Хизматрасонӣ бидуни инсон:аввалин ресторан бо зеҳни сунъӣ

Дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин ресторани инноватсионии "24 фасл" расман ифтитоҳ ёфт. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин аввалин муассиса дар шаҳр мебошад, ки зеҳни сунъӣ ва низомҳои роботӣ тамоми марҳилаҳои хизматрасонии фавриро ба таври пурра таъмин мекунанд.

Фазои дуошёнаи ресторан ҳамчун як экосистемаи ягонаи технологӣ тарҳрезӣ шудааст.
Дастгоҳҳои роботӣ барои коркарди гармии маҳсулоти ғизоӣ, омода намудани угро ва нӯшокиҳо масъуланд, дар ҳоле ки платформаҳои мобилӣ расонидани фармоишҳоро ба мизҳо ва нигоҳдории тозагӣ дар толор таъмин менамоянд.
Ба гуфтаи мудири ин маскан Сай Ҳайтан, дар айни замон парки(боғ) иборат аз ҳашт робот зиёда аз 60 фоизи ҳаҷми умумии корро иҷро мекунад. Мудохилаи инсон ба ҳадди ақал расонида шудааст. Ҳайати иборат аз панҷ корманд танҳо ба қабули пардохтҳо ва омодасозии пешакии маҳсулот машғул аст.
Хусусияти асосии техникии лоиҳа рақамисозии таҷрибаи гастрономӣ мебошад. Таъминоти барномавии ошпаз-роботҳо бар асоси ҳаракатҳои ошпазони касбӣ таҳия шуда, бо зиёда аз сад дастурхон (ретсепт) ҳамгиро гардидааст. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ қувваи гармкунӣ ва динамикаи омехтакуниро идора мекунанд, ки ин ба даст овардани таъми дақиқро таъмин менамояд.
Лоиҳае, ки аз ҷониби ширкати маҳаллии технологии Xialinghui амалӣ гардидааст, на танҳо аҳамияти тиҷоратӣ, балки аҳамияти муҳими инфрасохторӣ низ дорад. Ресторан расман ба низоми ошхонаҳои иҷтимоии ноҳияи Сиху шомил карда шудааст. Барои шаҳрвандони аз 60-сола боло то 50 фоиз тахфиф (бонус) пешбинӣ шудааст.
Намояндагони мунитсипалитети маҳаллӣ таъкид карданд, ки ин маскан ҳамчун майдони озмоишии кластери робототехникаи маҳаллӣ хизмат хоҳад кард. Маълумоте, ки дар ҷараёни истифодаи амалӣ ҷамъоварӣ мешавад, барои навсозии технологияҳо ва густариши роҳҳалҳо дар бозори хӯроки умумӣ истифода хоҳад шуд, хабар медиҳад oz.inform.kz.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: