Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ гардида, дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ вазифаҳои нав муайян гардиданд

  • Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ гардида, дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ вазифаҳои нав муайян гардиданд
  • Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ гардида, дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ вазифаҳои нав муайян гардиданд
  • Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ гардида, дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ вазифаҳои нав муайян гардиданд
  • Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ гардида, дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ вазифаҳои нав муайян гардиданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев аз рӯйи таҳияи чорабиниҳои таҷрибаи намунавӣ ҷиҳати ташаккули муҳити бехатар ва таъмини босамари амнияти ҷамъиятӣ дар шаҳри Тошканд ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки шаҳри Тошканд мавқеи худро ҳамчун маркази иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ боз ҳам мустаҳкам намуда, бо як сухан, сатҳи рушди иқтисодӣ дар пойтахт ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, ҳар ҷо ҳаёт беҳтар шуда, даромад афзояд, ҳамон ҷо сохторҳои ҷиноятӣ, ки барои дарёфти маблағ «бо роҳи осон» майл доранд, фаъол мешаванд ва усулу воситаҳои нави ҷинояткорӣ низ пеш аз ҳама, дар чунин маконҳо ба вуҷуд меоянд.

Зикр гардид, ки низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқ бо тағйирот дар пойтахт кор намебаранд. Барои ҷумҳурӣ намуна шуда натавонистани роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт, сарфи назар аз мавҷуд будани захира, қувваю воситаҳо ва иқтидори илмӣ, то ҳол аз қолабҳои кӯҳна берун рафта натавонистани онҳо танқид карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ маҳаки асосӣ профилактикаи маҳалла мебошад. Бинобар дуруст ташкил нагардидани кори хадамоти профилактикӣ дар шаҳри Тошканд, ҷамъ шудани мушкилоти зиёд қайд гардид.

Дар байни 208 ноҳияи ҷумҳурӣ ноҳияи Чилонзор аз рӯи ҳолатҳои зӯроварии оилавӣ, ғоратгарӣ ва авбошӣ, Юнусобод аз рӯи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар ҷойи аввал қарор доранд. Ё худ соли гузашта дар Яшнобод ва Миробод ҳолатҳои сӯиқасд, дар Олмазор ҷароҳатбардорӣ ва дар Шайхонтоҳур ғоратгарӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.

Дар робита ба ин, ба сардори Сарсадорати корҳои дохилии шаҳри Тошканд Р. Султонхоҷаев ва иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳри Тошканд А. Ӯрмонов “ҳайфсан” дода шуда, барои онҳо муҳлати санҷишии шашмоҳа таъин гардид.

Инчунин зикр гардид, ки ҳамкории Гвардияи миллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ҷиҳати таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар бозорҳои калон ва ҷойҳои серодам дар сатҳи зарурӣ нест.

Дар фаъолияти муовини ба технологияҳои иттилоотӣ масъули вазири корҳои дохилӣ то ҳол ба чашм нарасидани натиҷаҳои назаррас дар самти рақамисозии низом танқид гардид. Кори Садорати мубориза бо ҷиноятҳои киберии вазорат суст арзёбӣ шуд.

Президент қатъият надоштани масъулонро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, инчунин барои расидан то манбаъ ва сарпарастони охирини наркоканалҳоро танқид кард.

Ҳамчунин бобати қатъ ва пешгирии фаъолияти ашхосе, ки дар хориҷа гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ таъсис дода, дар он ҷо ҳатто шаҳрвандони худамонро тороҷ мекунанд, нокифоя будани чораҳо зикр гардид.

Таъкид гардид, ки фаъолияти мақомоти андози пойтахт дар самти мубориза бо иқтисодиёти пинҳонӣ ва маъмурияти андоз комилан ғайриқаноатбахш аст. Дар Кумитаи андоз ҳолатҳои сунъӣ зиёд кардани андози арзиши иловашуда ва ғайриқонунӣ баргардонидани он аз буҷет афзудааст.

Муовини якуми раиси кумита М. Мирзоев, ки ба ин самтҳо ҷавобгар аст, аз вазифа сабукдӯш гардид.

Сарвари давлат гуфт, ки дар ҶС «Ӯзбекнефтегаз» ва Агентии идораи дороиҳои давлатӣ толону тороҷи миллиардҳо сӯм ошкор шудааст.

Масалан, шахсони мансабдори Агентии идораи дороиҳои давлатӣ қитъаи заминеро, ки арзиши бозории онҳо на кам аз 250 миллиард сӯм буд, ба музоядаи пӯшида бароварда, ба 120 миллиард сӯм фурӯхтаанд. Аз ин рӯ, директори агентӣ А. Ортиқов аз вазифа озод карда шуд.

Чанде пеш дар Администратсия ва дигар идораҳои давлатӣ низоми комплаенс ва назорати дохилии зиддикоррупсионӣ роҳандозӣ шуд.

Таъкид гардид, ки дар муҳлати кӯтоҳ аз рӯи воридоти буҷет, ҳолатҳои толону тороҷ ва камбудиҳои молиявӣ ба маблағи 53 триллион сӯм, инчунин дар амалиёти савдои хориҷӣ беш аз 8 миллиард доллар қарздории барзиёд ошкор шуд, ки хеле таассуфовар аст. Дар доираи схемаҳои коррупсионӣ 4,2 триллион сӯм зарар муайян гардида, 1,3 триллион сӯм ситонида шуд, 55 нафар ҳабс гардиданд.

Масалан, дар низоми Вазорати корҳои дохилӣ дар харидҳои давлатӣ аз худ намудани 186 миллиард сӯм маблағҳои буҷетӣ ошкор гардида, нисбат ба муовини вазир Б. Абдуллоев ва сардори департамент Р. Турсунов парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Таъкид шуд, ки вақти бозбинӣ ва баррасии ҷиддии фаъолияти масъулон барои амнияти идораҳои давлатӣ ва корхонаҳо фаро расидааст.

Зикр гардид, ки идораҳои масъул зимоми мубориза бо ҷинояткории муташаккил, гардиши маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва иқтисоди пинҳониро бояд ба даст гиранд.

Дар ин чор самт низоми комилан нав офарида шуда, раванд пеш аз ҳама аз шаҳри Тошканд оғоз мешавад. Аз ҷумла, оид ба ташкили муҳити бехатар «намунаи пойтахт» ҷорӣ мегардад.

Президент низоми навро дар мисоли ноҳияи Чилонзор шарҳ дод. Дар ноҳия идоракунии нерӯю воситаҳои амнияти ҷамъиятӣ ба таври нав ташкил мегардад. Хидматҳои пост-патрул, роҳ-патрул, посбонӣ ва профилактика ба низоми хидматии шабонарӯзӣ дар се баст мегузаранд. Он низоме хоҳад шуд, ки ҳангоми расидани хабар дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ, гурӯҳҳои патрулӣ дар давоми 5 дақиқа дар ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад.

Дар маҳаллаҳо панҷ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия бевосита хидмати шабонаро ташкил мекунанд. Онҳо шабона ҳамаи ваколатҳоеро, ки роҳбар дорад, соҳиб шуда, мустақилона қарор қабул менамоянд ва масъулиятро низ пурра ба дӯш мегиранд.

Барои ҳар соати хидмати шабона дар ҳаҷми 5 фоизи ҳисобкунии базавӣ пардохтани ҷубронпулӣ ба кормандони корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ муайян гардид.

Дар ҷойҳои серодам дар асоси таҷрибаи пешқадам назорати патрулӣ бо ёрии дронҳо ба роҳ монда мешавад.

Кормандони корҳои дохилии ноҳияи Чилонзор, новобаста аз соҳа ва минтақаи фаъолият, муроҷиати шаҳрвандонро қабул мекунанд: муроҷиат ба корманди расмӣ дар кӯча, бо хабар додан ба рақами “102” ҳамсон мешавад.

Дар дари утоқи хидматии нозири профилактикии тамоми 55 маҳаллаи ноҳия барои иртиботи фаврӣ тугмаи алоқа насб карда мешавад. Яъне, нозири профилактикӣ дар куҷое набошад, аҳолӣ метавонанд шабу рӯз ба телефони мобилӣ ва планшети ӯ тамос гиранд.

Сарвари давлат ба масъалаи мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир алоҳида таваққуф намуд.

Зикр гардид, ки 95 фоизи маводи мухаддири синтетикӣ тавассути интернет паҳн шуда, пардохтҳо бо криптовалюта анҷом меёбанд ва дар дохили кишвар нарколабораторияҳо ташкил мешаванд.

Инчунин, дар қонунгузорӣ низ вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт дақиқ муайян нашудаанд. Танҳо бо таҳлил ва ҳамкории байналмилалӣ маҳдуд гардидани фаъолияти Агентии назорати маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон мавриди танқид қарор гирифт. Минбаъд масъулияти агентӣ тақвият ёфта, ба он ҳамоҳангсозӣ, назорат ва арзёбии кори идораҳои мутасаддӣ вогузор мегардад.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар фазои фаромарзӣ ва виртуалӣ низоми ягона роҳандозӣ намоянд. Дар Вазорати корҳои дохилӣ хидмати алоҳида оид ба ҷинояткории муташаккил таъсис дода мешавад.

Таъкид гардид, ки соли гузашта дар ҳайати гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккил, ки дар пойтахт боздошт шуданд, 259 нафар ҷавонон ва варзишгарони мансуби тоифаи «вазнин» мебошанд ва ин ҳолати нигаронкунанда аст.

Зикр шуд, ки аксар варзишгарон ба авбошии кӯча табдил меёбанд ва дар маҳалҳо ҳолатҳои ташкили ҷангҳои пинҳонӣ барои пул афзоиш ёфтааст. Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар ин самт назоратро ташкил намуда, барои бозомӯзии касбӣ ва бо ҷойи кори мутобиқи иқтидор таъмин намудани ҷавононе, ки бо намудҳои варзиши размӣ машғуланд, низоми навро роҳандозӣ намоянд.  

Имрӯз ғояҳои гуногуни радикалӣ ва ифротӣ ба заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон тавассути технологияҳои иттилоотӣ кӯшиш доранд. Таъкид гардид, ки танҳо бо ҷазо додан ва манъ намудан, наметавон ин мушкилро ҳал кард.

Минбаъд дар ҳар як ноҳияи пойтахт фаъолияти “Гурӯҳҳои бозгардонӣ” ба таври доимӣ ташкил карда мешавад.

Ҷиноятҳои киберӣ рӯз ба рӯз афзуда, намудҳои онҳо аз 18 то 62 расидааст. Бахусус, дуздидани маълумоти шахсӣ, тақлиди овоз ва симои инсон бо истифода аз зеҳни сунъӣ, инчунин паҳн кардани файлҳои зараровар вусъат ёфтааст. Маблағҳои азхудшуда дар шакли криптовалюта ба хориҷ бароварда мешаванд.

Таъкид гардид, ки барои ошкор ва пешгирии фаврии чунин ҷиноятҳо бояд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ технологияҳои киберӣ ва зеҳни сунъиро амиқ аз худ намоянд.

Бо ин мақсад, дар Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҷиноятҳои киберӣ департаменти алоҳида таъсис ёфта, ба он вазир масъул мегардад. Дар Вазорати адлия оид ба ҷиноятҳои киберӣ ва ҳуқуқи рақамӣ садорати алоҳида ташкил карда мешавад.

Зикр гардид, ки масъалаи бартараф намудани бесуботии кадрҳо, инчунин мунтазам ҳавасманд кардани мутахассисони соҳибтаҷриба ва фидокор таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор хоҳад гирифт.

Аз ин рӯ, бобати дастгирии минбаъдаи нозирони профилактикӣ ва баланд бардоштани нуфузи онҳо дар ҷомеа як қатор навгониҳо эълон карда шуданд. Аз ҷумла, аз 1 июли соли ҷорӣ ба кормандони профилактикаи пойтахт барои собиқаи бисёрсолаи хидмат дар ҳамин соҳа то 5 миллион сӯм иловапулӣ дода мешавад. Аз 1 феврал барои онҳое, ки муассисаҳои олии ҳуқуқиро хатм карда, ба низоми корҳои дохилӣ ба кор медароянд, солҳои таҳсил дар боргоҳи таълимӣ низ ба собиқаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад.

Барои кормандоне, ки аз вилоятҳо омада, дар мақомоти корҳои дохилии пойтахт фаъолият мекунанд, пардохти моҳона барои иҷораи манзил аз 1,8 миллион сӯм то 3,1 миллион сӯм баланд бардошта мешавад. 30 фоизи хонаҳое, ки барои кормандони корҳои дохилӣ сохта мешаванд, танҳо ба нозирони профилактикӣ тақдим мегарданд.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки лоиҳаи фармонро оиди ба низоми нав гузаронидани фаъолияти сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки бевосита бо аҳолӣ кор мекунанд, масъули амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошанд, пешниҳод намоянд.

Барои ин воҳидҳо меъёрҳои ягонаи адои хидмат, фарҳанги муомила, ҳаракати фаврӣ, истифодаи қувва ва силоҳ ҷорӣ гардида, онҳо ба сохтори хидматрасон табдил дода мешаванд.

Зарурати тақвияти низоми адлия низ таъкид гардид. Ба сифати қадами аввал дар ин самт, низоми аз «аудити ҳуқуқӣ» гузаронидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби Вазорати адлия роҳандозӣ мешавад. Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» таҳия гардида, нақш, вазифаҳо ва ваколатҳои нави мақомоти адлия муайян мегарданд.

Сарвари давлат инчунин зарурати такмили ҳуҷҷатҳои қонунии мавҷуда ва қабули санадҳои навро дар дигар соҳаҳое, ки баррасӣ шуданд, таъкид намуд.

Нисбат ба масъулоне, ки дар фаъолияти худ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, чораҳои ҷавобгарӣ муайян гардида, супориш дода шуд, то нисбат ба онҳо таъмини волоияти қонун таъмин гардад.

Дар ҷамъомад ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: