Ҳангоми сӯхтани ангишт ба ҳаво як қатор газҳо ва моддаҳои барои саломатӣ хатарнок хориҷ мешаванд.
Аз ҷумла, оксиди карбон (CO) — гази беранг ва бебӯй буда, заҳролуд ва марговар маҳсуб меёбад, зеро ба хун ворид шуда, расидани оксигенро ба узвҳои ҳаётан муҳим қатъ мекунад ва метавонад дар муддати кӯтоҳ боиси беҳушӣ ва марг гардад. Илова бар ин, аз дуди ангишт диоксиди карбон (CO₂), диоксиди сулфур (SO₂), оксидҳои нитроген (NO) ва заррачаҳои майдаи дуд хориҷ мешаванд, ки ҳарчанд марговар нестанд, аммо ба роҳҳои нафас, дилу шуш ва саломатии умумии инсон таъсири манфӣ мерасонанд.
Бо фарорасии фасли сармо аксари сокинони кишвар, бахусус аҳолии деҳот, барои гарм намудани манзили истиқоматии худ аз ангишт истифода мебаранд. Гарчанде ангишт гармиро муддати дароз нигоҳ медорад, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи он метавонад боиси заҳролудшавии вазнин ва ҳатто марги инсон гардад. Чунин ҳолатҳо ҳамасола дар мавсими зимистон ба қайд гирифта мешаванд.
Оксиди карбон асосан дар ҳолати нопурра сӯхтани ангишт ва ё халалдор будани дудбаро ба вуҷуд меояд. Ин газ беранг ва бебӯй буда, инсон онро эҳсос намекунад ва маҳз ҳамин хусусият онро ниҳоят хатарнок мегардонад. Дар муҳити пӯшида ҷамъ шудани он метавонад дар муддати кӯтоҳ боиси заҳролудшавии шадид гардад.
Заҳролудшавӣ аз дуди ангишт одатан бо дарди сар, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, хоболудӣ, сустӣ, торикшавии чашмон ва душвории нафаскашӣ оғоз меёбад. Дар ҳолатҳои вазнин вайроншавии фаъолияти дилу шуш ва беҳушшавӣ ба мушоҳида мерасад. Хатар дар он аст, ки шахс метавонад бе дарк кардани вазъият беҳуш шавад, зеро гази оксиди карбон ягон бӯй ё нишонаи ҳушдордиҳанда надорад.
Дар ҳолати гумонбарӣ ба заҳролудшавӣ аз дуди ангишт бояд фавран дару тирезаҳо кушода шуда, шахси осебдида ҳарчи зудтар ба ҳавои тоза бароварда шавад. Агар имконият бошад, манбаи сӯзиш қатъ карда мешавад, вале бехатарии шахси кӯмакрасон бояд дар ҷои аввал қарор гирад. Либосҳои танги беморро кашида, ҳолати нафаскашӣ ва ҳушёрии бемор назорат карда шавад. Дар ҳамаи ҳолатҳо даъвати фаврии мошини ёрии таъҷилӣ ҳатмист ва ба худтабобат роҳ додан мумкин нест.
Барои пешгирии чунин ҳолатҳои хатарнок зарур аст, ки пеш аз истифода ҳолати техникии печ ва дудбаро пурра санҷида шавад. Печ бояд қобилияти хуби ҳавокашӣ дошта бошад ва ҳавои хона мунтазам иваз карда шавад. Истифодаи печи пур аз ангишт беназорат, махсусан шабона, хавфи ҷиддӣ дорад. Назорати раванди сӯхтани ангишт бояд танҳо аз ҷониби шахсони калонсол анҷом дода шуда, кӯдакон ба ин кор ҷалб карда нашаванд.
Риояи қоидаҳои оддии бехатарӣ метавонад ҷони инсонро наҷот диҳад ва аз фоҷиаҳои ногувор пешгирӣ намояд.