Дар Сурхондарё «майдони сабз» барпо мешавад

Дар доираи иҷрои вазифаҳое, ки перомуни Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис ва халқи кишвар амалӣ мегарданд, дар вилояти Сурхондарё барои таъмин ва беҳсозии муҳити экологӣ, пешгирӣ намудани чангу ғубор баҳри бунёди «Майдони сабз» 10 ҳазор гектар майдон ҷудо гардида, дар ин самт корҳои пурсамар бо суръат давом дорад.

Вилояти Сурхондарё бо иқлими мусоиду замини ҳосилхез, фаровонии захираи обу халқи меҳнатпарвараш фарқ карда меистад. Аз ин сабаб ба кадом гӯшаи воҳа қадам гузоред, албатта, боғу роғҳои дилкушо, саҳрову киштзорҳои пурсабз, мавзеъҳои обод ба чашмони бинанда нуру ба дилҳо завқ мебахшанд. Ҳар меҳмоне, ки аз ин диёри ҷаннатосо дидан мекунад, албатта, рӯҳаш болида, чеҳрааш шукуфон мешавад. Вале дар байни мардум «шамоли афғон» ном иборае ҳаст, ки бо шунидану дидани он табъи ҳам мардуми муқимӣ хира мешаваду ҳам меҳмоне, ки ин ҷо ташриф меоварад, дилозурда. Зеро вақти бархестани «шамоли афғон» аввал қисми ҷанубии вилоятро саросар чангу ғубор фаро мегираду пасон ҷониби шимол паҳн мешавад. Албатта, ин ҳодисаи табиӣ аст, вале бо табиат муросо намуда, ба он ғамхорӣ зоҳир карда, метавон пеши роҳи ин чангу ғуборро гирифт ё худ каме бошад ҳам таъсиру зарари онро коҳиш дод.

Маълум, ки қариб ду сол инҷониб дар кишварамон амалисозии лоиҳаи умумимиллии «Майдони сабз» бо ҷадал идома дорад. Дар вилояти Сурхондарё низ дар ин бобат як қатор корҳои самарабахш ба сомон расонида шуд. Алалхусус, барои коҳиш додани таъсиру зарари чангу ғубори «шамоли афғон» лоиҳаи «камарбанди сабз» ва боз як қатор лоиҳаҳои назаррас амалӣ шуда истодааст.

Дар асоси Муроҷиатномаи Президент ва супориши ҳокими вилоят дар доираи лоиҳаи мазкур 10 ҳазор гектар майдон ба ҳудуди сабз табдил дода мешавад. Дар ҳудуди ноҳияи Ангор аз тарафи 15 шаҳру навоҳии вилоят 89,41 гектар, аз ҷониби ташкилоту маҷмуаҳои ҳокимияти вилоят 101,8 гектар, инчунин ба шохобчаҳои гази метан 96,6 гектар, ҷамъ 287,81 гектар майдон ҷудо гардида, заминҳо ба ниҳолшинонӣ тайёр ва мавсими кӯчатшинонӣ низ оғоз гардидааст.

Барои пешгирӣ кардани чангу ғубор ва реге, ки дар натиҷаи «шамоли афғон» бармехезад, дар маҳаллаи Қорақири ноҳияи Ангор 104 гектар ва дар мавзеи Каттақуми ноҳияи Тирмиз 1100 гектар замин «Майдони сабзпӯш» барпо карда мешавад. Дар ҳудуди маҳаллаи «Паттакесар»-и ноҳияи Тирмиз бошад, 5,84 гектар ва ҳудуди маҳаллаи «Янгиобод»-и ноҳияи мазкур 47,1 гектар майдон ҷудо гардида, барои барпо кардани «камари сабз» қарор қабул карда шудааст. Инчунин, дар ҳудуди маҳаллаи «Халқобод»-и ноҳия дар қад-қади шоҳроҳи М-39 дар 8 гектар майдон «Макони сабз» бунёд мегардад. Ба қарибӣ дар ин ҳудуд  бо иштироки қувваҳои кории ташкилоту корхонаҳо, аҳолии ҳаваскор, ҳафтгонаи маҳаллаҳо ҳашари умумихалқӣ гузаронида шуда, 4000 ниҳоли манзаравӣ шинонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки харитаи лоиҳаи мазкур барои бунёди 10 ҳазор гектар «Майдони сабз» пурра тарҳрезӣ ва тасдиқ гардидааст ва шинонидани кадом навъҳои ниҳолҳо низ интихоб шудааст.

Бунёди ҳудудҳои сабз аз як тараф барои пешгирӣ ё худ коҳиш додани таъсиру зарари чангу ғубор бошад, аз дигар тараф обод сохтани қад-қади шоҳроҳи Тирмиз – Ангор – Шеробод мебошад. Барои амалӣ сохтани ин лоиҳаҳо техникаи хоҷагии қишлоқ, қувваҳои корӣ ҷалб карда шудаанд. Корҳои ободонӣ дар ин самт ба мутасаддиҳои соҳа пурра вобаста гардида, сарҳисоби корҳои амалишаванда таҳти назорати ҳокимияти вилоят қарор дорад.
Олим ПАНҶИЗОДА,  хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: