Олим ва таърихшиноси маъруф

Сарзамини бостонии Косон бисёр ашхоси номӣ, фозилу уламо ва шоиронро парвардааст, ки аксари онҳоро маърифатпарварони пешқадами ҷаҳон эътироф кардаанду номашонро бо эҳтиром ба забон мебаранд.

 Барои тасбити ин гуфта номҳои фақеҳи машҳури асри XII Мавлоно Алоуддин Масъуд ибни Аҳмади Косонӣ, олими фиқҳ ва арбоби давлатии салтанати Қарохониён Абунаср ибни Сулаймони Косонӣ, давомдиҳанда ва  пешвои тариқати нақшбандия дар асрҳои XIV-XV Мавлоно Саййид Аҳмад ибни Саййид Ҷалолиддин Махдуми Аъзами Косонӣ, олим, шоир ва сайёҳи асри XV Маҳмуд ибни Валии Косонӣ, таърихшиноси асри XIX Муҳаммад Ҳакимхон Тӯра (муаллифи «Мунтахаб-ут-таворих»), шоирони номдори асри XIX Муҳаммадшариф Узлати Косонӣ, Муҳаммад Амини Косонӣ, Партави Косонӣ, Атоуллоҳи Косонӣ ва дигаронро ба забон овардан кофист. 
Яке аз чунин фарзандон, ки дар хориҷи кишвар низ маъруфу машҳур гардидааст, Саййид Мубашширхон ибни Саййид Сулаймонхоҷаи Косонӣ ба шумор меравад. Саййид Мубашширхон соли 1929 дар маҳаллаи Дарвозақишлоқи шаҳри Косонсой, дар оилаи шахси соҳибмаърифату мулкдори калон Саййид Сулаймонхоҷа таваллуд ёфтааст. Ӯ баробари сармоядор будан, дар соҳаи фиқҳ дониши хуб доштааст. Солҳои сиюми асри гузашта, ки дар саросари кишвари шӯроҳо сиёсати коллективонӣ ва таъқибкунии шахсони бомаърифату сармоядор оғоз ёфт, ба сари аҳли оилаи Сулаймонхоҷа низ соя андохт. Соли 1930 падари Мубашширхонро чун сарватманди мулкдор ва душмани халқ дастгир ва молу мулкашро мусодира намуда, аҳли оилаашро ба ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд бадарға мекунанд. Соли 1933 ба сари оила боз як мусибат меафтад, падараш дар ҳабсхона аз азобу шиканҷа вафот мекунад. Хешованди Саййид Мубашширхон Саидаҳмадхон ӯро бо модараш ба деҳаи Қаймоқчӣ (ҳоло вилояти Кӯлоби Тоҷикистон) мекӯчонад. Дар ин ҷо ҳам онҳо ба таъқиб дучор мешаванд. Ҳукуматдорон Саидаҳмадхон ва аъзои оилаашро аз деҳа меронанд. Баъди оворагарию саргардониҳои зиёд онҳо ба деҳаи Қурбоншаҳид (ҳоло ноҳияи Восеи Тоҷикистон) қарор мегиранд ва дар хоҷагии ҷамоавии он ҷо ба кор сар мекунанд. Дар он солҳои пуртаҳлука бино ба сахтию душворӣ ва ночорию оворагардиҳо модару тағояш аз дунё мегузаранд. Баъди ин мусибат Саййид Мубашширхони бесаробон ҳамроҳи хешовандон ба кишвари Афғонистон фирор мекунад. Зиндагии ӯ баъди ин азобу уқубат гоҳ дар Афғонистон, гоҳ дар Ҳиндустон мегузарад. Ҳангоми истиқомат дар шаҳри Қундузи Афғонистон ба устои хайёт (либосдӯз) шогирд мешавад ва ин касбро мукаммал аз худ мекунад, ки барои таъмини зиндагии минбаъда аҳамияти калон дошт. Сипас, пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамроҳи наздикон ба Арабистони Саудӣ кӯч мебандад ва дар шаҳри Тоифи ин кишвар Саййид Мубашширхон ба либосдӯзӣ шуғл меварзад. Ҳамон солҳо ба духтари ҳамватани муҳоҷираш Ҳоҷӣ Абдулатифи Марғилонӣ – Фотима хонадор мешавад. Онҳо соҳиби чор писару чор духтар мешаванд. Ҳарчанд аз хайётӣ зиндагии Саййид Мубашширхон хеле беҳтар буд, дар дили ӯ иштиёқу меҳри илмомӯзӣ, билхоса, омӯзиши таърихи кишвари худ ҷӯш мезанад. Бо ин мақсад ба мадрасаи шаҳри Тоиф дохил мегардад ва аз муаррихи номӣ Ибни Ямин ва дигар устодон таърих, забони арабӣ ва дигар илмҳоро меомӯзад. Вобаста ба омӯзиши таърих, алалхусус, таърихи Мовароуннаҳр дар дили Мубашширхон орзуву иштиёқи дидани Ватан бедор мегардад. Ӯ ҷиддан ба омӯзиши таърихи зодгоҳ ва умуман таърихи Осиёи Миёна шуғл меварзад. Бо ин мақсад ба кишварҳои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунад. Дар китобхонаҳои он мамлакатҳо бо асарҳои олимони гуногуни ҷаҳон, билхоса, муаррихони Ӯзбекистон шинос мегардад ва барои тадқиқоти илмии худ маълумот ҷамъ меоварад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳои пурмашаққат, ки беш аз 20 сол идома дошт, китоби сеҷилдаи «Таърихи Осиёи Миёна»-ро менависад ва ба табъ мерасонад. Ҷилди якуми китоб, ки «Таърихи Осиёи Миёна»(таърихи сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ) ном дошт, соли 1410 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 1989 милодӣ дар шаҳри Макка нашр шудааст. Он аз 351 саҳифа, 7 шуъба иборат буда, ҳар кадом чандин бобро дар бар мегирифт. Дар китоб тарзи зиндагӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, маданӣ ва таърихи давлатдории халқҳои муқими Осиёи Миёна аз давраҳои қадим то асрҳои  IX-X таҷассум ёфтааст. Ҷилди дуюми китоб аз 394 саҳифа, панҷ шуъба ва якчанд боб ташаккул ёфтааст. Дар он муаллиф мулоҳизаҳои худро асосан аз хусуси таърихи халқҳои Осиёи Миёна – аз давлатдории Қарохониён то бар сари қудрат омадани Темуриён иброз доштааст. Тамоми ҷараёнҳои таърихи гузаштаро ба хубу бад ҷудо накардану новобаста аз сиёсату мафкура, холисона ва беғаразона иншо намудани асар аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи китоб ба шумор меравад. Дар ҷилди сеюми «Таърихи Осиёи Миёна» воқеаву ҳодисаҳои аз асри XV то давраи шӯравиён ифода гардидааст. Муаллиф воқеаву ҳодисаҳои пурдаҳшати солҳои табъиду таъқиби шахсони пешқадамро низ холисона ва ҳаққонӣ ба қалам додааст. Муаллиф саъю кӯшиши зиёде кардааст, ки афкори хешро аз нуқтаи назари илмӣ муътамад ифода кунад, таърихи воқеаҳо, сулолаву салтанатҳо равшану дақиқ ифода ёбанд.
Саййид Мубашширхони Косонӣ, тавре зикр шуд, шахси шоиртабиат ва дӯстдори шеърият ҳам буд, нафосату таровати шеърро ба хубӣ идрок мекард. Рисолаҳои ӯ дар соҳаи адабиётшиносӣ «Адабиёт ва тамаддуни даврони Ғазнавиён», «Шоир Қорӣ Раҳматуллоҳ», «Партави Косонӣ», «Мир Атоуллоҳи Косонӣ», «Таърихи муҳоҷирони Косонӣ» ва мақолаҳои илмиаш оид ба таърихи санъати даврони Темуриён алҳол дар дасти писараш Муҳаммадхони Косонӣ маҳфузанд.
Баъди ба истиқлол расидани диёри офтобрӯяамон бисёр ҳамватанони сокини кишварҳои хориҷӣ имконияти боздид аз Ватани азизро ба даст оварданд. Онҳо ба Ватан баргашта, ба дидори хешовандону наздикони худ муяссар шуданд, орзуву ормони чандинсолаашон амалӣ гардид. Аз ҷумла Саййид Мубашширхон бо аҳли оилаи худ ба Ватан, ба зодгоҳаш Косони бостонӣ омад. Бо қарибони худ мулоқот кард.
Саййид Мубашширхон солҳои охири ҳаёташро дар шаҳри Тошканд мегузаронад. Ӯ соли 1996 ба дорулбақо реҳлат мекунад,  дар қабристони «Шайх Зайниддин»-и Тошканд дафн шудааст. Саййид Мубашширхон солҳои охири умр дар болои ҷилди чоруми «Таърихи Осиёи Миёна» кор мекард. Вале, мутаассифона, онро ба охир нарасонда дунёи рӯшанро тарк намуд.  
Умед аст, ки асарҳои то ба мо нарасидаи ин донишманд тавассути фарзандон дар Ватанаш  чоп мешаванд. Алъон хуб мебуд асари сеҷилдааш «Таърихи Осиёи Миёна» ҳарчи зудтар ба чоп расада, дастраси дӯстдорони таърихи Ватанмон гардад.

Абдулвоҳид Нуриддинов, дотсенти Донишгоҳи давлатии Намангон. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: