӣ.

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Дили шайдо» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.

Дили шайдо

Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,

Хок бар сар кун ғами айёмро!

Соғари май бар кафам неҳ, то зи сар

Баркашам ин далқи азрақфомро.

Гарчи бадномист назди оқилон,

Мо намехоҳем нангу номро.

Бода дардеҳ, чанд аз ин боди ғурур

Хок бар сар нафси нофарҷомро!

Бо дилороме маро хотир хуш аст,

К-аз дилам якбора бурд оромро.

Сабр кун, Ҳофиз, ба сахтӣ рӯзу шаб,

Оқибат рӯзе биёбӣ комро.

Ғусса зиёд нахӯр ва ғам ба дил роҳ мадеҳ, бо андаке талошу баҳрагирӣ аз ҳамфикрии дӯстони самимию якранг ва бузургтарҳо мушкилот бартараф мешавад. Дар интихоби дӯстон бисёр дақиқ бош ва ҳар киро, ки лофи дӯстӣ мезанад, ёр мапиндор. Дар сахтиҳо сабур бош.

Таснифи Парвизи Иззатулло.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: