Агар ҳақиқат сарфи назар шавад... (Поёни таҳқиқоти журналистӣ)

«Агар аз паси шумо кадоме корд занад, ба пас нанигаред, чунки он ҷо фақат одамони худиро мебинед».

Мо оиди ин зани қавиирода дар «Овози тоҷик» маводеро таҳти номи «Моли давлатро дигарон ба тороҷ мебаранд» (10.02.21, №12) ва «Чоҳкан – зери чоҳ» (12.07.2025, №56) нашр намуда будем...

...Вақте ки Шоира Исроилова дар мақоми мудири шуъбаи маъмурӣ-хоҷагии Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилояти Фарғона кор мекард, бидуни ҳуҷҷати расмӣ нагузошт, ки чанд мошин бору маводи давлат аз дарвозаи анбори корхона берун равад. Ба вай гуфтанд, ки ин амри директори генералии корхона Дилшод Ҷалилов мебошад, аммо вай бо ҳамон устуворӣ ҳарфҳои худро такрор кард:

– Ман наметавонам ва ҳақ надорам, ки моли давлат бе ҳуҷҷати расмӣ қаламрави корхонаро тарк кунад!

Аз ҳамон рӯз сар карда ба ҷомаи роҳбарони корхона кайк даромад ва онҳо дар пайи аз корхона дур кардани ин «зани гапнодаро» афтоданд. Онҳо медонистанд, ки бе сабаб аз кор сабукдӯш кардани ин ё он коргар хилофи қонунгузориҳо мебошад. Барои ҳамин онҳо аз роҳу усулҳои дигар истифода намуданд, то ки Шоира Исроилова аз карда пушаймон ва ба дару дарвозаи ин корхона дигар роҳ наёбад.

Ҳамон мақоли «Бозӣ накун бо арбоб, арбоб занад бо ҳар боб» рост будааст магар, ки мудири шуъбаи маъмурӣ-хоҷагӣ ба кӯйи сарсониву саргардониҳо афтид. Ҳафт соли расо дари идораҳои гуногунро «охурча» кард, то ба имдоди вай бирасанд. Аммо ин тавр нашуд, ки нашуд.

– Ҳар ҷо мерафтам ва мегуфтам, ки айбномаҳои ба ман нисбат додашудаи муфаттишону додрасонҳо асоси воқеӣ надоранд, аммо мисли мақоли дигари «Туро газад, маро чӣ ғам» касе ба ҳарфам гӯш намедод. Ростӣ, баъзан ҳарфҳоямро мешуниданду кадоме механдид, кадоме бо тамасхур ба рӯям дуру дароз нигоҳ мекард ва чизе намегуфт, кадоме аз рӯйи тараҳҳум маро танҳо дилбардорӣ мекарду бас, – мегӯяд Шоира Исроилова.

Тибқи одату вазифа вай маводи мавриди эҳтиёҷи ин ё он шаҳру ноҳияро, ки ба беҳбуди таъмини барқ ва ё тармими трансформаторҳо ва амсоли он вобаста мебошад, баъди расмӣ кунонидани ҳуҷҷатҳои он иҷоза медод, ки аз анбори корхона гирифта баранд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ба ҷои таърифу тавсиф ва мукофот барои садоқату ҳалолкорӣ  маъмурият дар пайи рондани ӯ афтодааст. Ҳатто ба посбонони дарвоза амр кардаанд, ки ҳар вақт Шоира Исроилова ба корхона биёяд, нагузоранд, ки ӯ вориди корхона шавад.

– Кор ба ҷое расид, ки собиқ директори генералии корхона Дилшод Ҷалилов чашм надошт, ки ба рӯи ман нигарад, ҳатто ба душмани рақами якуми ман табдил ёфт. Дарк намудам, ки ин арбоб ба ҳар боб маро шиканҷа хоҳад дод. Аз ин лиҳоз бо ҳушёрӣ корамро давом медодам. Агар чунин накунам, имкон дошт, ки барои бе ҳуҷҷат аз анбор баровардани ягон молу мавод худи маро гунаҳкор хоҳанд кард, – гуфт ҳамсуҳбатам.

