Нақшаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Ҷиззах баррасӣ гардиданд

  • Нақшаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Ҷиззах баррасӣ гардиданд
  • Нақшаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Ҷиззах баррасӣ гардиданд
  • Нақшаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Ҷиззах баррасӣ гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 30 январ оид ба натиҷадории ислоҳоте, ки дар вилояти Ҷиззах амалӣ мегарданд ва вазифаҳои афзалиятноки минбаъда ҷамъомад гузаронд.

Дар натиҷаи ислоҳот ва чорабиниҳои бонизоме, ки тӯли солҳои гузашта идома ёфтанд, дар иқтисодиёти вилоят дигаргунии сохторӣ ба амал омад. Дар натиҷа, минтақа аз соҳаи аграрӣ ба саноати танаввуъӣ, хидматрасонӣ ва агрокластерҳои муосир ихтисос ёфт. Драйверҳои нави рушд дар соҳаҳои нассоҷӣ, масолеҳи сохтмон, автомобилсозӣ, электротехника ва сайёҳӣ ташаккул ёфтанд.

Дар маҳсулоти умумии минтақавӣ ҳиссаи саноат аз 9,1 то 18,8 фоиз афзуд, дар ҳоле ки ҳиссаи кишоварзӣ аз 50 то 36 фоиз коҳиш ёфт. Инчунин, сатҳи бекорӣ ва нодорӣ мутаносибан 4,9 ва 5,8 фоиз кам шуд, ҳаҷми содирот 1,8, хидматрасонӣ 1,6 ва истеҳсоли саноатӣ 1,9 баробар афзуд.

25 лоиҳаи бузург ва 533 лоиҳаи миёнаву хурди сармоягузорӣ роҳандозӣ шуда, 1,4 миллиард доллар сармояи хориҷӣ азхуд карда шуд. Шумораи корхонаҳои содиротӣ ба 160 адад расида, ҳаҷми содирот 285 миллион долларро ташкил кард.

Дар ҷамъомад нақшаҳо оид ба минбаъд кам кардани сатҳи нодорӣ ва бекорӣ, ноил шудан ба рушди босуръат дар соҳаҳои саноат, хидматрасонӣ ва кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Бахусус, дар солҳои 2026–2027 ба 8,5 фоиз расонидани суръати афзоиши маҳсулоти умумии минтақавӣ, то 8 фоиз зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот дар саноат, ҷалби 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва ба 500 миллион доллар расонидани ҳаҷми солонаи содирот ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки агар дар солҳои гузашта сармояҳо асосан ба истихроҷи ашёи хом ё истеҳсоли ҷамъоварии оддӣ равона шуда бошанд, минбаъд ба лоиҳаҳои саноатии дорои арзиши иловашудаи баланд равона хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, соли ҷорӣ то 4,6 фоиз поин бурдани сатҳи бекорӣ, ба 2,8 фоиз фаровардани нодорӣ ва ба минтақаҳои бидуни ҷиноят табдил додани 182 маҳалла дар назар аст.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки ба ин ҳадафҳо бидуни ихтисосонидани амиқи маҳаллаҳои вилоят наметавон ноил шуд.

Ба ҳамин муносибат, дар ду соли оянда дар вилоят модели нав рушд хоҳад кард. Афзалиятҳои нисбии 304 маҳаллаи минтақа таҳлил гардида, барномаи амиқи ихтисосонидани онҳо дар самтҳои боғдорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва полизкорӣ, саноат, хидматрасонӣ ва сайёҳӣ таҳия гардид.

Дар доираи барнома дар 5 ҳазор гектар боғу токзори кӯҳна ниҳолҳои сертификатшуда шинонда мешавад, дар 4,6 ҳазор гектар плантатсияҳои саноатӣ бунёд мегардад, дар 10 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора маҳсулоти серҳосил ва содиротӣ парвариш карда мешавад, зоти 101 ҳазор сар чорво нав гардида, 5 микромаркази саноатӣ ва 6 маҷмааи бузурги сайёҳӣ таъсис меёбад, инчунин дар маркази ҳар як ноҳия боғҳои истироҳатӣ ва кӯчаҳои серҳаракат сохта мешавад.

Дар ҷамъомад барои таҳкими инфрасохтори лоиҳаҳои “драйвер” дар соли ҷорӣ ҷудо намудани 200 миллиард сӯм муқаррар гардид. Тӯли солҳои 2026-2027 бо мақсади рушди саноат лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,7 миллиард доллар татбиқ хоҳанд шуд. Дар ин раванд зарурати истифодаи босамари конҳои сурб-руҳ, волфрам, тилло ва дигар маъданҳои ғайриметаллӣ таъкид гардид.

Зимни муаррифии лоиҳаи парки илмӣ-саноатии кишоварзӣ дар ноҳияи Зомин, зикр гардид, ки бо коркарди ҷуворимакка роҳандозии иқтидорҳои истеҳсоли шарбати босифати фруктоза ва аллюлоза пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ хариди чорвои зотӣ, рушди шутурпарварӣ ва чораҳои таҷдиди канали «Ҷайилма» баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки ҳангоми ривоҷ додани вилоят, дар асоси равишҳои махсус намоён кардани иқтидори минтақаҳои кӯҳӣ ва биёбонб муҳим аст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ таҳияи барномаи сесола оиди мавриди истифода қарор додани 25 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо, инчунин корбурди босамари даштҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷамъомад иқтидори сайёҳии вилояти Ҷиззах низ таҳлил гардид. Зикр шуд, ки маҷмӯи кӯлҳои Айдар-Арнасой ва имкониятҳои ноҳияҳои Бахмал, Фориш, Зафаробод, Шароф Рашидов ва Ғаллаорол пурра истифода намешаванд.

Бинобар ин, нақшаҳои таъсиси маҷмааҳои сайёҳӣ дар ин ноҳияҳо, васеъ намудани фурудгоҳи Арнасой, бунёди маҷмааҳои савдо-хидматрасонӣ дар канори роҳҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, шабакаҳои оби нӯшокӣ, партовоб ва барқ дар маҳаллаҳо 30 миллион доллар ва соли оянда боз 10 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Аз ҳисоби ин маблағҳо дар 14 маҳалла иншооти иҷтимоӣ, 105 километр роҳ, ки 28 маҳаллаи дурдастро ба ҳам мепайвандад, барои аҳолии 9 маҳалла ба масофаи 50 километр шабакаи оби нӯшокӣ ва барқ, инчунин 65 километр шабакаи обҳои партови 13 маҳалла таҷдид ва таъмир карда мешавад.

Дар самти шаҳрсозӣ дар асоси банақшагирии фазоӣ таҳияи нақшаи генералии ноҳияҳои Бахмал, Зафаробод ва Ғаллаорол пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, рушди шаҳри Ҷиззах ва ноҳияи Шароф Рашидов ҳамчун минтақаи ягонаи агломератсионӣ таъмин мегардад. Дар нақшаи асосие, ки бо ин мақсад таҳия шудааст, барои кам кардани танбашавиҳо дар дохили шаҳр сохтмони роҳи даврии 10-километра, роҳандозии низоми ягонаи нақлиёти ҷамъиятӣ байни шаҳр ва ноҳия, инчунин тавассути бунёди бинои ягонаи маъмурӣ ба як ҷой кӯчонидани ташкилотҳо дар назар аст.

Дар анҷоми ҷамъомад ба масъулон супориш дода шуд, ки татбиқи ҳар як лоиҳаро дар доираи рушди минбаъдаи вилоят дар ҳамбастгаӣ бо таъмини шуғл ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин намоянд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: