Ғизои дуруст — калиди пӯсти солим ва зебо

Меваву сабзавот на танҳо барои саломатӣ, балки барои зебоии пӯст, мӯй ва нохун бисёр муҳиманд. Масалан, истеъмоли ҳаррӯзаи себ метавонад доғҳои сиёҳи зери чашмро кам кунад.

 Витаминҳо ва микроэлементҳо пӯстро равшан, мӯйро рахшон ва нохунро мустаҳкам месозанд, ҳамчунин раванди пиршавиро суст мекунанд.
Папайя бар зидди селлюлит, коҳу барои пӯсту чашм, қулфинай, ангур ва бодом барои равшании пӯст муфиданд. Афлесун дурахш мебахшад, олу, помидор ва гулкарам ожангҳоро ҳамвор мекунанд. Каду ва занбӯруғ ба сабзиши мӯй ва нохун кумак мерасонанд.
Маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, тухм, шир ва лӯбиёгӣ манбаи сафеда, витамини С, руҳ ва флавоноидҳо буда, пӯстро аз радикалҳои озод муҳофизат мекунанд. Флавоноидҳо асосан дар пӯсти мева ва сабзавот ҳастанд, бинобар ин беҳтар аст онҳоро пӯст накарда ва хом истеъмол намуд.
Витаминҳои муҳим:
А – намноккунӣ ва ҳифзи пӯст;
В ва биотин – барои мӯй ва нохун;
B3 – беҳтаркунандаи рангу ҳассосияти пӯст;
C – мустаҳкамкунандаи пӯст ва афзоиши коллаген.
Ғизои дуруст — зебоии табиӣ аз дарун аст

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: