Духтаре, ки Ҳарвард ӯро интихоб кард.

  • Духтаре, ки Ҳарвард ӯро интихоб кард.
  • Духтаре, ки Ҳарвард ӯро интихоб кард.

Хонандаи синфи 11-уми Мактаби президентии шаҳри Фарғона Дилафрӯз Собирова ба яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон – Донишгоҳи Ҳарварди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таҳсил қабул гардид.

 Ӯ дар риштаи «Биологияи интегративӣ» (Integrative Biology) таҳсил намуда, соҳиби гранти 100-фоиза гардид, ки тамоми хароҷоти таҳсилоти чорсоларо пурра мепӯшонад.

Тибқи маълумот, арзиши умумии гранте, ки ба Дилафрӯз Собирова пешниҳод шудааст, 392 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин грант на танҳо ҳаққи таҳсил, балки хароҷоти зист, ғизо ва дигар ниёзҳои зарурии донишҷӯро низ дар бар мегирад.

Дилафрӯз Собирова дар имтиҳонҳои байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додааст. Аз ҷумла, ӯ дар имтиҳони IELTS 8.0 хол ва дар имтиҳони SAT 1540 хол ба даст овардааст. Ҳамчунин, аз забони олмонӣ дар имтиҳони Multilevel дараҷаи B2-ро соҳиб шудааст.

Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: