Солҳои охир дар миқёси ҷаҳон бемориҳои нейродегенеративии вобаста ба пиршавӣ — деменсия, Алтсгеймер ва Паркинсон — ҳамчун «пандемияи ғайрисироятӣ» эътироф мешаванд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 55 миллион нафар аз коҳиши хотира ва фаъолияти зеҳнӣ ранҷ мекашанд. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 ин рақам ба 139 миллион нафар мерасад.
Ин бемориҳо на танҳо хотираи инсонро заиф мегардонанд, балки қобилияти худидоракунии ӯро ҳамчун шахсият тадриҷан аз байн мебаранд. Агар қаблан чунин ҳолатҳо танҳо нишонаи пирӣ дониста мешуданд, имрӯз тиб онҳоро ҳамчун нобудшавии патологӣи ҳуҷайраҳои майна арзёбӣ мекунад. Мутаассифона, айни ҳол ин бемориҳоро комилан табобат кардан ғайриимкон аст, аммо бо нигоҳубини дуруст дар марҳилаҳои аввал ва тавассути муоширати иҷтимоӣ мумкин аст ҷараёни бемориро то 30–40 фоиз суст намуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 29 январи соли ҷорӣ қабул гардид, барои чунин беморон ва хонаводаҳои онҳо аҳамияти хоса дорад.
Тибқи ин қарор, аз 1 марти соли 2026 барои шахсоне, ки бо ташхиси деменсия, Паркинсон ё Алтсгеймер ба қайд гирифта шудаанд, хизмати нигоҳубини рӯзона (дар асоси ҳузури рӯзона) роҳандозӣ мешавад.
Дар натиҷа, беморон аз ҷомеа ҷудо намешаванд. Фаъолияти иҷтимоӣ ва машғулиятҳои махсус дар марказҳои рӯзона ба нигоҳдории фаъолияти майна мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, яке аз наздикони бемор маҷбур намешавад барои нигоҳубини ӯ кори худро тарк намояд.
Инчунин, талаботе чун ҳар семоҳа бозбаҳодиҳии шароити зисти шахсони ба реестр дохилшуда ё таҳияи ҷадвали муоинаи солонаи тиббӣ бекор карда шуданд.
Ин ислоҳот ифодаи амалии принсипи «Барои қадри инсон» буда, гувоҳӣ медиҳад, ки низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон ба марҳилаи нави сифатан баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ворид мегардад.
Моҳигул Қосимова, ӮзА