Президент дар Паёми худ ба парлумон ва мардуми кишвар коррупсияро таҳдиди асосӣ ба рушди давлат ва эътимоди мардуми кишвар арзёбӣ кард. Вай боз таъкид варзид, ки коррупсия ҳатто адолат ва қонуниятро халалдор мекунад ва фазои эътимод дар ҷомеаро куллан барҳам мезанад.
– Иҷозат додан ба коррупсия хиёнат ба ислоҳоти мост! Мо барои мубориза алайҳи ин вабо дар соли 2026 «ҳолати фавқулодда» эълон хоҳем кард!» – гуфт сарвари давлат.
Тавре ки аз суханони ӯ бармеояд, ҳанӯз дар кишварамон ҳолатҳои коррупсионӣ ва вайрон кардани қонун ба қайд гирифта мешаванд, барои ҳамин ҷиҳати бартараф кардани он дар тамоми идораву ташкилот ва корхонаҳо ҷиддан бояд чораҷӯӣ кард. Дар акси ҳол самаранокии корҳои зиддикоррупсионӣ аз эҳтимол дур хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Фарғона ду ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳолати аввал ҷанбаи беҳбуди кор дар мубориза бо фасодро нишон медиҳад, вале ҳолати дувум баёнгари акси ин ҳолат мебошад ва ҳанӯз нигарониҳои ҷиддиро дар байни ҷомеа ба бор овардааст. Дар ин росто мубориза бояд шиддатноктар шавад, то ки як идда гунаҳкорон мавриди пайгарди қонунӣ қарор гиранд ва дигарон ҳушёр шаванд, ки мавриди пайгард қарор нагиранд.
Ногуфта намонад, ки дар лоиҳаи барномаи давлатӣ як қатор вазифаҳо дар самти мубориза бо коррупсия муқаррар шудаанд. Аз ҷумла, гузаронидани инвентаризатсияи беш аз 2 ҳазор санади қонунгузорӣ, ки муносибатҳои иҷтимоии асосиро танзим мекунанд ва аз байн бурдани низоъҳо, номувофиқатиҳо, муқаррароти «норавшан» ва дигар омилҳоеро мадди назар доранд, ки боиси коррупсия мегарданд. Инчунин ҷорӣ кардани институти масъулияти сиёсии роҳбарони мақомоти давлатӣ барои хато ва камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти идора ё низоме, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд, таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
– Ҳоло дар назди Агентии мубориза бо коррупсия Шӯрои ҷамъиятӣ ташкил шудааст, ки аъзои он аз 25 нафар иборат аст. Онҳо кормандону мутахассисони соҳаҳои гуногун, мисли ҳомиёни ҳуқуқи башар, журналистон, адвокатҳо, депутатҳо, соҳибкорон, санъаткорон, устодони муассисаҳои таълими олӣ, ҳуқуқшиносон ва амсоли он мебошанд, – мегӯяд сармутахассиси дафтари матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия Фирӯза Мирзокомилова.
Ба гуфтаи ӯ, дар саросари вилояти Фарғона кормандони масъуле, ки Агентии зиддикоррупсионӣ дар идораву ташкилотҳо ва корхонаҳо таъин намудааст, талош ба харҷ медиҳанд, ки татбиқи «Барномаи ҳамаҷонибаи тадбирҳо оид ба табдил додани вилоят ба минтақаи озод аз коррупсия ва ҷинояткорӣ тавассути роҳҳои ҳалли муосир ва фароҳам овардани муҳити таҳаммулнопазирӣ нисбат ба онҳо дар байни аҳолӣ» дар амал татбиқ гардад.
– 5 марти соли гузашта дар ҷаласаи васеи Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия вазифаҳои аввалиндараҷаи мубориза алайҳи коррупсия муайян карда шуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласа ба прокурорҳо як қатор вазифаҳо оид ба муайян кардани мушкилоти фаврӣ ва системавии марбут ба коррупсия ва тақвияти чораҳо барои бартараф кардани онҳо гузошта шуданд. Дар асоси ин вазифа, «харитаҳои роҳ»-ҳо, ки бахшҳо ва соҳаҳоро дар бар мегиранд, барои пешгирии коррупсия дар сатҳи вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, бахусус аз байн бурдани коррупсияи хонаводагӣ таҳия ва амалӣ карда шуданд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
– Як қатор тадбирҳои мусбат барои муайян, бартараф ва оммавӣ кардани омилҳои коррупсионӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар филиали минтақавии Маркази тиббии илмӣ-амалии кардиологияи вилояти Фарғона равандҳои бақайдгирӣ, муоинаҳои тиббӣ, амалиёти ҷарроҳӣ ва ҳисоб кардани доруҳои истифодашуда пурра рақамӣ карда шуданд. Дар натиҷа, даромади миёнаи моҳонаи ин муассиса аз 350 миллион сӯм то 2 миллиард сӯм афзуд, музди миёнаи моҳона аз 2,5 миллион сӯм то 10 миллион сӯм боло рафт ва музди баландтарин ба 20 миллион сӯм расонида шуд, – ба суханаш идома дод Фирӯза Мирзокомилова.
