Чанде пеш дар нашриёти «Zamon poligraf»-и шаҳри Тошканд китоби шарқшинос, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ ва ӯзбекии Академияи байналхалқии исломи Ӯзбекистон Наргис Шоалиева таҳти унвони «Ойинаҳои сабз» (муаррифии сад соли охири шеъри форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ) рӯйи чоп омад.
Дар китоби тозанашр шеъри муосири форсӣ дар чаҳор ҳавзаи адабӣ – Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ гардида, роҷеъ ба зиндагӣ ва вижагиҳои ашъори маъруфтарин шоирони муосири форсигӯ, ки тӯли сад соли охир бобати рушди адабиёти форсизабонон саҳми шоиста гузоштаанд, маълумоти судманд интишор шудааст.
Маҷмӯа аз муқаддима, чор фасл, хулоса ва феҳристи адабиёт иборат буда, хонанда тавассути мутолиа метавонад бо зиндагинома ва намунаи ашъори 76 тан шоири форсизабони адабиёти асри ХХ ва аввали асри ХХI ошно шавад.
Н. Шоалиева дар оғози ҳар як фасл роҷеъ ба вазъи шеъру шоирӣ дар ҳавза маълумоти мухтасар дода, равандҳои адабӣ, сабкҳои нигориш, доираи мавзӯот, вижагиҳои услубии ашъори шоиронро ба таври умум таҳлил намудааст.
Муаллиф дар китоб таъкид кардааст, ки «таҳияи чунин як китоби тазкирагуна аввалин иқдом аст, ки вазъият ва намунаи шеъри чаҳор ҳавзаи адабии форсизабононро мухтасар муаррифӣ ва нақд намуда, дар хостгоҳи шеъри форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ ба хати кириллӣ ба нашр мерасад. Аз ин хотир, табиист, ки аз камбудиҳо низ орӣ нест. Ба ҷуз чеҳраҳое, ки дар ин баёз муаррифӣ шуданд, дар сад соли охири ин чаҳор ҳавзаи адабӣ садҳо нафари дигар шоирони тавонову боистеъдод дар майдони адабиёт қаламронӣ карда, дар пешрафти шеъри муосири форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ саҳми босазо гузоштаанд. Аммо дар бораи зиндагиву фаъолияти адабии ҳамаи онҳо маълумот додан ва намунаҳо аз ашъори онҳо овардан берун аз ҳадди имкони маҷмӯа буд. Ба ин хотир, чун «муште аз хирвор» фақат ба муаррифии чанд нафар аз чеҳраҳои машҳури ин ё он ҳавзаи адабӣ кифоя гардид».
Вақте бо китоб ошно мешавем, аён мегардад, ки дар он баробари ҳолнома ва намунаҳо аз ашъори шоирони маҳбуб, маъруф ва зиндаёди ҳавзаҳои адабӣ, чун Нимо Юшиҷ, Шаҳриёр, Аҳмади Шомлу, Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя, Нодири Нодирпур, Суҳроби Сипеҳрӣ, Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Халиллуллоҳи Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, Шафиқа Ёрқин, Латифи Пидром, Холида Фурӯғ (Афғонистон), Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Гулрухсор, Низом Қосим, Фарзона (Тоҷикистон), Ҷонибек, Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммад, Асадуллоҳ Исмоилзода, Хоҷа, Парисо, Хусрав Саъдуллоҳ (Ӯзбекистон) ва дигар шоирони ҷавон низ оварда шудааст.
Дар фасли чоруми китоб, ки «Шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон» унвон дорад, пажуҳишгар дар бораи таърихи адабиёти муосири форсии тоҷикии Ӯзбекистон маълумот дода, онро ба давраҳои зерин ҷудо намудааст: адабиёти ҷадидия, адабиёти даврони шӯравӣ ва адабиёти давраи истиқлоли Ӯзбекистон.
Муаллиф шеъри тоҷикиро дар ҳавзаи адабии Ӯзбекистон тӯли солҳои истиқлол «нисбат ба давраҳои қаблӣ... зиндатар, гӯётар ва шевотар» арзёбӣ намудааст.
Бино ба таъкиди Н.Шоалиева ҳоло «беш аз чаҳорсад нафар шоирону адибон дар ин сарзамин бо забони форсии тоҷикӣ асар эҷод мекунанд. Тӯли ин солҳо беш аз 1000 номгӯй китобу маҷмӯаҳои назмиву насрӣ, тарҷума ва рисолаҳои илмиву публитсистӣ... дар кишвар ва хориҷ аз он нашр гардиданд».
Дар ин давра дар ҳавзаи адабии Ӯзбекистон ба вуҷуд омадани ҷараёни «шеъри нав» ё худ ба истилоҳ ҷараёни «мавҷи нав»-ро таъкид намуда, илова мекунад, ки чанд тан шоирон ба сурудани шеъри нав дар қолабҳои озод ва сапед пардохтанд ва ҳар яке аз онҳо мувофиқи имкон дар ин жанр қувваозмоӣ карданд.
Дар идома муаллиф дар бораи рӯзгор ва осори 15 нафар шоирони тоҷики Ӯзбекистон: Ҷонибек, Сулаймон Хоҷаназар, Нормурод Каримзода, Абдуллоҳи Раҳмон, Паймон, Абдулло Субҳон, Фозили Шукурӣ, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Асадуллоҳ Исмоилзода, Расулбеки Аҳмадзод, Хоҷа, Ҳикмат Султонзода, Дилшоди Фарҳодзод, Парисо ва Хусрав маълумот додааст ва намунаҳо аз ашъори гуногуншаклу гуногунмавзӯи онҳоро пешкаши ҳаводорон намудааст.
Аз баррасии ашъори тамоми шоирони маҷмӯа метавон чунин хулоса кард, ки шеъри муосири форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тӯли садсолаи охир бо шаклу қолабҳои гуногун хеле рушд кардааст. Дар онҳо баробари паҳлуҳои муштарак, ҷиҳатҳои мушаххаси мутафовит низ ба чашм мерасанд, ки ин ҳама ба нақду таҳқиқи вижа ниёз доранд.
Дар ин маврид ибрози мулоҳиза роҷеъ ба афзалиятҳои ин хрестоматия низ мувофиқи мақсад мебошад. Яке аз ҷиҳати бартариноки китоб он аст, ки муаллиф зимни муаррифии рӯзгор ва осори шоирон, дар бораи шеър, бурду бохти онҳо дар эҷод низ андешаҳои худ, ҳамзамон мулоҳизаҳои олимони адабиётшиносро иброз намудааст.
Илова бар ин, дар бораи муҳаққиқоне, ки ҳаёт ва фаъолияти шоиронро нақду баррасӣ намуда, китобу мақолот иншо кардаанд, мутарҷимоне, ки бобати тарҷумаи осори шоирон ба забонҳои дигар, бахусус, ӯзбекӣ саҳм гузоштаанд, низ маълумот пешниҳод намудааст. Лекин чунин нуқтаи назар ва ишораҳоро наметавон дар ҳолномаи ҳамаи шоирон мушоҳида кард. Зимни баёни шарҳи ҳоли баъзе шоирон, муаллиф танҳо бо ибрози зиндагиномаи онҳо кифоят намудааст.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки чопи чунин китобҳо дар бораи намояндагони ҳавзаҳои гуногун на танҳо барои муаррифии осори шоирони доираҳои адабӣ, густариш ва таҳкими минбаъдаи робитаҳо, балки барои таҳлилу тадқиқи равандҳои адабии давр, баррасии вазъи шеъру доираи мавзӯоти ашъори онҳо, инчунин, корбасти шигардҳои нави адабӣ мусоидат менамояд.
Ш.ЙӮЛДОШЕВА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав.