Мулоқоти рӯ ба рӯ бо аҳолӣ имкон медиҳад, ки роҳбарон аз мушкилоти мардум огоҳ гардида, баҳри ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда бештар кумак расонанд.
Ҳокими ноҳияи Тӯрақӯрғон Шералӣ Қосимов бо сокинони маҳаллаҳои Ӯртақишлоқ, Калвак ва Маҷнунтол мулоқот намуд.
Шаҳрвандон оиди масъалаҳои таъмири роҳҳои дохилӣ, бартараф намудани бекорӣ, кумаки моддӣ барои кредити таълим, табобат, хонаву ҷо, расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои кадастр ва барои боғдорӣ ҷудо кардани замин кумак пурсиданд.
Дар ҷараёни қабул иҷрои амалии муроҷиатҳо ба масъулони соҳаҳо таъин карда, иҷрои он ба назорат гирифта шуд ва аз тарафи роҳбари ноҳия супориш дода шуд, ки масъулони соҳаҳо шахсан ба ҷойҳо рафта, онҳоро омӯзанд.
Ба баъзе масъалаҳо, ки ҳаллаш вақт талаб мекунад, аз тарафи мутахассисон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд ва онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда баррасӣ хоҳанд шуд.
Шоҳида ДАМИНОВА, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.