Дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Маркази медиа кушода шуд.
– Бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон барои соҳиби дониши қомусӣ гардидани насли наврас тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, – гуфт ба меҳмонону мизбонон ректори донишкада, доктори фанҳои филологӣ, профессор Баҳодур Холиқов, – далели раднопазир дар донишкадаи мо таъсис ёфтани Маркази медиа мебошад, ки дорои таҷҳизоти муосир ва технологияи инноватсионӣ аст.
Боиси хушнудист, ки барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ платформаи дарсҳои видео, машғулоти кушоди профессору муаллимони номдор, таъсиси рӯзномаи «Янги Ренессанс», радиостансияи дохилӣ, сабту пахши мақолаҳои ҷолиби диққат ва ғайра амалӣ хоҳад шуд.
Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.