Дар мактаби варзишии ихтисосёфтаи намудҳои гӯштини яккаи шаҳри Тирмиз машғулиятҳои таълимӣ-омодагирӣ аз рӯйи ҷудо (дзюдо) ташкил карда шуданд.
Дар онҳо писару духтарони навраси боистеъдоде, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхондарё интихоб гардидаанд, иштирок мукунанд.
Дар машғулиятҳое, ки ҳар рӯз ду маротиба баргузор мешаванд, мураббии ботаҷриба аз Ҷопон, соҳиби камарбанди сиёҳи 5-ДАН, устоди сатҳи ҷаҳонӣ Ҷунна Кикучӣ дарси маҳорат мегузаронад.
Ин машғулотҳо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои вилояти Сурхондарё ташкил гардида, дар ҷараёни онҳо варзишгарони ҷавон техникаҳои пешқадами мактаби ҷудои ҷопонӣ, таҷрибаи ҷангӣ ва малакаҳои амалиро аз худ менамоянд.
Дарсҳои маҳорат барои боло бурдани маҳорати варзишии ҷудочиёни ҷавон ва ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд аҳамияти муҳим доранд.
Сурайё НОРМАНӢ. Вилояти Сурхондарё.