Тавре ки вай боз таъкид варзид, агар медонист, ки кор ба ин дараҷа сурат мегирад, шояд раҳи кори дигареро пеш мегирифт. Ҳатто дӯстонаш бо маслиҳати ҳамдигар вайро ба мақоми раиси ҷамоати шаҳрвандони яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Фарғона пешбарӣ карданӣ шуданд ва хостанд, ки ба ин васила вайро аз азияту сарсониҳо наҷот диҳанд. Вале вай розӣ нашуд ва гуфт, ки агар ба ҳарфи онҳо сар фарорад, баъзе ҳамкорони ғаразнокаш хурсанд хоҳанд шуд, ки оқибат ӯро аз дару даргоҳи корхона тавонистанд дур кунанд.

– Дар куҷое хонда будам: «Агар аз паси шумо кадоме корд занад, ба пас нанигаред, чунки он ҷо фақат одамони худиро мебинед». Як гурӯҳ занҳои ҳамкорам буданд, ки ба ҳолам механдиданд ва ошкоро маро ҷинояткор меномиданд, аз атрофиён даъват мекарданд, ки худро аз ман дур гиранд. Ҳатто дар ҷараёни яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ чанд нафари онҳо бо валвала аз раисикунандаи мурофиа – вакили додрасонӣ талаб намуданд, ки бе ҳеч дудилагӣ маро ба ҳабс маҳкум кунад, зеро ғайр аз ҷиноятҳое, ки гӯё ман содир кардаам, аз корҳои фаҳш иборатанд, ки ба шаъни зан рост намеояд. Ана ҳамин ҳарфҳои тӯҳматомез водорам намуд, ки бо қатъияти том муборизаро идома диҳам ва собит созам, ки дар тороҷгарии амволи давлат ҳаргиз даст надорам, балки маҳз онҳое машғули чунин аъмол ҳастанд, ки дар мақомоти раҳбарии корхона нишастаанд, – мегӯяд ва меафзояд: – Медонед, Дилшод Ҷалилов ва нафаре, ки баъди ӯ ин мақомро дар корхона ишғол кард – Азиз Сайдалиев тамоми имкониятҳоро ба кор бурданд, ки ман паси панҷара равона шавам. Аммо дилам гувоҳӣ медод, ки адолат ҳатман тантана мекунад ва ҳақиқат рӯйи об мебарояд. Аммо барои ин тақрибан ҳудуди 2 ҳазору 555 шабонарӯзро бо чашми тару дили ғамнок сипарӣ намудам.

Роҳбарони корхона дидаанд, ки ин зан бо устуворӣ ва қатъияти худ ва ҳа-қиқатҷӯйӣ онҳоро мағлуб хоҳад кард, аз додгоҳи маъмурӣ даст кашидаанд ва ба додгоҳи ҷиноӣ муроҷиат карданд. Тибқи муроҷиат гӯё Шоира Исроилова 124 миллион сӯмина маводи корхонаро ба тороҷ бурда, худро шахси бегуноҳ нишон медиҳад. Онҳо барои ба зиндон равона кардани ӯ роҳи дигарро интихоб кардаанд: калиди утоқашро аз пешаш бо таҳдид кашида гирифта, ҳуҷҷатҳои шуъбаи маъмурӣ-хоҷагиро аз сандуқ рабудаанд ва пинҳон намудаанд.

– Онҳо бехабар аз он буданд, ки ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ кардаам, дар акси ҳол маъмурияти корхона метавонист балоҳои аз ин бештарро ба сарам биёранд. Як нусхаи ҳуҷҷатҳоро ба муфаттиши прокуратураи шаҳр тақдим намудам. Аммо сонӣ фаҳмидам, ки муфаттиши додситонии шаҳр хостаҳои Дилшод Ҷалилов ва мудири шуъбаи кадрҳо Улуғбек Мирзоевро иҷро мекардааст. Барои ҳамин ин ҳуҷҷатҳоро нодида гирифтааст ва корҳои тафтишотиро якҷониба анҷом додааст, то ки маро дар курсии ҷиноӣ шинонад, – мегӯяд Шоира Исроилова.

Вай боз ёдовар шуд, ки баъди судури қарори Додгоҳи олӣ ва сафед шудани номаш ба унвони додситони вилоят ариза навиштааст, ки собиқ директори генералӣ Дилшод Ҷалилов, ҷонишини ӯ Эрнест Ибрагимов, инчунин муфаттишоне, ки қазияи ӯро якҷониба баррасӣ кардаанд, бояд ба ҷазо кашида шаванд.

Дар ин маврид дар поён дубора таваққуф хоҳем кард.

Ҳоло ба он нукта таваҷҷӯҳи муштариро ҷалб мекунем, ки мудири шуъбаи кадрҳои Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилоят Улуғбек Мирзоев бо ҷурми фасодкорӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтааст ва ба додгоҳ кашида шудааст. Вай ҳоло муҳлати ҷазоро дар яке аз маҳбасҳо пушти сар менамояд. Аммо Дилшод Ҷалилов ва ҷонишини ӯ Эрнест Ибрагимов ҳанӯз дар сари коранд ва касе пишаки онҳоро пишт нагуфтааст: яке ҳокими ноҳияи Ёзёвон тайин шудааст ва дувумӣ ба вазифаи пештараи худ идома медиҳад. Ҳамаи онҳо ашхосе мебошанд, ки ҳамеша қасди аз корхона дур кардани Шоира Исроиловаро дар сар доштаанд ва барои ин аз тамоми имконият истифода кардаанд, вале тирашон ба бод рафтааст.

Шоира Исроилова маҳз бо талошҳои онҳо дар ба ғорат бурдани боз чанд таҷҳизоти корхона, мисли телевизор, кондитсионер, яхдон, инчунин афтонидану ба пораҳо тақсим кардани манораи фулузии оби аз нимаи солҳои шастуми асри гузашта боқимонда муттаҳам карда мешуд. Аммо аллакай дар додгоҳи ҷиноии соли 2019 вакили додрасонӣ қилро аз хамир ҷудо намуда буд. Вай эълон кард, ки Шоира Исроилова ҳаргиз 124 миллион сӯмина амволи корхонаро ба тороҷ набурдааст ва инро далелҳо низ рад мекунанд.

Ин қарори додгоҳи шаҳр гӯё ба иззати нафси Дилшод Ҷалилов, Эрнест Ибрагимов ва Улуғбек Мирзоев сахт расидааст, ки онҳо ба додгоҳи вилоят муроҷиат карданд ва аз болои ҷинояти содирнакардаи Исроилова мурофиаҳои додгоҳӣ чанд рӯз давом кардааст. 

– Дар мурофиаҳои додгоҳи вилоятӣ низ тавонистам, ки кирдорҳои маъмурияти корхона  таҳти роҳбарии собиқ директори генералӣ Дилшод Ҷалилов ва ҳамтабақҳои ӯро бараъло фошу ошкор созам. Аммо вакилони додрасонӣ ҳамеша ба далелҳои банда бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекарданд ва ҳувайдо буд, ки фасод кори худро кардааст. Мутаассифона, посбонону коргарони шуъбаи маъмурӣ-хоҷагӣ Мирзоҷон Фозилов,  Давлатҷон Ҳомидҷонов, Мамадазим Ҷалилов ва Муҳиддин Ҳасанов барои он ки ба тарафдории ман шаҳодат доданд, фавран аз кор ронда шуданд. Масъалаи барқароркунии онҳо низ таҳти назари ӯ қарор дорад, зеро онҳо танҳо ҳақиқатро гуфта ба чунин сарнавишт дучор шудаанд, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Нуктаи дигаре, ки боиси тааҷҷуби мо қарор гирифт, ба таъвиқ афтодани мурофиаи додгоҳи шаҳрвандии вилоят аст. Он мебоист баъди судури қарори ҳайати инспексияи тафтишотии Додгоҳи олӣ баргузор гардад ва ба ин кор хотима бахшад. Аммо аз моҳи июн то моҳи октябри соли 2025 он баргузор намешуд ва ҳамеша ба Шоира Исроилова далел меоварданд, ки намояндаи ҷониби муқобил дар мурофиа иштирок карда наметавонад.

– Аз рӯи маълумоте, ки ҳуқуқдонҳо бароям иброз доштанд, баъди судури қарори Додгоҳи олӣ дигар иштирок кардану накардани вакили Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилоят ҳатмӣ намебошад. Зеро ин мурофиа бидуни он ки далоили тарафи дувумро шунавад, бар асоси қарори Додгоҳи олӣ қарори худро содир мекунад. Директори генералии Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилоят Азиз Сайдалиев аз эътирофи қарори Додгоҳи олӣ даст кашида, дархост намуда, ки парвандаи маро аз сар мавриди баррасӣ қарор диҳад. Аммо вакили додрасонӣ ин даъвоҳоро қонеъ нанамуд, – иброз медорад Исроилова.

Вай меафзояд, ки бо сабру таҳаммул беш аз чаҳор моҳи дигарро паси сар намуд ва қарори додгоҳи шаҳрвандии вилоятро ба даст гирифт, ки мувофиқи он корхона маоши ҳафтсоларо барояш бояд пардозад ва барои реабилитатсияи ӯ шароит фароҳам оварад

Дар робита ба он ки оё роҳбари корхона метавонад қарори Додгоҳи олиро эътироф накунад, сухангӯи Додгоҳи олӣ Азиз Абидов чунин гуфт:

– Додгоҳи олӣ қарори худро перомуни бегуноҳии Шоира Исроилова содир намуд. Акнун нуқтаи ниҳоиро додгоҳи шаҳрвандӣ мегузорад. Маъмурияти корхонае, ки ба истилоҳ, мағлуб шудааст ва маҷбур аст, ки маоши вайро ҷуброн кунад, талош менамояд, ки аз пардохти ин маблағ сарпечӣ кунад.

Дар ин замина раиси Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Эркин Нуруллоев дар суҳбат бо мухбири «Овози тоҷик» гуфт, ки аз раванди ин қазия хеле хуб огоҳ аст. Ба гуфтаи ӯ, баъзан чунин ҳаводис низ рух медиҳанд, ки шахси бегуноҳ моҳҳову солҳо аз як дари додгоҳ ба дигараш овораву сарсон мегарданд. 

– Ман Шоира Исроиловаро хеле хуб мешиносам. Азбаски дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаҳои додгоҳӣ касе ҳақ надорад, ки ба раванди он мудохила намояд, мо дар канор меистодем. Вале баъди судури қарори Додгоҳи олӣ ва бегуноҳ эълон шудани Исроилова фавран ба кормандони худ амр намудам, ки маоши ӯро ҳисобу китоб кунанд ва ҳақ ба ҳақдораш бирасад. Фикр мекунам, аз тариқи Бюрои иҷрои маҷбурии вилоят Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилоят маош ва мукофотпулиҳои ҳафтсолаи Шоира Исроиловаро пардохт менамояд, – изҳор намуд Эркин Нуруллоев.

 Ногуфта намонад, ки Шоира Исроилова аз моҳи августи соли 2019 то моҳи июни соли 2025 як по дар Фарғона ва як по дар Тошканд буд, ба идораҳои зиёд сар зад ва имдод хост. Созмонҳои давлатии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Омбудсмани назди Олий Маҷлис ба далели он ки ба раванди тафтишоту мурофиаҳои додгоҳӣ мудохила сурат нагирад, ба ин қазия таваҷҷуҳ зоҳир нанамуд. Барои ҳамин Ш.Исроилова аз нигоҳи равонӣ ва ҷисмонӣ низ хеле азият кашид. Ба далели пардохт карда натавонистани маблағи шартномаи писараш вай аз курси сеюми донишгоҳ хориҷ карда шуд. 

– Мо дар Ӯзбекистони Нав зиндагӣ мекунем. Президенти мамлакат борҳо таъкид варзидааст, ки тантанаи адолат ба мардум ҳамеша рӯҳу тавон мебахшад, дили вайро ба фардои дурахшон гармтар месозад. Гузашта аз ин, агар ҳақиқат сарфи назар шавад, ҷомеа ба рукуд мувоҷеҳ хоҳад шуд, – мегӯяд Шоира Исроилова.

Дарвоқеъ, бо сахтиҳо маъмурияти корхонаи барқ ӯро дар ҷои аввалааш ба кор барқарор намуд. Ин, бешубҳа, худ боз як тантанаи адолату ҳақиқат аст, ки танҳо метавон дар Ӯзбекистони Нав ба он ноил шуд. Маъмурият ғайр аз маоши ҳафтсолаи ӯ маблағи зарари маънавии Шоира Исроиловаро пардохт кард.

Мирасрор АҲРОРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: