Орзуҳои кӯҳна ҷомаи амал мепӯшанд

Ниёгони бузурги мо Ал-Хоразмию Ал-Тирмизӣ, Абӯрайҳон Беруниву Абӯалӣ Сино, Ал-Бухориву Баҳоваддини Нақшбанд, Умари Хайёму Мирзо Улуғбек, Мавлоно Ҷомию Алишери Навоӣ ва садҳо нафари дигар донандагони хуби забонҳо будаанд ва аз тариқи забондонӣ аз улуми халқҳои ҷаҳон огоҳӣ доштаанд.

 Аз ин рӯ, ба ду-се забон осори баландпояи илмӣ ва адабӣ мерос гузоштаанд. Маҳз онҳо Эҳёи якум ва дуюми тамаддуни Шарқро ба вуҷуд овардаанд, ки то ба имрӯз аҳли ҷаҳонро ба ҳайрат оварда, дар ҳаёти рӯзмарра мавриди истифода қарор гирифтанд.

Пайравони ҳаракати ҷадидия низ донистани забонҳои хориҷиро барои тараққии саноат ва тиҷорат зарур ва муҳим медонистанд. Мақолаи «Лузуми донистан» дар нахустрӯзномаи аморати Бухоро «Бухорои шариф» (№ 28, аз 12 апрели соли 1912), ки бо имзои мустаори «Мим» «Ре» чоп шудааст, боиси таваҷҷуҳ мебошад. «... донистани забони хориҷӣ барои тараққии саноат ва тиҷорат бар мо фарз аст.»
Ӯ пешниҳод мекунад, ки дар мадрасаҳо таълими забонҳои хориҷӣ ҷорӣ карда шавад. Ин ҳақиқатро имрӯз замона тасдиқ мекунад.
Оре, таклифу пешниҳодоти маорифпарварони ислоҳотхоҳи Бухорои охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ ҷомаи амал напӯшид. Аммо имрӯз он ҳама орзую омол дар кишвари мо васеъ татбиқ мегардад.
Ислоҳоти созандаи соҳаи таълим дар Ӯзбекистон ҳама гуна имконот ва шароитро барои омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ муҳайё намудааст. Ин раванд аз муассисаҳои томактабӣ ибтидо гирифта, то муассисаҳои таълими олӣ давом дорад.
Чунончи, дар 25 муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии вилояти Навоӣ оид ба омӯзонидани забони фаронсавӣ лоиҳаи нави инноватсионӣ оғоз мешавад. Акнун муҳассилин имкон пайдо мекунанд, ки забони хориҷиро тавассути платформаи рақамии «Kokoro Lingua» омӯзанд.
Ин ташаббус дар пояи созишномаҳои байналмилалие амалӣ мешавад, ки дар доираи Ҳамоиши 19-уми Созмони байналмилалии Франкофония ба имзо расидаанд. Лоиҳа ба ҷорӣ намудани модели муосири омӯзонидани забонҳои хориҷӣ аз синни барвақт дар низоми таҳсилоти томактабӣ равона шудааст.
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бухоро машварати минтақавии омӯзишӣ баргузор гардид, ки ба таҳкими малакаи кор бо ин платформа нигаронида шудааст. Дар он ҳамоҳангсози лоиҳа Натали Лесселен, инчунин ҷонишинҳои директорон ва тарбиятгарони масъули  муассисаҳои таълиму тарбияи интихобшуда аз вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ иштирок намуданд.
Интизор меравад, ки лоиҳаи мазкур дар таҳсилоти томактабӣ аз ҷиҳати сифат ва мундариҷа ба тағйироти муҳим оғоз мебахшад.
Дар Ӯзбекистон ҳавасмандгардонии тарбиятгарон ва омӯзгорон хуб ба роҳ монда шудааст. Мутобиқи моддаи 48-уми Қарори Девони Вазирон аз 17 сентябри соли 2021 агар тарбиятгар ва омӯзгор дар мавриди аз аттестатсия гузаштан  86 ва аз он зиёд хол ҷамъ намояд, баробари маош 70 фоиз иловапулӣ мегирад. Дар вилояти Навоӣ ҳангоми моҳҳои сентябр-декабри соли гузашта аз аттестатсия гузаштан 247 нафар омӯзгор соҳиби чунин имтиёз шуданд.
Омӯзгори фанни забони англисии мактаби рақами 18-уми ноҳияи Учқудуқ Карамаддин Низомаддинов аз овони наврасӣ ин касбро интихоб кардааст. Ба андешаи ӯ, омӯзгор танҳо донишдиҳанда набуда, шахсест, ки нисбати зиндагии хонанда бетафовут нест, ӯро дарк ва дастгирӣ карда метавонад.
Ӯ ҳамагӣ чор сол собиқаи корӣ дорад. Дар ин муддати кӯтоҳ соҳиби тоифаи олии тахассусӣ гардид, ҷоизаи «Бунёди вазир»-ро ба даст овард ва ба гирифтани 70 фоиз иловапулӣ сазовор  дониста шуд. То имрӯз зиёда аз 70 шогирди ӯ сертификат гирифта, ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва хориҷӣ дохил шудаанд.
Алҳол омӯзгори учқудуқӣ беш аз 2000 доллар маош мегирад.
Самараи меҳнати чунин омӯзгорони заҳматкаш аст, ки алҳол сафи соҳиби сертификати донандаи забонҳои хориҷӣ мунтазам меафзояд. Чунончӣ, хонандагони синфи шашуми мактаби тахассусонидашудаи ноҳияи Навбаҳор Хондамир Ҳамидуллоев, Шоҳрух Шералиев ва  Улуғбек Асадуллоев сазовори сертификати дараҷаи В2 гардидаанд.

Оре, беҳуда забондонӣ – ҷаҳондонӣ нагуфтаанд.

Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: