Ҷоизаи миллии «Ситораҳои Ӯзбекистони Нав» дар сатҳи байналмилалӣ

Чорабинии бонуфузи Ҷоизаи миллии фарҳанг ва санъат, ки дар кишварамон имсол бори чорум баргузор мешавад, як қатор навовариҳоро ҷорӣ кардааст.

Аз ҷумла, бори аввал намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ соҳиби номинатсияи нави «Беҳтарин таблиғгари фарҳанги Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар» хоҳанд шуд, ки фарҳанг ва санъати Ӯзбекистонро дар хориҷа ба таври васеъ таблиғ кардаанд. Дар ин замина, иштироки як қатор меҳмонони хориҷӣ дар ин маросими мутантан мадди назар мебошад.

Аз ҷумла, гурӯҳи «Ай Ёла»-и Бошқирдистон  бо суруди «Ҳомай», ки соли 2025 ба хити ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ба Ӯзбекистон хоҳад омад. Ҳамзамон, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон Нигина Амонқулова, Ҳунарпешаи халқии Озарбойҷон Менсум Иброҳимов, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон Гулянақ Мемедова низ ҳамчун меҳмон дар ин маросим иштирок хоҳанд кард. Дар доираи ин ҷоиза то имрӯз 60 нафар ҳунарпеша дар 20 номинатсия ҳавасманд гардонида шудаанд.

Айни замон, раванди овоздиҳӣ барои муайян кардани ғолибони озмун дар 20 номинатсияи навбатӣ тавассути платформаи Milliytanlov.uz идома дорад. Бо ин ҷоиза, намояндагони арзандаи соҳа, ки дар соли 2025 дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок кардаанд, дар номинатсияҳои худ мукофотонида мешаванд.

Номзадҳои аввалин барои номинатсияи нав иловашудаи «Беҳтарин таблиғгари фарҳанги Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар» Машу Комазакӣ аз Ҷопон, Арман Нурмаҳаматулӣ аз Қазоқистон ва Соҳиб Пошшозода аз Озарбойҷон мебошанд.

 Ғолибони ҷоизаи миллӣ бо ҳайкалчаи махсус ва шаҳодатнома, инчунин мукофоти пулӣ ба андозаи 100 баробари маблағи ҳисобкунии асосӣ ҳавасманд карда мешаванд. Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ имрӯз баргузор мешавад. 

Шаҳноза ТӮРАЕВА,

мутахассиси дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: