Доир ба ҷашни Сада дар манбаъҳои таърихӣ маълумот ва ривоятҳои гуногун мавҷуд аст. Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад.
Он дар оғози шомгоҳи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта мешуд.
Бино ба тадқиқоти олимони мардумшинос ва мутахассисони фолклор таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пешазориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ буда, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он «ҷашни Сада» дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон, дар шаби Сада бори дигар бузургдошти ҷовидонагии Хуршедро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Дар хотираи фарҳанги халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад. Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, балуҷҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд. Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд.
Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор мегурезад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба Худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
(Фирдавсӣ).
Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада қатъ шуда, дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст. Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Ба ҳамин муносибат бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» бо иштироки адибон, шоиру нависандагон, таърихшиносон ва ҳаводорони шеъру фолклори тоҷик чорабинии мутантан баргузор гардид. Раиси «Ориёно» Тоҷибой Икромов ҳозиронро хайрамақдам гуфта, доир ба пос доштани арзишҳои миллии қадима ҳарф зад. Дар гирди суфраи идона, ки аз фаровонӣ, ҳамҷиҳатӣ ва дӯстии халқҳои кишварамон дарак медиҳад, суҳбати самимӣ, нақли ривояту қиссаҳо ва қироати шеъру суруд аз ҷониби шоирону санъаткорон ба миён омад. Ҷамъомадагон доир ба идҳои қадимӣ, аз ҷумла ҷашни Сада дорои маълумотҳои шавқовар гардиданд.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
***
ОМАДАНИСТ...
Дар кишвари мо боз баҳор омаданист,
Ҳам атри гулу савти ҳазор омаданист.
Ояд Сада аз олами улвӣ – малакут,
Наққоши азал дар бари ёр омаданист.
Баҳман, ки дилу рӯҳи маро шод кунад,
Чун равшании дидаи зор омаданист.
То аҳли ҷаҳон хоҷаи гулзор шаванд,
Сад лолаву насрин ба нисор омаданист.
Зангӯла занад гар Сада дар қалби замин,
Ҳаққо, Суманак дар сари кор омаданист.
Андар Сариҷӯ то ҳама осуда шавем,
Борони Ҳамал ба баргу бор омаданист.
Гар оҳи Саодат бирасад назди Худо,
Наврузи Аҷам – авҷу барор омаданист.
Саодат САТТОРӢ,
вилояти СУРХОНДАРЁ.