Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор гардид

  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор гардид
  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор гардид
  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор гардид
  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор гардид

29 январ дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Туркия — «Ақ сарой» дар шаҳри Анқара маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Сарвари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған истиқбол гирифт.

Дар майдон ба ифтихори меҳмони олимақом қаровули фахрӣ саф орост. Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Реҷеп Тайип Эрдоған ба минбар баромаданд. Бо иҷрои оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии давлатии ду кишвар садо доданд. Роҳбарон аз назди сафҳои қаровули фахрӣ гузаштанд ва аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҳамин лаҳзаҳо музокироти сарони давлатҳо доираи маҳдуд ҷараён дорад. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои ӯзбекистониву туркиро дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷониба баррасӣ хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: