Дар маҳаллаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз бар асоси технологияҳои нави инноватсионӣ иншооти яхчоли сунъӣ сохта шуданд.
Дар ин бора Хадамоти матуботи ҳокимияти ноҳия хабар дод.
Зикр шудааст, ки дар мавсими сармо обро дар шакли ях нигоҳ дошта, дар баҳор ва тобистон оби онҳоро барои обёрӣ ва эҳтиёҷоти хоҷагӣ истифода намудан пешбинӣ шудааст.
Ин яхчолҳои сунъӣ дар доираи лоиҳаи «Барномаи арзёбии таъсири низомҳои озуқавории Ӯзбекистон ба истифода ва барқарорсозии замин», ки бо ҳамкории Намояндагии ФАО дар Ӯзбекистон, Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим ва Вазорати кишоварзӣ амалӣ мегардад, маблағгузорӣ шудаанд.
Ҳоло дар маҳаллаи Сарчашма ҷамъ 4 сутуни яхсори сунъӣ бунёд шудааст, ки ҳар кадоми онҳо дар фасли зимистон метавонанд то 450 метри мукааб об ҷамъ намоянд. Аз онҳо дар фаслҳои баҳор ва тобистон бидуни мушкил истифода намудан мумкин аст.
Ин технология неру талаб намекунад, аз лиҳози экологӣ бехатар аст ва ба шароити маҳаллӣ мутобиқшаванда. Дар оянда дар дигар минтақаҳои кӯҳии кишвар ҷорӣ намудани ин таҷриба ба нақша гирифта шудааст.