Дар рӯзҳои охир дар баъзе сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн мешаванд, ки гӯё дар Ҳиндустон вируси Нипах ба таври густурда паҳн шуда, метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад.
Пас, вируси Нипах чист?
Вируси Нипах тақрибан 30 сол пеш бори аввал ошкор гардида, ба гурӯҳи вирусҳои хатарнок мансуб аст. Дар бисёр ҳолатҳо ин вирус пинҳонӣ ё бидуни нишонаҳо мегузарад. Аммо дар шаклҳои вазнини он илтиҳоби пардаҳои мағзи сар (менингоэнсефалит), вайроншавии фаъолияти ҷигар, гурда ва сипурз(талоқ), инчунин дар баъзе ҳолатҳо марг низ мушоҳида шуда метавонад.
Мутаассифона, то имрӯз дар ҷаҳон бар зидди вируси Нипах ваксинаи махсус таҳия нашудааст. Муолиҷа асосан симптоматикӣ мебошад, яъне вобаста ба нишонаҳои бемор гузаронида мешавад.
Вирус дар кадом ҳолатҳо мегузарад?
Асосан, вирус тавассути кӯршапаракҳо ва хукҳо мегузарад. Хусусан, истеъмоли меваҳое, ки аз ҷониби кӯршапарак газида ё харошида шудаанд, ё робитаи наздик ва мунтазам бо ин ҳайвонот хатари сироятро зиёд мекунад.
Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо вирус метавонад аз инсон ба инсон гузарад. Ин ҳолат бештар дар миёни нафароне, ки бо бемор робитаи зич доранд, ба қайд гирифта мешавад. Аз ҷумла, кормандони соҳаи тиб низ ба гурӯҳи хавф дохил мешаванд.
Оё эҳтимоли паҳншавии вирус дар Ӯзбекистон вуҷуд дорад?
Ба гуфтаи муовини аввали раиси Кумитаи санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятӣ Нурмат Отабеков, дар кишвари мо вазъи эпидемиологӣ вобаста ба вируси Нипах мӯътадил буда, барои нигаронӣ ҳеҷ асос вуҷуд надорад. Зеро эҳтимоли паҳншавии он дар қаламрави Ӯзбекистон хеле паст аст.
Ҳамчунин, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид менамояд, ки ин вирус дар миқёси ҷаҳон низ эҳтимоли ба вуҷуд овардани эпидемия ё пандемияи васеъро надорад.
Бо вуҷуди паст будани хатари воридшавии вирус ба кишвари мо, ба ҳамватаноне, ки ният доранд дар ин рӯзҳо ба Ҳиндустон сафар кунанд, риояи чанд тадбири пешгирикунанда тавсия дода мешавад.
Аз ҷумла, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, шустани дастон бо собун ё воситаҳои антисептикӣ, пеш аз истеъмол хуб шустани мева ва сабзавот, нӯшидани оби тозаву санҷидашуда, инчунин истеъмол накардани меваҳое, ки эҳтимол кӯршапарак онҳоро газида ё харошидааст.
Дар сурати пайдо шудани ҳарорати баланд, дарди шадиди сар ё дигар нишонаҳои беморӣ, фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ, айни ҳол бо мақсади нигоҳ доштани суботи эпидемиологӣ ва пешгирии воридшавии бемориҳо аз хориҷ, дар 54 нуқтаи сарҳадии кишвар назорати доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Моҳигул Қосимова, ӮзА