Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған 29 январ бо сафари расмӣ ба ин кишвар меравад.
Мувофиқи барномаи сафар, дар шаҳри Анқара баргузории ҷамъомади чоруми Шӯрои ҳамкории стратегӣ таҳти раёсати сарони ду давлат дар назар аст.
Дар музокирот масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Туркия дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд дошт.
Ба рушди муколамаи сиёсӣ, афзоиши мубодилаи мол, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва таҳкими вобастагии мутақобилаи нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Инчунин, идомаи мубодилаҳои фаъол дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ мегардад. Дар бораи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ табодули афкор сурат мегирад.
Дар поёни музокирот дар сатҳи олӣ имзои бастаи санадҳои муҳим дар назар аст.
Илова бар ин, роҳбарони ду кишвар дар як қатор чорабиниҳои муштарак иштирок хоҳанд кард.