«То тавонӣ, дӯстонро гум макун...»

  • «То тавонӣ, дӯстонро гум макун...»
  • «То тавонӣ, дӯстонро гум макун...»

Муроҷиатномаи пурмазмун ва пурмуҳтавои сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ буда, самтҳои рушди давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон шудани сол на танҳо иқдоми рамзӣ, балки боз барномаи амал ба фаровонҳолии ҳаёти мардум равона гардидааст.

Дар Муроҷиатнома гуфта мешавад, ки аз ибтидои соли нав дар маҳаллаҳо муаммоҳои вобаста ба оби ошомиданӣ, нерӯи барқ, тиббиёт, роҳ, кӯдакистон ва ғайра  ҳаллу фасл хоҳанд шуд.
Бобати ҳалли ин масъалаҳо ҳамчун таҷриба аз ҳар вилоят ду-се ноҳия интихоб карда шуданд. Аз ҷумла ин таҷриба дар Ургути вилояти Самарқанд оғоз ёфт. Дар ноҳия барои 100 ҳазор аҳолӣ экошаҳри замонавӣ бунёд мегардад, ба ин мақсад 544 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.
Суҳбати мо бо ҳокими он Дилмурод СайидҚулов оид ба ин масъала буд.
– Ноҳияи мо дар бағали кӯҳистони Зарафшон ҷойгир буда, 116 маҳалла дорад.
Танҳо соли гузашта 96 қабули сайёр ба вуқӯъ пайваст, ки дар он якҷо бо ман сардори садорати корҳои дохилӣ М. Қӯзиев, прокурор И. Мустанов, мудири қабулхонаи халқӣ А.Чориев  ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ 1918 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ расид. 1161 муроҷиат ба таври мусбат ҳалли худро ёфт. Ба 498 пурсиш маслиҳати  ҳуқуқӣ ва ба 15-то дигар ҷавобҳои рад дода шуданд. Вале бинобар бепарвоӣ ва беэътиноӣ  22 шикояту ариза  бе ҷавоб монданд. Барои ин  шахсони масъул ҷазои интизомӣ ва  маъмурӣ гирифтанд.
– Дилмурод Бостонович, мазмуну мундариҷаи ариза ва шикоятҳои мардум асосан аз чиҳо иборатанд?
– Таъминот бо сӯзишворӣ дар зимистон, норасоии обу барқ, гази табиӣ ва албатта,  таъмиру тармими хушсифати роҳу кӯчаҳо, дастгирии корчаллону тадбиркорон, кумаку ёрии беғаразона ба оилаҳои муҳтоҷу камбизоат ва ғайра муҳтавои асосии шикояту аризаҳо мебошанд.
Ба  мо — ҳокимони  ноҳияҳо иҷозат дода шуд, ки маблағҳои аз ҳисоби ихтисор намудани штатҳои бесамар ва такрори якдигар бадастомадаро барои ҳаллу фасли муаммоҳои ҷиддӣ истифода барем. Агар раисони ҳар як маҳалла, ёварони ҳоким ва корманди бонкӣ лоиҳа таҳия ва онро асоснок карда тавонанд, соҳиби маблағи зарурӣ мешаванд.
Боз як омили асосии рушди маҳалла, ин иштироки фаъоли сокинон аст. Ташкили шӯроҳои маҳаллӣ, баргузории вохӯриҳо, ҳашарҳои вобаста ба ободонкунӣ ва иқдоми ихтиёрӣ ҳисси масъулият ва  ҳамбастагиро тақвият  мебахшанд. Вақте шаҳрвандон дар қабули қарорҳо саҳм  мегиранд, эътимодашон меафзояд мушкилот аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл  мешаванд.
Бад-ин тартиб соли гузашта дар ноҳия 270 километр роҳ таъмиру тармим ва мумфарш гардида, 16,2  километр нили оби ошомиданӣ кашида шуданд, 21 трансформатори кӯҳна ба нав иваз ва дар 52 километр масофа симчӯбҳои бетонӣ бардошта шуданд, таъминот бо нерӯи барқ беҳтар гардид.
Инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорӣ биноҳои хушсохту замонавии ду мактаби нав, се кӯдакистон, даҳҳо мағоза, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ, гӯшт, мурғ ва ошхонаҳо сохта шуданд. Алҳол дар саросари кишвар озмуни «Беҳтарин маҳаллаи андозсупор» роҳандозӣ мешавад, ки барои афзоиши фаъолияти иқтисодии маҳаллӣ ва боз  ҳам беҳтар намудани симои маҳаллаҳо имконияти иловагӣ фароҳам  меоварад. Солҳои охир дар  низоми маҳалла тағйироти ҷиддӣ амалӣ  шуданд, ки ба роҳандозии доимӣ «кор бо аҳолӣ» хидмат хоҳад кард. 
– Ноҳияи Ургут бо шаҳри Панҷакент ҳамҷавор буда, гузаргоҳи Ҷартеппа– Саразм дар  ҳудуди шумо ҷойгир шудааст. Хуб мешуд оид ба риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ низ ҳарф мезадед.
– Президенти мамлакат дар Муроҷатнома таъкид намуданд, ки қатъи назар аз миллат, забон ва дин ғояи бузурге ҳаст, ки он тамоми мардуми моро  муттаҳид мекунад. Ин манфиати  Ватан, манфиати халқамон мебошад. Соли 2018 дар  таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои ӯзбеку тоҷик саҳифаи нав боз шуд, ки бо хати заррин сабт хоҳад ёфт. Аз ҷумла гузаргоҳи Ҷартеппа — Саразм кушода шуд. Ин рӯзҳои  некро шаҳрвандони ҳар ду кишвар солҳои тӯлонӣ  мунтазир буданд. Ҳамаи ин муносибатҳои неку созанда, бешак бо ибтикору дурандешӣ ва ҷасорату матонати президентҳои ду мамлакат роҳандозӣ шуданд. Алҳол ду халқи дӯсту бародар аз ин гузаргоҳ истифода мебаранд. Боиси хушнудист, ки барои муошират ва рафту омади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстон ва саёҳату тиҷорат, иштирок дар анҷуманҳои гуногун, тӯю маъракаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Шахсан худ чандин маротиба ба шаҳри зебову пурҷозибаи  Панҷакенти куҳан сафар карда, бо шаҳрдори он, марди дурандеш Абдухолиқ Холиқзода суҳбатҳои самимӣ доштам.
Яке аз ҷашнҳои бузургамон Наврӯзи оламафрӯз аст. Мо ин ҷашни бузургро   якҷо ва бо меҳр ҷашн мегирем. Зеро дар байни халқҳоямон расму оинҳо, маросимҳо, созу навоҳо муштараканд.

Мақсади асосии мо мустаҳкам намудани ин дӯстии азалӣ буду ҳаст.

Шоири тоҷик Мирзо Турсунзода хеле дуруст фармудааст:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун!    

Мусоҳиб   Зоҳир Ҳасанзода, мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: