Фарғона дар гирдоби асрҳо ҳамеша зебоӣ, обрӯ ва арзишҳои миллиашро нигоҳ доштааст.
Шояд аз ҳамин ҷост, ки ин диёри азизро «Сарзамини биҳиштосо» мегӯянд. Дар ҳақиқат, вилояти Фарғона на танҳо бо табиати зебою дилфиребаш, балки бо паҳн намудани нури маърифати хеш ба ҷаҳон, ҳамчунин бо адабиёт ва санъати худ шуҳрати хоса дорад.
Ин сарзамин мардони зиёдеро ба воя расондааст, ки умри хешро фидои хидмати халқу Ватан кардаанд.
Яке аз чунин фарзандони асили Фарғона Юрсунбек Арслонбеков мебошад. Ин марди заҳматкаш, ки тамоми умри худро ба ривоҷи соҳаи маориф бахшида буд, соли 1920 дар деҳаи Лоғон дар оилаи деҳқони миёнҳол ба дунё омадааст. Машаққатҳои зиндагӣ, ятимӣ ва нооромиҳои замон ӯро бармаҳал ба камол расонданд. Бо вуҷуди шароити вазнин, ӯ худро гум накард, таслим нашуд, баръакс, тамоми умрашро сарфи хидмати халқ ва сабук гардондани дарду ранҷи мардум намуд.
Ӯ бо ҳавас ба устодонаш пешаи омӯзгориро ихтиёр кард ва барои сазовор будан ба номи пуршарафи муаллим саҳми шоистаи худро дар тарбияи насли донишманду банангу ном гузошт.
Меҳнатҳояш беҳуда набуданд, ӯ шогирдони зиёдеро аз қабили Обидҷон Раҳмонов, Зокирҷон Носиров, Исроилҷон ва Исмоилҷон Мамашарифов ба камол расонд. Ҳамзамон, барои меҳнати самарабахшу мардонавор дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар соҳаи маориф бо медали «Барои меҳнати фидокорона дар Ҷанги дуюми ҷаҳон – солҳои 1941–1945» сарфароз гардидонида шуд.
Юрсунбек Арслонбеков ҳамзамон бо омӯзгорӣ аз овони ҷавонӣ бо истеъдоди аз ҷониби Худо атокардааш ба шеър низ рӯ овард.
Ӯ бо риояи анъанаҳои қадимаи санъати поэтикии халқҳои Шарқ, хусусан адабиёти форс-тоҷик ва ӯзбек, бо тахаллуси «Лоғонӣ» эҷод мекард. Ӯ дар баробари забони ӯзбекӣ, бо забони модариаш — тоҷикӣ низ қалам мефарсуд.
Муҳаббати бепоён ва вафодории ӯ ба Модар-Ватан, падару модар ва халқи заҳматкаши худ, ҳамеша омода будан ба хидмат, меҳвари асосии ашъорашро ташкил додаанд. Ҳамчунин, мубориза бо иллатҳои ҷомеа низ дар осораш зиёд ба назар мерасад.
Бо вуҷуди ин, эҷодиёти шоир дар замони худ аз назари эътибор афтид. Бисёр вақт мазмунҳое, ки болотар зикр кардем, баҳона барои рад кардани нашри ашъораш мегардиданд.
Ҳарчанд чунин буд, ӯ аз эҷод бознаистод ва то охири умр ғазалу шеър навишт.
Мо тасмим гирифтаем, ки чанд намунаи шеъри шоирро барои чоп омода кунем.
Абдуҳошим Маҳамадов. Вилояти Фарғона.