Аввалин санҷиши клиникии ваксинаи нав бар зидди вируси “Nipah” дар Белгия оғоз мешавад. Препарати нав, ки олимони Донишгоҳи Токио таҳия кардаанд, акнун ба инсон санҷида мешавад. Дар ин бора рӯзномаи “Nikkei” хабар додааст.
Пештар, дар таҳқиқоти анҷомдода дар маймунҳо, маълум шуд, ки ваксина системаи пурраи муҳофизат бар зидди вирусро таъмин мекунад. Мутахассисон нақша доранд, ки соли оянда дар Бангладеш тадқиқоти клиникии иловагӣ бо иштироки калонсолон ва кӯдакон гузаронанд.
Медонем, ки вируси “Nipah” метавонад ба одамон аз ҳайвонот, аз ҷумла кӯршапалак ва хукҳо, интиқол ёбад. Вирус низоми нафасгириро осеб мерасонад ва дар ҳолати вазнин энцефалит – илтиҳоби бофтаи мағзи сар – ба вуҷуд меорад. Агар дар вақти лозимӣ ёрии тиббӣ расонида нашавад, беморӣ дар 75 фоизи ҳолатҳо бо марг анҷом меёбад. Аломатҳои аввали вирус пас аз 4–7 рӯз пас аз сироятшавӣ намоён мешаванд.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ, аввалин ҳолати паҳншавии вируси “Nipah” наздик ба шаҳри Калькуттаи Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд. То кунун панҷ нафар бо вирус сироят ёфтаанд ва тақрибан сад нафар карантинианд.
То ба имрӯз ягон дору ё ваксинаи тасдиқшуда бар зидди вируси “Nipah” вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, таҳияи ин ваксина ҳамчун дастоварди муҳими соҳаи тиб арзёбӣ мешавад.
Ф. Яхшибоева, ӮзА