Паёми пурмуҳтавое, ки дар роҳи расидан ба мақсадҳои неку наҷиб неруи тоза мебахшад

Паёми навбатии сарвари мамлакатамон мисли паёмҳои пешинааш пурмуҳтаво буд. Он ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагии моро, аз ҷумла, соҳаи таълими халқро фаро гирифт. Ба мушоҳида мерасад, ки роҳбари давлатамон на танҳо дар паёмҳои худ, балки дар дигар мавридҳо низ ба сифати таълим ва мактабу маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Аз ҷониби ӯ доир ба баланд бардоштани сифати таълим, навсозии сохтори он ва дастгирии педагогҳо як қатор фармону қарорҳои созанда ба тасвиб расидаанд, ки дастураламали ҷамоаҳои омӯзгорианд. Дар байни асноди доиргардида Қонун «Дар бораи таълим», рушди таълими томактабӣ ва мактабӣ, вусъат бахшидани фарогирӣ бо таълими олӣ ва ҷорӣ намудани стипендияи ба номи Абдулло Авлонӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. Боиси хурсандист, ки ба хотири баланд бардоштани сифати таълим сол то сол маоши омӯзгорон зиёд мегардад, ба аз худ намудани таҷрибаи созандаи мутахассисони хориҷӣ эътибор дода мешавад. Дар паёмҳои пешина дар бахши мактабу маориф бисёр нақшаҳо ва корҳои созандагӣ ба миён гузошта шуда буданд, ки дар ҳар қадам ба татбиқи онҳо рӯ ба рӯ меоем.

Роҳбари давлатамон соли равонро «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон кард, ки ба тарбияю таълими насли ҷавон ва мактабу маориф иртиботи ногусастанӣ дорад. Зеро қисми зиёди аҳолии маҳаллаҳоро шогирдони мактабҳо ташкил медиҳанд. Масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон ҳар қадар зиёд гардад, насли ҷавон асосҳои фанро хуб аз худ намояд, маҳалла рушд мекунад ва ҷамъият пеш меравад.

Вақте сарвари давлатамон гуфт: «Варзишгарони мо дар Бозиҳои параосиёии имсолаи ҷавонон иштирок намуда, бо 125 медали тиллоӣ, 77 нуқра ва 52 биринҷӣ дар байни давлатҳои иштирокдор натиҷаи аз ҳама баландтарро қайд карданд... Бидуни шубҳа, духтару писарони соҳибистеъдоди мо бо комёбиҳои азимашон дар соҳаи таълим, илму фан, маданият, санъат, варзиш ва ҳоказо ба пешрафти Ӯзбекистони Нав саҳми муносиб мегузоранд. Донишомӯзон ва донишҷӯёни мо соли равон дар олимпиадаҳои фаннӣ 51 медали тилло, 101 нуқра, 126 биринҷиро ба даст оварда, дониш ва салоҳияти худро ба ҷаҳониён намоиш доданд. Ман ба чунин фарзандон, ки ифтихори халқу кишвар мебошанд, ба падару модар ва устодону мураббиёни онҳо бори дигар аз таҳти дил таҳсину офарин мегӯям», вуҷуди маро ҳисси ифтихор фаро гирифт. Зеро ин дастовардҳо натиҷаи меҳнати омӯзгорон ва мураббиёни фидоии кишвари мо буданд.

Маро дар паём як тағйироти тоза муттаваҷҷеҳ сохт, ки ба соҳиби касб гардидани ҷавононамон мусоидат менамояд. Аз ҷумла, роҳбари давлатамон таъкид намуд: «Акнун бозори меҳнати кишвари мо бояд бар асоси меъмории комилан нав – ҳамчун механизми ягонае, ки касб, тахассус, технология ва маорифро муттаҳид месозад, фаъолият намояд...

Аз соли 2026 ҳамасола на камтар аз 100 техникум пурра таъмир ва мутобиқи касбҳои технологӣ муҷаҳҳаз гардонда мешаванд. Шумораи техникумҳое, ки дар онҳо барномаҳои пешрафтаи таълими Олмон, Швейтсария, Бритониёи Кабир, Чин, Ҷумҳурии Корея ва дигар кишварҳо ҷорӣ шудаанд, ба 100 адад расонда мешаванд.

Соли 2026 дар 7 минтақа ва соли 2027 дар дигар минтақаҳо Техникуми  маҳорати касбии пешрафта ва «Шаҳраки касбҳо» ба фаъолият оғоз мекунад».

Бале, аҷдоди мо ба соҳиби касбҳои зарурӣ гардидани насли ҷавон аз азал таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Дар замоне, ки кор бо технологияҳои пешқадам пеш меравад, таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон ба кор меоянд. Мо бояд, на ба тарзи нусхабардорӣ, балки бошуурона, бо назардошти талаботи дохилӣ ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қаробат ҷӯем ва ба амал онҳоро татбиқ намоем.

Таҷриба нишон медиҳад, ки рақамикунонии хидмат дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт натиҷаи матлуб мебахшад. Фикр мекунам, ки маърифати рақамикунонӣ аз мактаб оғоз меёбад. Пас, саҳми мактабҳо дар ин росто бояд назаррас бошад...

Ин суханони роҳбари давлатамон, ки дар охири паём изҳор дошт: «Агар мо якҷо, ҳамчун як халқ амал кунем, ҳатман ба ҳадафҳои бузурги худ мерасем. Ман ба халқи шуҷоъ ва олиҷаноби худ бовар дорам! Ман ба неру ва имкониятҳои бепоёни Ӯзбекистон, ба ирода ва нерӯи ҷавононамон эътимод дорам!» ба халқамон дар роҳи расидан ба мақсадҳои неку наҷиб неруи тоза мебахшад.

Зулайхо Бурҳонова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: