Алоқамандони каломи бадеъ бо номи шоира Ҳадяи Бухороӣ (Саломат Раҷабова) ошноянд. Хушбахтона, дар муҳити имрӯзаи Бухорои Шариф давомдиҳандаи анъанаи бештар аз ҳазорсолаи назми форс-тоҷик, баъд аз Асад Гулзодаи Бухороӣ, ӯст. Номзади илмҳои фалсафа Саломат Раҷабова шеърҳои худро бо тахаллуси «Ҳадя» («Ҳадяи Бухороӣ») эҷод кардааст.
Вай 17-уми августи соли 1948 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта, соли 1966 мактаби миёнаро (он гоҳ аксарияти мактабҳои шаҳр тоҷикӣ буд) бо медали тилло хатм мекунад ва худи ҳамон сол ба шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад. Баробари кушода шудани Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ ин шуъба шомили ҳамин институт мегардад. Саломат Раҷабова, ки дар донишкада танҳо вай стипендияи Ленинӣ мегирифт, мактаби олиро соли 1970 бо дипломи имтиёзнок хатм мекунад ва чор сол дар кафедраи фалсафаи ҳамин донишкада ба донишҷӯён дарс медиҳад. Дар ин солҳо дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шуда, курси назариявии аспирантураро ба итмом расонд ва соли 1974 ба зодгоҳаш баргашт ва чун омӯзгори кафедраи фалсафаи бахши бухороии Донишкадаи политехникаи Тошканд фаъолияти меҳнатиашро идома дод. Дере нагузашта дар пойгоҳи бахши бухороии донишкадаи номбурда Донишкадаи давлатии технологияи хӯрокворӣ ва саноати сабуки Бухоро таъсис ёфт. Ӯ дар ин ҷо чун омӯзгори бахши сиёсатшиносӣ ва сотсиология кор кард ва соли 1997 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи ба номи И. Мӯъминови АИ Ӯзбекистон рисолаи илмии худро дифоъ карда, соҳиби унвони илмӣ гардид. Солҳои 1999-2002 Саломат (падараш табиби ҳарбӣ буд) дар Институти тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун мудири кафедраи «Таърихи Ӯзбекистон, назария ва амалиёти сохтмони ҷамъияти демократӣ дар Ӯзбекистон» кор карда, ба нафақа баромад.
Ҳадяи Бухороӣ аз солҳои мактабхонӣ машқи шеър ва ҳикоянависӣ менамуд. Аввалин ҳикояи вай соли 1964 дар маҷаллаи «Машъал» (Душанбе) нашр шуда, дар «Китоби хониш»-и синфи ду ҷо гирифтааст. Соли 1997 дар фаслномаи «Гули Мурод» (таҳиягараш Пайванди Гулмуродзода) ду шеъри Ҳадя рӯйи чопро дид. Аз маҷмӯаи адибони тоҷики Ӯзбекистон «Гулистони адаб» (мураттибаш профессор А. Қамарзода, соли 2007) низ шеърҳои Ҳадя ҷой гирифтааст.
Инчунин шеърҳояш вориди маҷмӯаҳои дастҷамъии «Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро» (Париж: «Ховарон»), маҷаллаи фарҳангии Теҳрон («Бухоро», 2017) №115, китобҳои дастҷамъии «Суханварони Зарафшон» (Душанбе, «Ирфон», 2019), «Чилдухтарон» (Душанбе, Эр-граф-2020), «Акси садои нигоҳ» (Душанбе-2021) шудааст.
Китобҳои алоҳидаи Ҳадяи Бухороӣ ба номҳои «Ба хокат по ниҳам бо номи яздон» (2002), «Парвоз» (2006), «Кишвари дил» (2008), «Набзи зиндагӣ» (2010), «Ишқи ҳастиҳо», (2011), «Ситораи умед» (2014), «Меъроҷ» (2017), «Боргоҳи нур» (2019), «Ҳазору як панд» (2019) ва «Маҷмӯаи ашъор» (Бухоро 2022) интишор ёфтаанд.
Соли 2024 дар ҳаёти Ҳадяи Бухороӣ воқеаи таърихӣ рух дод. «Девон»-и ӯро нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз чоп баровард. Муаллифи пешгуфтори китоб раиси бахши панҷакентии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Исмоил Зарифӣ дар нигоштааш «Шеъри Ҳадя шеъри дил аст» чунин овардааст: «Ногуфта намонад, ки Ҳадяи Бухороӣ дар муҳите умр ба сар мебарад, ки имрӯз дар он забони тоҷикӣ забони хонагист... Дар шаҳре, ки ба оламиён аз Рӯдакӣ то Айнӣ ҳазорон бузургонро эҳдо кардааст, Ҳадя баъд аз шодравон Асад Гулзода охирин нафарест, ки бо забони тоҷикӣ шеър мегӯяд».
Ҳадя дар муқаддимаи «Девон» овардааст:
Зи килкам баҳрае ҳаргиз надидам,
Гуле аз боғи осоиш начидам.
Зи беобӣ гули боғам хазон шуд,
Ғизолосо аз ин олам рамидам.
«Девон»-и Ҳадяи Бухороӣ аз 718 шеър иборат буда, 250 ғазал, 251 маснавӣ ва се чаҳорпора, таҳти унвони «Саҳбои хирад» 713 дубайтӣ, рубоӣ ва қитъаҳои ҷолиби диққатро дар бар гирифтааст. Шеърҳои ӯ, ки ҳам барои калонсолон, ҳам барои кӯдакон дахл доранд, дар қолабҳои анъанавӣ эҷод шудаанд. Онҳо аз ҷиҳати мавзӯю мундариҷа гуногун буда, моҳияташонро ишқу ошиқӣ, ватандӯстӣ, меҳру оқибат, садоқат ва вафо, инсондӯстӣ, илмдӯстӣ, омӯхтани панду ҳикмат, мадҳи фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ, мазаммати хислатҳои бад, ҷоҳпарастӣ, зоҳирпарастӣ, бадахлоқӣ, сарзаниши иллатҳои иҷтимоӣ, нобаробарӣ, худбинӣ ташкил мекунанд. Нахустин ғазали Ҳадя ба зодгоҳи азиз – мояи ифтихораш бахшида шудааст:
Баҳори пурсафо ҳастӣ, Бухоро!
Назаргоҳи Худо ҳастӣ, Бухоро!
Ту дар рӯйи ҷаҳон ҳамто надорӣ,
Базебу дилрабо ҳастӣ, Бухоро!
Диёри меҳру ишқу орзуӣ,
Ба дарди дил даво ҳастӣ, Бухоро!
Асоси зиндагӣ – ишқро вай чунин тавсиф кардааст:
Ҷоми дил пур кун зи ишқи зиндагӣ,
То ки монӣ ту ба олам ҷовидон.
Нашъаи олам бувад ишқи асил,
Маънии одам бувад ҷовид аз он...
Зиндагию ишқ бо ҳам тавъаманд,
Хештанро то ба умқи он расон.
(«Ишқи зиндагӣ»).
Ҷаҳон ҷуз ишқ меҳробе надорад,
Барои ишқ поёбе надорад.
Дар ин шоми ғарибона ба олам.
Зиёи ишқ маҳтобе надорад...
(«Олами ишқ»).
Қадру қимати инсонро на зоҳир, балки ботини ӯ муайян месозад:
Машав ғофил дар олам, бош бедор,
Назар ҳар дам маяфкан сӯйи анбор.
Барои дида кардӣ қаср бунёд,
Чӣ кардӣ баҳри руҳат? Хуб ёд ор!
(«Худофарӣ»).
Ватандӯстӣ фазилати олии ҳар як фард аст:
Ватан рӯҳу тану кошонаи мо,
Бувад бори ғамаш дар шонаи мо.
Ватанро дар ҳама олам наёбӣ,
Ватан ширинии афсонаи мо...
(«Файзи истиқлол»).
Дар «Девон» васфи Бухорои бостонӣ ва ёдгориҳои таърихии он мақоми махсус дорад, зеро шаҳри шариф сарчашмаи эҷод ва илҳоми шоира будааст:
Эй Бухоро, масдари аҷдоди ман,
Хуни ман олуда дар домони ту.
Ҷуз ту дар дунё нагардад арҷманд,
Ҳеч ҷоро нашмарад ҳамсони ту.
Дар ғурурам, лаҳҷаам, афкори ман,
Руҳи аҷдодӣ диҳад акси садо.
Эй Ватан, эй рӯҳи поки модарам,
Оварӣ бар ман ту дар олам сафо.
Ҳастӣ ту аз хоки аҷдодам нишон,
Сарбаландам дар бари ту зодаам
Дар ҷаҳони маърифат дорам ҳузур,
Бо ҳама дилсофиям озодаам...
Меравам ҳар ҷо чу номат мебарам,
Ҳамчу хокат менамояндам тавоф.
Эй Ватан, бар номи покат ҷони ман,
Ҳамчу ашки ман бувад оби ту соф.
Вориси ҳар гарди домони туам,
Мардуми чашмони фаттони туам.
Худшиносӣ кори ҳар бечора нест,
Посбони лафзи Сомони туам.
Шоираро бо нашри «Девон»-аш табрик гуфта, барояш комёбиҳои беш аз пеш таманно дорем.
Амрулло Авезов,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.