Маълум шуд, ки музди миёнаи духтури ташхиси функсионалӣ У. Абдуллоев 7,3 миллион сӯмро ташкил медиҳад, аммо пас аз рақамӣ кардани муассиса, маоши ӯ ба 19,9 миллион сӯм расидааст. Ҳамчунин, ҳангоми таҳлили пурсишҳо ва муроҷиатҳое, ки дар бахши тиббӣ бо ташаббуси прокурори ноҳияи Бувайда гузаронида шудаанд, муайян гардидааст, ки аз 450 муроҷиати дар тӯли якуним соли охир дар ин бахш воридшуда, 87-тоаш ба норозигӣ аз амалҳои кормандони тиб дар шуъбаи таваллуд ва 45-тоаш ба коррупсияи хонаводагӣ алоқаманд мебошанд, ки маҳз дар ин шуъба содир шудааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти агентӣ дар шуъбаи таваллуди иттиҳодияи тиббии ин ноҳия 16 камераи видеоӣ ва назоратӣ насб карда шуданд, қабулгоҳи шӯъбаи таваллуд мустақиман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваст карда шудааст.
Дар вилоят барои ташаккул додани фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба фасоди ноболиғон, барномаи омӯзишии захираҳои ҷаҳонии GRACE (манбаи ҷаҳонии маорифи зиддифасод) дар 19 мактаби миёнаи умумӣ ба таври намунавӣ ташкил карда шудааст. Дар радифи он, дар доираи лоиҳаи «Мактаби бехатар ва холӣ аз коррупсия» дар 51 мактаби вилоят системаи «Face–ID» амал мекунад. Дар мактаби рақами 10-уми шаҳри Фарғона системаи огоҳкунии «SMS» камераҳои назоратӣ ва «PTZ» насб карда шудаанд, 95 нафар директори мактаб ва 87 нафар мудири кӯдакистон вазифадор гардидаанд, ки ба тавсияҳо қатъиян риоя кунанд.
Барои аз байн бурдани омилҳои коррупсия дар фаъолияти бозорҳо ва пешгирии иқтисоди сояафкан, фаъолияти 2 бозори деҳқонӣ ва истгоҳҳои шаҳрҳои Фарғона ва Марғелон пурра рақамӣ карда шудаанд.
Ногуфта намонад, ки барои татбиқи лоиҳаи «Минтақаи бефасод ва беҷиноят» дар ноҳияи Қува низ барномаҳои алоҳидаи чораҳо таҳия ва амалӣ карда шудаанд.
– Боз як масъалаи дигар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза алайҳи коррупсия, ташаккули муҳити таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ин вабо ва татбиқи чораҳо дар дохили ҳар як бахш ва самти Барнома бо иштироки масъулон мебошад, – мегӯяд Мирзокомилова.
Гузашта аз ин, барои таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 апрели соли 2025 «Дар бораи чораҳои ташкили самараноки иҷрои вазифаҳои афзалиятноки муқарраршуда оид ба такмили минбаъдаи низоми мубориза бо коррупсия», бо ташаббуси прокурори ноҳияи Фарғона масъалаҳои пешгирӣ ва муборизаи сахт бо коррупсия, аз байн бурдани коррупсияи хонаводагӣ ва ташаккули муҳити муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия як қатор корҳои ҷиддӣ ба сомон расидаанд.
Дарвоқеъ, 1,4 миллиард сӯм субсидия дар ин вилоят азхуд карда шудаанд. Барои ҳамин агентӣ хароҷоти мақсадноки субсидияҳоеро омӯхтааст, ки дар вилоят тибқи Қарори Девони Вазирон аз 22 июли соли 2023 ҷудо карда шудаанд. Инчунин дар як қатор ноҳияҳо таҷҳизот ба маблағи 309,4 миллион сӯм ба 37 соҳибхона таъмин карда шудааст. Ғайр аз ин, дар маҷмӯъ 335,0 миллион сӯм субсидия ба одамон беасос ҷудо карда шудааст.
Барои ҳамин таҳти маводи ҷамъовардашуда Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст ва айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Барои ошкор ва пешгирии коррупсия дар мақомоти давлатӣ идораҳои марбута як амалиёти фаврӣ анҷом додаанд. Гуфта мешавад, сардори шуъбаи мубориза бо коррупсия ва назорати риояи қонунҳои Ҷамъияти саҳҳомии Корхонаи шабакаҳои барқи минтақавии вилоят ҳангоми гирифтани ҳазор доллар аз сармуҳандиси корхонаи шабакаҳои барқи яке аз ноҳияҳо бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шудааст. Дар рафти тафтишоти пешакӣ маълум шудааст, ки сардори шуъбаи кадрҳои корхонаи мазкур низ дар ин амали ғайриқонунӣ даст дорад. Айни замон ин ду нафар тибқи чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ паси панҷараи зиндон равона карда шудаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.