Назаре ба рӯзгори донишманде аз Кешрӯд

Кешрӯд ҳамчун яке аз марказҳои Суғди бостонист, ки бо таърихи куҳан, табиати зебову нотакрор, мардуми боғайрату шуҷоъ ва ҳунармандаш машҳур гаштааст. Фарзандони номбардори ин сарзамин дар инкишофи илму фарҳанг, адабиёту санъати мардуми Шарқ саҳми босазо гузоштаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорон олимону орифони Кешрӯди бостонӣ бо осори илмӣ ва адабии хеш роҳи аҳли башарро равшан намудаанд. Яке аз чунин олимони номбардори Кешрӯд, устоди шинохта, профессори кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҳусен Худоёрзода мебошад, ки дар тӯли фаъолияти зиёда аз чилсолаи хеш барои таҳқиқу баррасӣ намудани илми педагогика ва таълиму тарбияи ҳазорон нафар фарзандони миллат заҳматҳои зиёд кашид.

Худоёрзода 28-уми январи соли 1961 дар деҳаи Дуоби ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Деҳқонобод таҳсил намудааст. Пас аз хатми мактаб орзуи илм ва маърифат Ҳусени ҷавонро ба пойтахти Тоҷикистон овард. Сараввал дар сохтмон фаъолият карда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ҷавонмардии хешро адо намуд. Орзуи деринаи соҳиб шудан ба маълумоти олӣ ӯро ба Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) овард. Дар факултаи математика-физика аз устодони варзида илму адабро омӯхта, соли 1987 онро бо дипломи имтиёзнок хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиро бо роҳхати донишкада ба ҳайси омӯзгори математика ва физика дар мактаби миёнаи 31-уми ноҳияи Комсомолобод (феълан ноҳияи Нуробод) оғоз мекунад.

Соли 1989 бо дархост ва таклифи устодонаш фаъолияти хешро дар донишгоҳ дар вазифаи лаборанти кафедраи методикаи таълими физика давом медиҳад. Аз соли 2024 ба вазифаи иҷрокунандаи профессори кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ фаъолият бурда истодааст.

Дар қатори фаъолияти педагогӣ Худоёрзода  барои таҳқиқу баррасии таълими ибтидоӣ ва педагогика ҷиддан машғул шуда, соли 2010 дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии ташаккул додани донишҳои элементарӣ доир ба фанҳои табиӣ дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ» рисолаи номзадии хешро ҳимоя намудааст ва то ба имрӯз оиди мавзӯъҳои мухталифи педагогика мақолаву рисолаҳои зиёдеро ба табъ расонидааст.

Фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва педагогии ӯ хеле домандор аст. Ӯ дар мавзӯъҳои мубрам ва баҳсталаби таълими ибтидоӣ ва педагогика ҷустуҷӯйҳои заҳматталаби илмиро анҷом дода, фушурдаҳои тадқиқоти хешро дар зиёда аз 380 мақолаи илмӣ ҷамъбаст намудааст. Осори илмии устод дар шакли 1 монография, 2 китоби дарсӣ, 24 воситаи таълимӣ, 8 барномаи таълимӣ нашр шудааст. Дар байни осори ӯ асарҳои муҳимтарини методӣ ҷой доранд, ки то ҳол дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо истифода мешаванд. «Маҷмӯи кор бо мактаббачагони хурдсол доир ба шинос кардани онҳо бо ҷузъиёти физика» (2007), «Нишондодҳои методӣ оид ба кори курсӣ аз методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» (2012), «Формирование познавательных интересов к естественным элементарным знаниям у младших школьников...» (2019), китоби дарсии «Математика» (2021), Дастурҳои «Практикуми математикаи мактабӣ» (бо нашрҳои такрорӣ ва навсозишуда то соли 2023), «Назария ва практикуми ҳалли масъалаҳои матнии математикӣ» (2020) ва ғайра аз ҷумлаи асарҳои муҳими номбурда ҳисобида мешавад.

Дар давоми фаъолияти педагогӣ таҳти роҳбарии устод 4-нафар рисолаи номзадӣ, зиёда аз 40 магистр диссертатсияи магистрӣ ва садҳо нафар бакалаврҳо рисолаҳои хатмӣ-малакавии хешро ҳимоя намуданд.

Ҳудоёрзода устоди ниҳоят сахтгир ва дар айни ҳол машваратгару маслиҳатгӯи муаллимони ҷавону донишҷӯён мебошанд. Бо донишҷӯён муомилаи самимӣ дошта, барои ҳаллу фасли муаммоҳои онҳо ҳамеша камари ҳимматро баста, роҳи ҳалли муамморо нишон медиҳанд ё ин ки худ шахсан аз паи ҳалли масъала мешавад. Инро мо дар мисоли ҳамкориҳои байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд диданамон мумкин аст. Дар арафаи Наврӯзи соли 2024 бо сафари хидматӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштем. Хостем ба факултаи педагогикаи Донишгоҳи омӯзгорӣ равему равобити ҳамкориро мобайни донишгоҳҳоямон барқарор созем. Моро декани факулта Ғайратшо Азаматзода  қабул кард ва доир ба факулта маълумот дода, «Шуморо бо ҳамватанатон шинос мекунам» гӯён ба кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ бурд ва бо устод Худоёрзода ошно намуд. Устод Худоёрзода моро хуш пазируфта, доир ба сохти таълимии донишгоҳ, ҷамоаи устодон ва васоити таълимӣ, ки устодони кафедра дар соҳаи таълими ибтидоӣ иншо намудаанд, шинос намуд. Инчунин барои китобхонаи донишкада аз китобҳои олимони донишгоҳ зиёда аз панҷоҳ адад китобҳои заруриро тӯҳфа намуд. Бо саъю кӯшиши Худоёрзода ва камина имрӯзҳо ҳамкориҳои илмӣ ва педагогии ҷамоаи устодони Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хеле ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Якчанд олимону магистрон ва устодон дар конференсияҳои байналхалқӣ дар ҳар ду муассисаи таълимӣ бо мақолаҳои хеш баромад намудаанд. Инчунин, устод бо олимони донишкадаи мо барои толибилмон васоити таълимиро таҳия намуда истодаанд.

Хидматҳои шоёни Худоёрзода аз ҷониби донишгоҳ ва ҳукумати Тоҷикистон борҳо қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла солҳои 2001, 2017 бо «Ифтихорномаи донишгоҳ», соли 2002 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2012 бо нишони сарисинагии «Хизмати шоиста» сарфароз шудааст.

Илми педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ имрӯзҳо аз устод мақолаву китобҳои зиёди арзишмандро интизор аст. 

Мо устоди азизро бо 65-умин солгарди умрашон таҳният намуда, барояшон рӯзгори пур аз нишоту комронӣ таманно дорем. Бигузор чун накҳати баҳорӣ тару тоза ва чун дарахти чанор муаззаму тавоно бошанд:

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,

Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.

Чу Сино оқилу фархунда бошӣ,

Чу Ҷомӣ дар дилу бар дида бошӣ.

Нодир Қаюмов,

дотсенти Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд.

Асадбек Юсупов,

магистранти Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: